08:30:52 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23
25 26 27 28 29 30 31

Мулоқот бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини

31 январ дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

muloqot-512595645455Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардид.

http://www.president.tj/node/16995

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi