СУОЛҲОИ НОФАҲМОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР МАВРИДИ РОҒУН
Бонки ҷаҳонӣ аз «ҷараён ва усули таҳқиқ»-и тарҳи нерӯгоҳи Роғун изҳори нигаронӣ мекунад. Зимни як баёния аз натиҷаҳои сафари Филипп Ле Уэру, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ба Душанбе, ин ниҳод аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостори «дар шакли қаноатбахш ҳал кардани ҳама суолҳои боз» дар ин маврид шудааст. Дар ин баёния «суолҳои боз» дар «ҷараёну усули таҳқиқ»-и нерӯгоҳи Роғун тафсилоте оварда намешавад.
Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе масъулияти шарҳи ин баёнияро ба далели ба дафтари марказии бонк рабт доштани oн аз дӯши худ соқит кард. Ҳамчунин ниҳодҳои масъули Тоҷикистон, қабл аз ҳама вазорати энержӣ ва саноат ва ҳам «Барқи тоҷик» дар ин маврид изҳори беиттилоотӣ карданд ва ба ин суол, ки оё Тоҷикистон чаро ва чӣ тавр ба таҳқиқи Бонки ҷаҳонӣ дар нерӯгоҳи Роғун халал мерасонад, касе нахост сӯҳбат кунад.
Дар ҳамин ҳол, Мираҳмади Амиршоҳ, масъули матбуотии нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, барои раҳбарони нерӯгоҳ рӯшан нест, ки асли матлаби Бонки ҷаҳонӣ чист. Вай афзуд, ҷониби Тоҷикистон худ мубтакири ташхиси фанниву зистмуҳитии нерӯгоҳ аст, на ягон ҷониби дигар: «Худи ҳукумати Тоҷикистон баромад аз Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш кард, ки биёянд, экспертиза кунанд, бо чашми худ бубинанд ва хулосаашонро ба ҷаҳону ҳамсояҳои мо расонанд. Аммо то ба ҳол наомадаанд. Фақат Душанбе меоянду мераванд».
Бонки ҷаҳонӣ ишора мекунад, ки сар аз соли 1996 ин ниҳоди бузурги байнулмилалӣ ба 85 тарҳ ҳудуди 700 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ва ин тарҳҳо барои мардуми Тоҷикистон дастрасӣ ба маълумоти босифат, ёрии тиббӣ, такмили ҳуқуқ ба замин, афзоиши ҷойҳои корӣ дар деҳот, рушди бахши хусусиро содда мекунанд. Бино ба иттилои ин манбаъ, тайи солҳои 2009 – 2011 кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон аз 75 ба 155 миллион доллар афзудааст.
Дар баёнияи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки тарҳи коҳиши хароҷот дар сохтори барқрасонӣ бо сармоягузории Бонк 30 июни соли равон анҷом меёбад ва масъалаи сармоягузории ду таҳқиқ ба хотири мутолиоти фанниву иқтисодӣ ва баҳогузории таъсири зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун ҳам сармоя ҷудо шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ба ин раванд кишварҳои ҳавза ҷалб хоҳанд шуд.
Бо ишора ба омор ва далелҳои Бонки ҷаҳонӣ иддае аз коршиносон мегӯянд, ин ниҳод бар аҳамияти фаъолиятҳои худ таъкид намуда, дар зимн Тоҷикистонро муттаҳам мекунад, ки тааҳҳудоташро бо ин ниҳод иҷро намекунад.
Нурулло Шулашов, собиқ директори сохтмони нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, соле пеш дар нишасте бахшида ба нерӯгоҳи Роғун дар Алмаато Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод карда буд, ки сарбанд 180 метр бошад. Вай афзуд, бо ҳамин гуна пешниҳоду изҳороти беасос ин ниҳод мӯҳлати иҷрои тааҳҳудаш сари ташхиси нерӯгоҳи Роғун бо Тоҷикистонро кашол медоду медиҳад:
«На фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон, вақте вазъи сиёсӣ масоили ҳалношуда дорад, сиёсатмадорон ба иттифоқи назар намерасанд, Бонки ҷаҳонӣ истифода мекунад. Онҳо дар ин корҳо хеле мутахассиси хубанд. Зарур ояд, то бист сол ҳам кори Роғунро кашол медиҳанд. Сиёсати онҳо чунин аст. Мо фурсатро аз даст додем. Ҳар қадар, ки маризӣ идома меёбад, табобат ё дахолати саривақтии ҷарроҳ нест, вазъи мариз бадтар мешавад».
Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон бо ишора ба сиёсӣ шудани қазияи Роғун мегӯяд, кишварҳои минтақа ва қудратҳо мехоҳанд аз ин нерӯгоҳ ба нафъи худ истифода кунанд: «Ҳар як аз инҳо барои имтиёз гирифтан аз Узбакистону Тоҷикистон гоҳ ба ин ва гоҳ ба он тараф изҳори назар мекунанд. Аз ҳамин хотир, роҳи ягона ин аст, ки Тоҷикистон дигар ба кишварҳо ё созмонҳои байнулмилалӣ такя накунад ва худ пайи сохтмон шавад».
Мухолифати Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистонро маҷбур карда буд, ки соли 2010 бо Бонки ҷаҳонӣ сари ташхиси байнулмилалии ин тарҳ мувофиқат кунад. Ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" мутолаоти молию фаннӣ ва ширкати шветсарии "Poyry Energy" санҷиши зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро зимни тендер ба дӯш гирифта буданд. Натиҷаҳои аввалӣ бояд охири соли 2011 ба анҷом расида, имсол комил мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълом доштанд, ки натиҷаи ташхиси нерӯгоҳи Роғун аввали соли 2013 эълом мешавад.
Аммо баёнияи охир эҳтимоли ҳамкориҳои Бонки ҷаҳониву Тоҷикистонро дар масъалаи Роғун дар солҳои наздик зери суол мебарад.
«Озодӣ»
-
08.09.2026 22:56
336
Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд
-
08.09.2026 22:53
349
Иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
-
06.09.2026 22:10
820
Хуршеди Истиқлол дар осмони Тоҷикистон: Ҷашни бузурги зафар муборак!
-
08.05.2026 19:24
665
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
645
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
642
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
488
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
344
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
294
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
598
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1213
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1139
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
06.09.2026 19:12
312
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
-
04.09.2026 00:55
302
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
364
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
03.09.2026 12:30
448
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
368
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
290
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
592
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
419
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
287
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
482
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
379
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
328
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
824
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2189
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2351
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
514
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2317
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1391
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
405
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
324
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
427
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
377
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
440
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
454
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































