20:48:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Руҳонӣ чаро ба Тоҷикистон наёмад?

Салом ба ҳамаи хонандагони иззатманди "Рӯзгор". Номаҳои ин ҳафта бештар дар атрофи суҳбати Асадуллоҳи Шарифзода, доктори илмҳои математика буданд, ки вазъи мактабу маорифро баррасӣ мекард. Мо дар барои мушкилоти мактабҳои кишвар ин ҳафта 13 нома дарёфт кардем ва аз он 3 номаро дар ин саҳифаи истифода бурдем.

rouhani 45454544 нома шикоятӣ буд, ки ба мақомоти марбута ирсол мекунем. Як нома муаллиф надошт, вале вазъи мушкили мактаб дар ноҳияи Айниро баррасӣ мекард. Ин номаро ҳоло нигоҳ медорем, то ки муаллифаш пайдо ва бо мо дар тамос шавад. Боқӣ номаҳо парешон, дар чанд мавзуъ. 11 суол ба гӯшаи "Пурсишеву посухе" ворид шуд, ки аз он ба чор савол ҷавоб додем ва онро дар саҳифаи 16 мехонед.

Ва номаҳои дигар:

Шарифзода иштибоҳ намекунад?

Ба назарам мушкилоти мактаби имрӯза даҳҳо маротиба бештар аз он аст, ки дар суҳбати "Рӯзгор" бо доктори илмҳои математика Асадуллоҳи Шарифзода хондем. Фарзанди ман дар синфи нуҳум таҳсил мекунад, вале аз ҳоло маро бими он гирифта, ки ӯро чӣ гуна бо ин сатҳи пасти маош барои дохил шудан ба донишгоҳ омода кунем. Мактаби имрӯза аз уҳдаи ин кор пурра намебарояд. Ва Шарифзода дуруст қайд мекунад, ки дар сметаи тасдиқшуда барои дарсҳои иловагиву омода кардани талаба ба дохилшавӣ пул ҷудо нашудааст.

Шарифзода ба назарам ба як иштибоҳ роҳ додааст. Мегӯяд мантиқан бояд директори мактаб масрафоти иловагиро дар смета дохил кунад. Кадом директори мактаби имрӯза ёрои онро дорад, ки худаш барои мактабаш сметаи иловагии хароҷот тартиб диҳад ва агар тартиб ҳам диҳад баъид аст касе дар вазорат ё ҳатто дар районову гороно онро бипазиранд. Аз ин рӯ гумон мекунам ин гуна смета бояд қаблан тарҳрезӣ ва барои ҳамаи мактабҳо маблағаш ҷудо шавад.

Насими Муҳаммадраҷаб, Ваҳдат

Пули таъмирро мо диҳем ё давлат?

Мактабҳои Тоҷикистон тору пудашон аз мушкилот ришта шудааст. Намедонам барои таъмири ҷорӣ давлат пул ҷудо мекунад ё на, вале аз ҳоло муаллимон ба пулҷамъкунӣ барои таъмири мактаб сар карданд. Ҳар талаба бояд то 50 сомонӣ барад. Ман чор фарзанд дорам ва бояд барои таъмири мактаб 200 сомонӣ супорам. Бо маоши 650 сомонӣ 200 сомонӣ пули таъмир ва боз 160 сомонии дигар мактабпулӣ. Мешавад қариб 400 сомонӣ. Раҳкирои фарзандон аз ин ҳисоб берун. Пас ман чӣ бояд кунам? Ягон касе ҳаст маслиҳат диҳад?

Насиба Саломова, Душанбе

Системаи тестӣ ҳам шояд роҳи наҷот набошад

Муҳтарам Шарифзода аз системаи тестӣ ситоиш карданду аммо аз ҳоло мебинем, ки ин система муҷиби аз байн бурдани фасод намешавад. Аз чӣ бошад, ки ҳамагӣ каме бештар аз 50 дар сади нақшаи қабул иҷро шудаасту халос. Инро чӣ хел фаҳмем?

Аслиддин Соҳиб

Руҳонӣ чаро ба Тоҷикистон наёмад?

Аз мутолиаи мақолаи "Эҳёи "бозиҳои бузург" ва муътақидсозӣ" овозаи сафари  президенти Эрон ба Тоҷикистон ёдам омад. Овоза буду аммо сафар баргузор нашуд. Сабаб чӣ буд? Магар ба боздошти Занҷониву ғасби моликияти он дар Тоҷикистон ва ё ду миллиард доллари ӯ, ки гӯё аз тариқи бонки миллии Тоҷикистон интиқол дода мешуд, вобаста аст?

Саломиддин, донишҷӯ

"Рӯзгор": Муҳтарам Саломиддин. Сафари роҳбарони кишварҳо қаблан тарҳрезӣ мешаванд. Он чӣ шумо мегӯед, дар ҳақиқат ин овоза буд, вале гуфта намешуд, ки расман ин сафар кай сурат хоҳад гирифт. Баҳси Бобаки Занҷонӣ набояд ба сиёсати давлатҳо дахл кунад. Ин як баҳси сирф додгоҳист ва гумон намекунем соя рӯи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон афканад. Ба ҳар ҳол мо мунтазирем ва умед аст ин сафар ба зудӣ баргузор мешавад.

Суботи Афғонистон барои мо муҳим аст

Ҳар қадар дар бораи пирӯзии Абдуллоҳи Абдулло дар интихоботи Афғонистон мегӯему орзу мекунем, ҳамон қадар дилмонда мешавем. Доктор Абдуллоҳ дар даври аввал пирӯз шуд ва дар дуввумин давр хеле мушкилот пеш меояд. Агар номзадҳои паштугаро забон як кунанд ва аз ҷонибдоронашон хоҳанд, ки ба тарафдории Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай райъ диҳанд, шонси пирӯзии доктор камтар мешавад. Вале аз Худованд умед мекунем, ки ӯ пирӯз ояд.

Дар ҳамин ҳол натиҷаи даври аввал нишон дод, ки мардуми Афғонистон ҳақи интихобро хуб дарк кардаанд ва аксаран ба ҷонибдории онҳое овоз додаанд, ки аз миёни дигарон матраҳтару обрӯмандтаранд. Ва ин бор ҳам ин мардум мисли даври аввал фаъол мешаванд ва касеро аз миёни ин ду мепазиранд, ки бовар доранд аз манфиатҳои кулли сокинон дифоъ мекунад. Барои мо суботи Афғонистон муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.

Марҳабо Салимова, омӯзгор

Майбалиев яке аз нобиғагони санъати тоҷик аст

Аз намоишномаҳои зиёди Хушназар Майбалиев "Фарёди ишқ" аз рӯи достони Амир Хусрави Деҳлавиро хуб дар хотир дорам. Ин як драмаи классикист, ки Ғанӣ Абдулло муносиб ба завқу табъи бинандаи замон таҳия карда буд. Ва ман пораҳои ҷолиберо аз ин намоишнома ҳоло ҳам дар хотир дорам, гарчанде шояд 20 сол пеш дида бошам ҳам. Хушназар Майбалиев дар ҳақиқат ҳунарманди нотакрор буд.

Сад ҳайф ки аз пайвандонаш касе роҳи ӯро идома надод. Ҳар кадомашон бо пайроҳаи худ рафтанд ва то ҷойе медонам яке журналист аст ду дигаре муҳандису сеюмӣ паси кору шуғли дигар. Ягон нафарашон саҳна наёмаданд, ки кору касби падарро идома диҳанд.

Чаро? Шояд аз он буд, ки заҳамоти тоқатшикани ӯро медиданд ва нахостанд мисли ӯ шабҳои бехобиву рӯзҳо пурмашаққатро пушти сар гузоранд. Ин албатта, тахмини ман аст. Шояд сабаб дигар буд, шояд худи Хушназар нахост фарзандонаш пайи ӯ раванд ва шояд вай ҳамаро озод монд, ки дунболи касбу шуғли дӯстдошта худ шавад. Намедонам, вале он чӣ медонам, Майбалиев бидуни шак шахсияти мондагор дар санъати театрии тоҷик аст.

Баротбой Боқиев, ҳунраманд, Хуҷанд

Ва аз навиштаи ҳунарманди шинохта Шералӣ Абулқайсоф дар саҳифаи Фейсбуки худ:

"Сипос аз "Рӯзгор"-минбари зебои ТЕАТР!

… Он солҳо театри пешқадами мамлакатро театри Любимов, Эфрос, Чихаидзе, Ефремов ва ғайра мегуфтанд. Бешак театри мо театри режиссураи Майбалиев ном гирифт ва то ба ҳамин рӯз ба ҳамин роҳу равиш гарми эҷодем. Театри Лоҳутӣ бо репертуари бойю рангини драматургияи ҷаҳонӣ ба қатори театрҳои пешқадами мамлакат ҷой дошт. Созандагӣ ва бунёдкорӣ маҳаки асосии театрҳои пешсаф буд.

Бюрои сиёсии мамлакат ба ҷустуҷӯ, бозёфт ва проблемагузорӣ, ба ғояи рушани театр диққати маҳз дода, аз он манфиати зиёде мебардоштанд.

Идея, илм ва касбияти устод хеле рангин ва устувор буд. Ба хотири он, ки дирӯзу имрӯзро дар кӯраи тафсони оянда ба ҳам оварда, агрегати нерумандеро ба ҷунбиш меорад, ки ояндаи ҳаётро рӯшан мегардонад. Барои ин идея зистан арзанда аст ва дар саҳна сӯхтан бедареғ! Зебо сохтани оянда вазифаи ҷонии эҷодкори асил аст.

Ба қавли устод, вазифаи ҳунарманди асил ҷомеаро ба ташвиш овардан аст. Умеду орзуи охиринашон бори дигар дар саҳнаи тоҷик зинда кардани А. П. Чехов "Боғи олуболу" буд. Тарҷумаро драматурги баркамол Тоҳир Мамадризоев ба субут расонданд, аммо….

Олам ба моҳи найсон хуррам шудааст,

Мо хотир аз тафаккур найсон кунем!

Рӯҳашон шоду хонаи охираташон обод...

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi