21:17:22 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нашъамандиро ирода табобат мекунад, на доруи духтур

Баъди салом ба арзи хонандагони иззатманд мерсонем, ки ин ҳафта мо ду баҳс доштем. Яке идомаи баҳси шумораи гузашта дар бораи зани дуввуму фоҳишаҳо ва дуюмӣ атрофи нашъаву нашъамандӣ.

apteka-000102Ангезаи баҳси дуюм саҳифаи муштараки Агентии назорати маводи нашъовар ва "Рӯзгор" буд, ки ҳафтаи сипаришуда чоп шуд. Ва аксари касоне, ки дар суҳбатҳо аз он пуштибонӣ карданд, нашъамандиро фоҷеаи мудҳиш хонданд ва бетарафиро дар ин кори хайр ноҷоиз донистанд. Ва нуктаи аз ҳама муҳим: аксари касоне, ки дар ин мавзуъ ҳамсуҳбат шуданд, доғе дар ҷигар доштанд, шоҳидони фоҷеа буданд ва истеъмоли мухаддирот ва фоҷеаи онро нашунидаву нахонда, балки бо чашмони худ дида буданд. Ин хеле нуктаи муҳим буд ва мо ҳам кӯшидем бахше аз ин номаҳо ва суҳбатҳоро ин ҷо орем.

Ва ниҳоят ду номаи дигарро аз баҳси фоҳишаҳо ҷо додем, чун дидем, ки мавзуъ бозтоби густарда ёфт. Ва муаллифон фоҳишагиро аз ду дидгоҳ ба баррасӣ гирифтаанд: яке мегӯяд, ки шароити тоқатфарсо на ба он маъност, ки зан ё духтар даст ба танфурӯшӣ диҳад. Ва ин гуруҳ далоили асоснок доранд, ки бидуни даст задан ба ин гуна амалҳо низ метавон роҳи зиндагиро пайдо кард. Фақат ин ки азоб бояд кашид ва он қариб, ки роҳат надорад. Дар ин сурат муҳимтарин чиз-номус ҳифз мешавад. Ва гуруҳи дигар нафрат ба мардоне мекунанд, ки аз сангинии рӯзгори занону духтарон истифода мебаранд ва онҳоро ба асбоби маишати худ табдил медиҳад.

Инак, номаҳо:

Нашъмандӣ хеле дарди мудҳиш аст

Саҳифаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Рӯзгор" мувофиқ ба талаби замон аст. Маводи мухаддир хасми ҷомеаи мост ва бо он бояд ҳама мубориза баранд. Он ки дар "Рӯзгор" мо саҳифаи муштаракро хондем, мехостем он ҳамешагӣ бошад. Зеро нашъамандӣ имрӯз як фоҷеаи мудҳиши башарӣ аст ва Тоҷикстони мо аз ин истисно нест. Мо ҳар сари қадам шахсонеро мебинем, ки аламе аз ин дарди мудҳиш дар дил доранд. Истеъмоли маводи мухаддир ва тиҷорати он садҳо хонадонро мотамкада ва ба ғам гирифтор кардааст. Генерал Назаров гуфтааст, ки теъдоди нашъамандон ҳарчанд дар қиёс ба як сол кам шудааст, вале шумораи гирифторон ба ВИЧ афзудааст, ки як қисми онҳо истеъмолкунандагони тазриқии мухаддирот мебошанд.

Ин албатта, як мусибат аст. Ҳар касе гирифтори ВИЧ шуд, вай хонадони худаш ва дӯстонашро олуда мекунад. Дуруст аст, ки мегӯянд ин инфексия бо таому хӯроку дигар воситаҳои зиндагонии муштарак сироят намекунад. Вале ҳамхобагии марди гирифтор бо занаш фоҷеи дигар аст. Агар зану мард дар хона ВИЧ бошанд, пас табиист, ки умри дароз нахоҳанд дошт. Фарзандонашон чӣ мешаванд? Ятиму дарбадар?

Мусохуҷа Назрӣ

Марги писар модарро ҳам ба гур бурд

Соле пеш ҳамсояи бистучорсолаамонро ба хок супурдем. Гуфтанд аз истеъмоли зиёди героин фавтид. Падару модараш хуб сӯхтанд. Модараш худ касалӣ буд, вале марги фарзанди ҷавонаш бемории ӯро вазнинтар кард ва баъди шаш моҳи фавти писар ӯ низ аз олам рафт. Насиҳати шавҳар ва хешу табору ҳамсоягон, ки мегуфтанд сӯхтан ба фарзанд умри ӯро ҳам кутоҳ мекунад, суд намекард. Охир чӣ бояд кард, ки модар модар аст ва сӯхтану сохтан расми модарист. Вай медонист, ки писарашро аз роҳ баргардонида натавонист ва бо касоне ҳамнишин шуд, ки роҳашон ҳамин буд, оқибати корашони ҳамин буд. Аммо месӯхту худро обу адо мекард.

Сарнавишти ин оила маро доим ба андеша мебарад. Магар каманд чунин хонаводаҳо? Кам нестанд. Мувофиқи навиштаи "Рӯзгор" танҳо ҳисоби расмӣ бештар аз 7 ҳазор будааст ва ҳисоби ғайрирасмӣ аз ин ҳам бештар. Ҳатто ҳамин 7 ҳазор ҳам барои ҷумҳурии хурдакаки мо зиёд аст. Ҳафт ҳазор нашъаманд ва ҳафт ҳазор хонадон мотамсаро, ҳафт ҳазор нафар дар дами марг, ҳафт ҳазор умр хазон. Дардовар нест? Дар миёни ин ҳафт ҳазор шояд касоне бошанд, ки аз хонаводаҳои машҳуранд. Дар кишварҳои хориҷӣ ин гуна асрор зуд фош мешавад, вале дар мо на. Мо ҳам дорем сарояндагоне, ки мубталои нашъаманданд, вале фош намешаванд, пинҳонӣ худро табобат мекунанд, аммо боз баъди муолиҷа дубора истеъмол менамоянд.

Нориниссо Қулматова, Душанбе

Ман ҳамсари меҳрубон аз даст додаам...

Ман ин фоҷеаро аз наздик медонам. Се сол дар Русия будам, вақте бозгаштам, ҳамсарамро мубталои нашъамандӣ дидам. Ҳама кӯшишҳоям барои муолиҷаи ӯ беҳуда буданд. Дигар мусофир нашудам, кӯшиш кардам кори сохтмон дар пойтахт пайдо кунам, кафшергар шудам, хишт рехтам, девор задам, ба чӣ корҳои вазнине даст назадам, то ин ки ӯро наҷот диҳам. Аммо ҳамааш беҳуда буд. Оқибат аз даст додам. Фавтид, мисли даҳҳо тани дигар. Ногаҳон ва бегумон фавтид. Ҳоло ҳам он рӯзҳо аз пеши назарам дур намешаванд.

Ҳар боре аз беморхона мебаровардам, ба хона меомадем ва соатҳо зор-зор мегирист. Гумон мекардам ин охирин бор аст ва акнун ба худ меояд. Вале хато мекардам, шояд моҳе пас бори  дигар лозим меомад ба табобат барам.

Билохира фавтид. Пеш аз маргаш гуфта буд: Русия рафтиву ман аз танҳоӣ ба ин ҳол задам. Акнун ман мераваму ту танҳо мемонӣ. Аммо гузаштаи маро такрор накун. 

Ман-ку гузаштаи ӯро такрор накардам, вале азоби сахт кашидам. Ва мудҳиштарин азобам зиндагии бе ҳамсарӣ, бе ҳамболинӣ бо ӯ буд. Ман ӯро дигар фаромӯш намекунам, вале чӣ суд аз ин. Азизтарин шахсамро аз даст додам. Ва ҳоло ҳам агар аз назди бемористогни наркологӣ гузар кунам, ёдам меояд. Ба ин андеша дода мешавам, ки ин беморхона пур аз занонест, ки гузаштаи ҳамсари маро такрор мекунанд. Ва онҳо низ ҳоло шояд дурӯғ мепиндоранд, ки оқибати ин ҳама марги қабл аз факт аст. Ба онҳо чӣ гуна метавонам фаҳмонам, дар сурате, ки ба зани худам инро натавонистам фаҳмонам?

Ёдам аз як суҳбати духтури муолиҷаш меояд, ки баъди чорумин бор бистарӣ шуданаш гӯё аз ман бештар ноумед шуда буд, мегуфт: Мутаассифона, ин ҳамин хел беморист. Агар ирода ғолиб наояд, дору табобат намекунад.

Ҳ. Душанбе

Ризқ аз Худост, агар сабр дошта бошӣ

Мехостам дар баҳси зани дуввуму фоҳишагӣ ҳамроҳ шавамМан чандон бовар надорам, ки агар инсон ноилоҷ шуд, бояд ҳатман даст ба фоҳишагӣ занад. Шояд ин андешаи баъзеҳо барои худшон қобили қабул бошад. Вале на барои ман. Чаро? Ҳоло мефаҳмонам.

Шавҳарам мо чор нафарро гузошта Русия рафт. Ду сол кор кард. Пул мефиристод, каму беш. Вале мо кушиш мекардем онро ба зиндагӣ расонем. Аммо баъди ду сол корашро ҳам аз даст дод. Зиндагӣ дар хонадон вазнин шуд. на меомад ва на пул мефиристод. Дигар мо мондему домани Худо. Чӣ кор бояд мекардам? Фоҳишагӣ? Дар назди Худо чӣҷавоб медодам?

Дар намоз аз Худованд иродаи нек талаб кардам. Зуд ба 10 сомонӣ писта харидаму дар пеши хона фурӯхтам. Кам-кам пули захираро сарфи мактаби кӯдакон кардам. Қолини ҳамсояҳоро мешустам, хонарӯбӣ мекардам, дар дармонгоҳ рӯбанда шудам. Дар тӯю маъракаҳо косаву табақ мешустам ва ба ивазаш ҳаддиақал барои ду ё се рӯз нону дигар майда-чуйда меовардам.

Чӣ корҳое намонда, ки накарда бошам. Азоби сахт кашидам, ин ҳамаро таҳаммул кардам, вале боре ҳам шукри Худованд ба сарам наомад, ки бояд бо фоҳишагӣ сармоя ҷамъ кунам. Ҳарчанд ин гуна пешниҳод даҳҳо бор шуда буд. Намегӯям, ки мо серу пур будем, вале нони хӯрданӣ доштем. Ва ҳоло ҳам бо гузашти 12 сол аз шавҳарам нишоне нест. Чӣ бояд кунам? Ноилоҷам танро ба тақдири Ҳақ супораму бо фармудаи худаш сабр пеша кунам. Вале дидам, ки ҳамин сабр маро шоистаи иззат кард. Ризқ мерасид ва ҳоло ҳам мерасад. Сад бор шукри Худованд, ки бо мост.

Зайнура Холиқова, Душанбе

Мардон аз заъфии занон сӯистифода мекунанд

Ман ба ҳоли фоҳишаҳо дилам намесӯзад. Ман аз мардоне нафратам меояд, ки аз мушкили занон ба нафъи нафси ҳароми худ истифода мебаранд. Сарватмандоне, ки даҳҳо нафарро дӯзахӣ мекунанд, худашон шоистаи ин ҳоланд ва гумон накунанд, ки нафти саркаши онҳо дар қиёмат домангирашон намешавад.

Ман худ занам, ман шукри Худованд аз чизе камӣ надорам, вале бо мардони занбозу фоҳишапарвар доим даст ба гиребонам. Медонам, ки аз дастам чизе намеояд, вале нафрат мекунам, ки онҳо қисмати талхи занонро талхтар мекунанд. Дастам намерасад, зӯрам намерасад, вагарна аз гулуяшон мегирам. Садҳо хоҳарон аз ҷабри маҳз ҳамин гуна мардон зани дуюму канизи номардон шудаанд. Маро бахшанд касоне, ки зани дуюманд, вале зиндагии хуш доранд. Ин тоифа низ ҳастанд, вале хеле каманд. Зеро мардони бономус ва худотарс каманд.

Маҳина Остон

Устод Асозодаро ба ғафлат аз даст додем

Даргузашти устоди арҷманди мо Худойназар Асозода дилҳои шогирдонашро реш-реш кард. Мо дар фосилаи дури замону макон қарор доштем. Аз хатми Донишгоҳ то ба ин дам 30 сол сипарӣ шудааст ва мо шогирдонаш ба гӯшаву канори мамлакат парешон шудем. Замоне, ки рафтем, на ҷанг буду на хунрезӣ ва ҳатто бӯи ноамнӣ ба машом намерасид. Аммо бо гузашти замон фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони моро ҳам ноамн кард. Аз нобасомонии рӯзгор хеле кам ба пойтахт меомадем. Ва имрӯз, ки хабари марги нобаҳангомашро шунидем, дар гирдоби ғаму андуҳ печидем.

Аҷаб марди худогоҳе буд устод Асозода. Ҳар боре медидем, мисли он рафтор мекард, ки азизтарин фарзандаш бошем. Бо муҳаббат аз ҳолу аҳволамон, аз кору зиндагиамон мепурсид.

Вале маргаш моро ғофилгир кард, то хабараш расид, ки ба хонаи ахират гуселаш карданд. Хушо ба он шогирдонаш, ки ҷанозахонаш буданд ва аз пояи тобуташ бардоштанд. Ба мо монда, ки аз дур ҳам бошад ба устоди арҷмандамон хонаи ободи охират аз Худованд талаб кунем ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил.

Аз номи гуруҳе аз шогирдони устод Асозода аз вилояти Суғд Раҳимҷон Машарипов

Бо Моҳбегим ҳамфикрам

Ман аз пешниҳоди Моҳбегим Асалбекова пуштибонӣ мекунам. Дар суҳбат бо адибону ҳунармандони машҳур аз зиндагии шахсии онҳо суол шавад шояд суҳбат боз ҳам рангинтару хушнаво ояд. Танҳо дар бораи эҷодиёти адиб хондан ҳам шояд то ҳадде дилбазан бошад. Аз ин рӯ Моҳбегим рост мегӯяд. Адибоне дорем, ки зиндагиномаи онҳо садҳо панд барои имрӯзиён аст. Пас чаро дар ин бора суҳбатҳои дилчасп накунем?

Олимҷон Салмон, Ваҳдат

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi