Масҷиди Набавӣ: Аз ибтидо то имрӯз
Абдушариф Боқизода, барои "Рӯзгор"
Дар ибтидо
Масҷиди набавӣ - бинобар фармудаи Расули акрам (с) яке аз се масҷиди муқаддасе аст, ки бори сафар баста намешавад, магар ба сӯи онҳо. Он намозгоҳ, минбар, равзаи муборака ва имрӯз турбати поки Паёмбари акрам (с) ва ҳамин тавр сутунҳои таърихиеро дар худ ҷой додааст.
Ин масҷид аввалин хезишгоҳи ойини ислом, меҳвари ҳаводиси сарнавиштсози таърих, маркази ҳокимият ва саргаҳи тамаддуни боазамати Ислом аст. Бинобар ин, дар тӯли таърихи мавҷудияти худ мавриди эҳтимоми хосу ом қарор дошта, аз ҷанбаҳои гуногуне ба ҳифзи осори таърихӣ, қадосати маънавӣ ва сохту бофти меъмории он таваҷҷӯҳ шуда ва ин таҳаввулот ва тавсиаҳо бо имтидоди замон идома доранд.
Ҷойгоҳи масҷиди Расули Худо (с) пеш аз ҳиҷрати мусалмонон ҷои нигаҳдорӣ ва шабгузаронии гӯсфандон ва шутурони тавоифе аз аҳли Мадина буд ва ба ду ятимбачае бо номҳои Саҳл ва Суҳайл тааллуқ дошт. Паёмбар (с) он қитъаи заминро аз онҳо бо даҳ динор харид ва фармуд қабрҳои мушриконро аз он барканданд ва заминашро ҳамвор намуданд, он гоҳ масҷиди худро дар он бино кард.
Масҷид дар васати шаҳри Мадина ҷойгир шуда, моҳи рабеъулаввали соли якуми ҳиҷрӣ баробар ба соли 622 милодӣ сохта шудааст. Дар он замон тӯлу арзи он 70х60 зироъ, тақрибан 35х30 метр ва масоҳати умумиаш 4200 зирои мураббаъ=1050 м2 ва баландиаш 5 зироъ=2,5 метр будааст. (Зироъ воҳиди ченаки масоҳат аст, ки дар рӯзгори қадим дар чандин кишвар бо тафовутҳои ҷузъие ба кор мерафта ва он аслан ба зирои даст аз оринҷ то нӯги ангушти миёна баровард мешавад). Пойдевораш аз санг, деворҳояш аз хишти хом, сутунҳояш аз чӯби дарахти хурмо ва сақфаш бо шохаҳои он сохта шуда буд.
Масҷид дар замони Расули Худо (с) се дар дошта: даре дар охир дар ҷануби бино, даре дар шарқ, ки ба он дари Ҷабраил гуфта мешуд ва даре дар ғарб, ки ба он аввал дари Отика ва баъдҳо дари Раҳмат гуфта мешуд ва қиблааш ба сӯи Байтулмуқаддас буд. Пас аз ҳодисаи таҳвили қибла, ки ҳудудан пас аз шонздаҳ ва ё ҳабдаҳ моҳи мақдами Паёмбар (с) ба Мадина дар нимаҳои соли дуюми ҳиҷрӣ иттифоқ уфтод, даре, ки дар охири масҷид буд, дар ҷиҳати қибла воқеъ гардид ва баста шуд ва ба ҷои он дар тарафи шимол - самти қиблаи аввал дари дигаре кушода шуд.
Пас аз таҳвили қибла Паёмбари Акрам (с) барои нишаст, шабгузаронӣ ва нигоҳубини муҳоҷирон ва дигар мардуми бесарпаноҳ дар шимол-шарқии масҷид дар тарафи рости қиблаи аввал ба сӯи Байтулмуқаддас суффаи болопӯшидае бино кард.
Ҳуҷраи Оиша (р) дар паҳлӯи чапи қиблаи нав дар канори равзаи он Ҳазрат (с) аз шарқ ва пеш аз дари Ҷабраил воқеъ шуда ва хонаи Фотима (р) ҳам дар пушти он ба сӯи дари Ҷабраил ҷойгир буд.
Васеъсозии Масҷиди набавӣ дар замони Пайғамбар ва саҳобагон
Шумораи мусалмонон сол ба сол меафзуд ва дар таносуб бо ин сафи намозгузорон ҳам зиёд мешуд. Бинобар ин, Паёмбар (с) соли 7 ҳиҷрат мутобиқ ба соли 628 милодӣ пас аз бозгашт аз ғазваи Хайбар дар моҳи муҳаррам ба нахустин тавсиаи масҷид оғоз кард ва 40 зироъ=20 метр дар арз (бар) ва 30 зироъ=15 метр дар тӯли он афзуд. Масҷид пас аз ин тавсиа комилан мураббаъ шуд ва тӯлу арзи он 100х100 зироъ ва ё 50х50 метр ва масоҳати умумиаш 10 000 зироъ=2500 м2-ро ташкил медод. Дар ин тавсиа аз тарафи шимол ва ғарб ба он афзуда шуд ва тарафи қибла дар ҳамон марзи қаблии худ боқӣ монд. Марзи он пас аз тавсиа дар шимол ба бинои маҷидии имрӯз ва дар ғарб ба сутуни панҷуми минбар расид, ки дар равоқи сабзи он: "Марзи масҷиди Паёмбар (с)" навишта шудааст.
Масҷиди Паёмбар (с) дар замони Абӯбакр (р) ба ҳамон вазъи пешин боқӣ монд, вале дар аҳди Умар (р) тавсиаи дуюм дар он анҷом гирифт. Халифаи дуюм соли 17 ҳиҷрат баробар ба соли 638 милодӣ аз сӯи қибла то равоқе дар миёнаи намозгоҳи Паёмбар (р) ва намозгоҳ (мусалло)-и усмонӣ ба андозаи даҳ зироъ=5 метр, аз шимол 30 зироъ=15 метр ва аз ғарб ба андозаи ду сутун, ки бо 20 зироъ=10 метр баробар аст, бар он афзуд ва аз тарафи шарқ дар он тағйире ворид накард. Пас аз ин тӯли масҷид аз шимол ба ҷануб 140 зироъ=70 метр ва бари он 120 зироъ - тақрибан 60 метр тавсиа ёфт ва масоҳати умумиаш ба 16 800 зирои мураббаъ (4200 м2) расид. Боми онро ба андозаи 11 зироъ бардошт ва даре бо номи дари Салом (бобу-с-Салом) дар ибтидои девори он аз ҷануб ва дари дигаре бо номи дари Занон (бобу-н-Нисо) дар интиҳои он аз шарқ ва дари дигаре дар охири он аз тарафи шимол боз кард.
Халифаи дуюм ба риояи одоби духули масҷид ва ҳузур дар равзаи Паёбари акрам (с) сахт эҳтимом меварзид ва намегузошт касе дар он ҷо садояшро баланд кунад. Бинобар ин, дар беруни масҷид аз шарқ наздик ба ҳавлии Холид ибни Валид (р) саҳне барои сӯҳбат ва гуфтугӯи мардум омода кард, ки ба он Бутайҳо мегуфтанд.
Халифаи сеюм Усмон ибни Аффон (р) дар моҳи рабеъулаввали соли 29 ҳиҷрӣ баробар ба соли 649 милодӣ ба тавсиаи сеюми масҷиди набавӣ пардохт ва аз се тараф: тарафи қибла - ҷануб ва шимолу ғарб бар он афзуд. Дар ҷониби қибла равоқе бар он афзуд ва девори қиблаи масҷидро дар ҷое, ки имрӯз воқеъ шудааст, бардошт, ки пас аз он дигар тағйир ва тавсиае дар он ворид карда нашудааст. Аз тарафи ғарб низ равоқе бардошт, ки ба қавли роҷеҳ сутуни ҳаштум аз сӯи минбар аст ва аз тарафи шимол ҳам даҳ зироъ бар он афзуд. Яъне, аз се тараф ба миқдори 10 зироӣ=5 метрӣ бар он афзуд. Дарозии масҷид пас аз он ба 160 зироъ=80 метр ва бараш ба 130 зироъ=65 метр расид ва масоҳати умумиаш 20 800 зирои мураббаъ (5200 м2)-ро ташкил медод.
Гуфтанист, ки ҳарду халифа Умар (р) ва Усмон (р) масҷидро аз тарафи шарқ, ки ҳуҷраҳои ҳамсарони Паёмбар (с) дар он тараф воқеъ шуда буданд, тавсиа надоданд ва ҳуҷраҳо ҳанӯз ҳам - пас аз тавсиаи сеюми масҷид дар замони халифаи рошид Усмон (р) дар канори он мавҷуд буданд, вале ҳавлии чанд саҳоба харидорӣ ва аз тарафи ғарб ва шимол ба масҷид ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамчунин барои рӯшноӣ ва тоза шудани ҳавои дохили масҷид дар шарқу ғарби он равзанаҳое боз карда шуданд. Ин тавсиа моҳи муҳаррами соли 30 ҳиҷрӣ ба поён расид.
Идомаи тавсиаи масҷид
Масҷиди набавӣ то замони халифаи умавӣ Валид ибни Абдулмалик (88-91 ) бо ҳамон шакл ва абъоди тавсиаи Усмон (р) боқӣ монд. Валид моҳи рабеъулаввали соли 88 коргузори худ дар Мадина Умар ибни Абдулазиз (рҳ)-ро ба бозсозӣ ва тавсиаи масҷиди набавӣ супориш дод. Ин тавсиа то соли 91 идома ёфт. Умар ибни Абдулазиз (рҳ) аз тарафи ғарб ду сутун - ба андозаи 20 зироъ=10 метр, аз тарафи шарқ се сутун - ба андозаи сӣ зироъ=15 метр ва аз шимол низ 40 зироъ=20 метр бар он афзуд. Дар болои масҷид ду сақф - сақфи поёнӣ ва сақфи болоӣ бардошт, ки сақфи поёнӣ аз чӯби соҷ ва бо иртифои 25 зироъ=12,5 метр сохта шуда буд.
Умар ибни Абдулазиз (рҳ) тамоми ҳуҷраҳои ҳамсарони Паёмбар (с), ки дар шомили масҷид воқеъ гардида буданд ва ҳамин тавр ҳавлиҳои ҳамҷаворро харидорӣ ва ба он афзуд. Шоёни зикр аст, ки ҳамсарони он Ҳазрат (с) дар он вақт ҳама аз дунё гузашта ва ҳуҷраҳои эшон ба ворисон ва бастагонашон тааллуқ доштанд.
Дарозии масҷид ба 200 зироъ=100 метр ва бараш дар тарафи пеш ба 200 зироъ=100 метр ва дар тарафи охир ба 180 зироъ=90 метр расид ва масоҳати умумиаш 36 000 зирои мураббаъ (9 000 м2) тавсиа ёфт.
Дар ин тавсиа барои масҷид чаҳор миъзана ва меҳробе низ сохта шуд ва деворҳояш аз дохил бо мармар, тилло ва қитъҳаои гулкоришуда тазйин дода шуданд, сақф, болои сутунҳо ва остонаи дарҳо бо тилло ороиш дода шуданд ва дар ҷо-ҷои он 20 дар ва 14 равзана (тиреза) боз карда шуд.
Дар замони халифаи аббосӣ Маҳдӣ панҷумин тавсиаи масҷиди набавӣ сурат гирифт. Вай пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ соли 161 ҳ. (779 м.) ба Мадина ташриф овард ва ба тавсиаи масҷиди набавӣ амр кард ва Абдуллоҳ ибни Осим наводаи Умар ибни Абдулазиз (рҳ)-ро ба ин кор гуморд. Тавсиа ва бозсозии он пас аз чаҳор сол дар соли 165 ҳ. (782 м.) ба поён расид. Танҳо аз тарафи шимол 100 зироъ=50 метр ба масҷид афзуда шуд, ки дарозиаш 300 зироъ=150 метр ва масоҳати умумиаш 54 000 зирои мураббаъ (13 500 м2)-ро ташкил дод.
Хулафои аббосӣ ба ободии масҷид ба ғоят эҳтимом меварзиданд, то ҷое, ки дигар то сӯхтани он дар соли 654 ҳ. ба тавсиа ва бозсозии он ниёзе пеш наомад.
(давом дорад)
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013
-
05.09.2026 14:03
496
Ифтитоҳи ҷашни 35-солагии Истиқлол дар Бохтар
-
04.09.2026 00:51
517
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
751
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
08.05.2026 19:24
661
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
642
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
635
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
479
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
339
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
286
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
596
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1209
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1135
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
297
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
360
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
483
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
435
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
359
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
284
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
587
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
413
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
276
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
465
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
372
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
322
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
820
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2185
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2348
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
506
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2314
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1387
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
400
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
321
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
422
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
372
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
437
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
449
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































