21:45:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обу ҳавои панҷшанбе, 22-уми август

Пагоҳ, панҷшанбе, 22 август ҳарорати ҳаво дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон рӯ ба гармӣ меорад. Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки ҳарчанд ҳарорати шабона куллан бидуни тағйир мемонад, вале рӯзона дар аксари манотиқи мамлакат ҳаво гармтар аз рӯзи 21 август хоҳад буд.

22 август дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр асту бебориш, шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорат шабона 12+14°, рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст ва ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17°, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15°, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво камаб ва бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 35+37° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19°, рӯзона 32+37° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11°, рӯзона 22+27° гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбандаву бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 12+14°, рӯзона 29+31° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 16+18° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15°, рӯзона 27+32° гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5°, рӯзона 13+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст, ҳаво шабона 17+19°, рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад. 

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво камаб асту бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21°, рӯзона 33+38° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18°, рӯзона 27+32° гарм мешавад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi