02:04:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗОИРОВ БАҲСИ ҚОНУНИ ИНТИХОБОТРО ДАР ХОНААШ ГУЗАРОНД

Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон дар Душанбе созмон ёфт.

/images/stories/2012/09/22_bahsi-qonuni-intikhobot.jpgРаҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентӣ пешниҳоду иқдоми аҳзоб ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои ислоҳи ин қонун танзим мекунад.

Ӯ афзуд, ин қонун бояд ба дараҷае такмил ёбад, ки барои як интихоботи одилона, шаффоф ва беғараз замина пайдо шавад: "Мо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам нишон доданием, ки ба ҷаласаҳои мо оянд ва бинанд, ки мо дар бораи чӣ сӯҳбат мекунем, ғараз дорем ё беғаразем, чӣ гуна қонун мехоҳем, ояндаи манфиати ҷомеаро чӣ гуна мебинем. Се маротиба ҳаракат кардем, ки мизи гирд на дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ё сотсиал - демократ, балки дар як ҷои ҷамъиятӣ гузарад. Ҳадафи мо ҷалби бештари шаҳрвандони оддӣ, ҳуқуқшиносон, шахсиятҳои алоҳида буд, то аз мақсади мо огоҳ шаванд. Бо ин вуҷуд, се маротиба моро нагузоштанд, ки мизи мудаввар баргузор кунем."

Қарор буд, ин мизи гирд рӯзи 13-уми сентябр дар Маркази ҷумҳуриявии матбуоти таҳти назорати вазорати умури хориҷӣ баргузор шавад, аммо як ҳафта пас ҳам дар меҳмонхонаи "Каён"-у Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва ҳам Иттифоқи нависандагон баргузор нашуда, ахиран дар хонаи шахсии Раҳматулло Зоиров гузашт. Дар он намояндагони ҳизбҳои наҳзати исломӣ, демократ, сотсиал - демократ, сотсиалист (ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев) ва чанд созмони ҷамъиятии дигар ширкат карданд.

​​Раҳматулло Зоиров гуфт, намояндагони аҳзоби коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ, аграрӣ ва халқӣ-демократиро низ даъват карда буданд, аммо онҳо наомаданд. Дар сӯҳбат бо мо як узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфт, ин мавзӯъ кирои сӯҳбат намекунад.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист, гуфт, даъвати Раҳматулло Зоировро ҷиддӣ нагирифтанд, ба он хотир ки барномаи мизи гирдро аз қабл дар даст надоштанд ва тағйиру иловаҳо ба ин ё он қонунро ҳизбаш бо роҳи демократӣ - ширкати тамоми созмонҳои ибтидоӣ омода мекунад: "Ба ман телефон мекунанд, ки акаи Исмоил, мо ҷамъ мешавем, биёед. Ё ман шунидам, ки онҳо вохӯриро дар хонаи Раҳматулло Зоиров гузарониданианд. Охир, ин "дӯкони хусусӣ" нест! Ҳар як ҳизби сиёсӣ дар доираи Сарқонун ва қонунҳо амал кунад. Ана, ба ин хотир, ки чунин камбудиҳо вуҷуд доранд, барои ман ширкат кардан дар ин гуна вохӯриҳо, ба истилоҳ "ҷангали торик" аст, барои дигарон ҳам."

Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон соли 1994-ум қабул шуда, то ба ҳол тағйир нахӯрдааст. Бори аввал соли 2004-ум бо ширкати аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони парлумони кишвар таҳти сарпарастии САҲА (ОБСЕ) аввалин маротиба нусхаи тағйирхӯрдаи ин қонун омода шуд, аммо дар охирин лаҳза намояндагони ҲХДТ аз он даст кашиданд ва ин пешниҳодҳо дар нимароҳ монданд. Кӯшиши дуюм соли 2007-ум таҳти сарпарастии IFES – Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ ноком анҷомид.

Раҳматулло Зоиров мегӯяд, ин дафъа ҳадаф на фақат омода кардани тағйиру иловаҳо ба қонун, балки як фазосозӣ бо ширкати густардаи қабл аз ҳама ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари кишвар аст.

​​Бузургмеҳр Ёров, узви коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар" мегӯяд, азбаски ин кӯшишҳо қабл аз интихоботи президентии соли 2013-ум анҷом мешаванд, бархе инро баҳамоӣ ва ё омодагии аҳзоб ба хотири номзади мухолиф мефаҳманд: "Мақсад ин нест, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ номзадии кӣ гузошта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ё ягон каси дигар. Мақсад ин аст, ки мо фахр карда тавонем дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки интихоботи президенти Тоҷикистон шаффоф гузашт, ҳуқуқи озодиҳои тамоми шаҳрвандон ҳимоят карда шуд, ба ягон тақаллубкорӣ роҳ дода намешавад. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳам фахр кунанд, ки интихоботи Тоҷикистон шаффоф ва одилона буд."

Ба ҳамин минвол, Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон иборат аз 9 нафар созмон ёфт. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИ, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСД, Бузургмеҳр Ёров, узви коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар", Амният Абдулназаров, роҳбари ҷамъиятии "Демократия", Ҳайдулло Абдуллоев, муовини роҳбари ҲДТ, Шералӣ Кенҷаев, муовини Ҳизби сотсиалистии ҷиноҳи Назриев, Зариф Ғуломов, ҳуқуқшинос ва Ҳикматулло Сайфуллозода, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот"-и ҲНИТ ба ҳайати кумитаи мазкур шомил гардиданд. Яке дигар беҳизбӣ бояд сарвари ин Кумита интихоб шавад, ки дар ҷаласаи навбатӣ рӯзи 25-уми сентябр интихоб хоҳад шуд.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 24.09.2012 13:10
man yak savol doram baroi mardum va konun guzoron . va on in ast ki shumo dar kujoi dunyo didaed ki chand hizb ba nomzadii intixobot shirkat kunand vale dar ray shumori va ovoz shumori fagat namoyandagoni yak hizb boshad va digar namoyandagon hizbro naguzorad ki shirkat kunand va az vokeiyat bo xabar boshand? mutaasifona dar tjk inguna ast. fagat dar ovoz shumori hizbi jo shirkat mekunand va nameguzorand ki namoyandagoni digar hizbho shirkat kunand. in chi xeli intixobot ast? in chi xel ovoz dodan ast? va in dar kadom konun ast ki digaron shirkat nakunand? in chize juz xudkomagi va diktatoria nest. badush davo mekunand ki demmakratia dorem. oyo in demakratia ast?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi