23:19:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Роғун

Мавқеи яксони Каримову Назарбоев дар мавриди Роғун

Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов аз Тоҷикистону Қирғизистон хостаанд, онҳоро мутақоид кунанд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳ ба кишварҳои онҳо осебе намерасад ва баъдан аз пайи кор шаванд.

karimov-nazarbaev 150613Алексей Малашенко-коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Маркази Корнегӣ дар робита бо мулоқоти раҳбарони Қазоқистону Узбакистон мегӯяд, ки мушкилоти обу энержии минтақа бояд бо ширкати коршиносони хориҷӣ ҳал шавад. Дар як сӯҳбати телефонӣ Алексей Малашенко гуфт, бо вуҷуди ин, ки дар суханони Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов-раҳбарони Қазоқистону Узбакистон нуктаи наве нест, вале онҳо мехоҳанд бештар мустақилона кор кунанд ва чунин равиш  “сангандозӣ ба боғча”-и Тоҷикистон аст.

Каримов ва Назарбоев 14 июн дар Тошканд бо ҳам мулоқот карданд ва ба гуфтаи оқои Малашенко, “ин мулоқот аз ҷумалаи мулоқотҳои маъмулӣ ва барномарезӣ шуда буд. Мулоқотҳо идома доранд, вале мушкилиҳо боқӣ мемонанд. Ман фикр мекунам, ки бидуни подармиёнӣ, ба вижа подармиёнии доимии ягон эътилофе, ки битавонад ҷанбаҳои хориҷиро низ фаро бигирад, ин масъала ҳал нахоҳад шуд. Сол то сол шиддати ин масъала бештар мешавад. Иқлим тағир меёбад, пиряхҳо об мешаванд. Ба назари ман, агар дар панҷсолаҳои наздик масъалаи об ҳал нашавад, он ба яке аз омилҳои муноқиша дар минтақа, аз ҷумла муноқишаи ҷиддӣ, табдил хоҳад ёфт”.

Назарбоев ва Каримов раҳбар пас аз мулоқоташон дар шаҳри Тошканд, дар як нишасти хабарӣ дар бораи мушкилоти тақсими об дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат карданд ва аз ҷумла гуфтанд, ки дар масъалаи истифодаи об дар минтақа мавқеъи яксон доранд. Ислом Каримов аз ҷумла дар ин нишаст гуфтааст: «Мо мавқеъи яксони худ дар масъалаи системаи одилонаи истифодаи об дар Осиёи Марказиро таъкид кардем ва бояд мушкилоти обӣ ва энержӣ бар фақат бар асоси риояти қонунҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва бо назардошти манофеъи тамоми кишварҳои минтақа ҳал шавад.»

Ислом Каримов бо такрори суханҳои ҳамешагии худ дар бораи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота-1 дар Қирғизистон гуфтааст, ки ин нерӯгоҳҳо дар манотиқи зилзилахезе сохта мешаванд ва аз ин рӯ бояд ҳамаҷониба ташхис ва бо ҳамсоягон мувофиқа шаванд. Ба гуфтаи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳам дар ин масъала бо ӯ ҳамфикр аст ва бояд тарҳи ҳарду нерӯгоҳ аз тарафи коршиносони байналмилалӣ ва таҳти сарпарастии Созмони Милал ташхис ва бо кишварҳои поёноби рӯдхонаҳои Ому ва Сир, яъне Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мувофиқа шаванд.

Дар навбати худ Нурсултон Назарбоев, масъалаи обу энержӣ дар Осиёи Марказиро ҷиддӣ хонда ва гуфтааст, ки «дар бисёре аз ин масъалаҳо бо Узбакистон ҳамназар аст». Нурсултон Назарбоев, ки то кунун дар масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказӣ, мавқеъи нарме нишон медод , бо ҳамин шева гуфтааст: «Мо ба мехоҳем ба ҳамсояҳои худ паёми дӯстона бифристем, ки ин масъалаҳоро бояд якҷоя ҳал кунем. Ва ин ба бунёди иншооти энергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳам рабт дорад.» Ба гуфтаи ӯ, «ҳамкорӣ дар ин арсаи ҳаётан муҳим танҳо дар сурати музокироту, тақвияти эътимоди байниҳамдигарӣ ва бе ихтилоф муяссар мешавад.»

Ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, кишварҳои ҳамсоя, яъне Тоҷикистону Қирғизистон саъй доранд, аз роҳи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ мушкилоти иқтисодии худро ҳал кунанд, аммо гуфтааст ӯ, «ҳар кишваре мушкиле дорад, вале набояд онро аз ҳисоби кишвари дигар ҳал кунад.»

Нурсултон Назарбоев гуфт, бояд сари мизи музокирот нишаст  ва бо назардошти манофеъи ҳамдигар ба мувофиқа расид: «Тарҳи нерӯгоҳҳоятонро ташхис кунед, моро мутақоид созед. Мушкил дар Каримову Назарбоев нест. Бояд мардумро итминон дод, ки зери об нахоҳанд шуд, ё деҳқонон беоб намемонанд.»

Ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, ин як масъалаи ҳалшуданист. Тоҷикистону Қирғизистон, ки баръакси кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, аз захираҳои фаровони газу нафт маҳруманд, мехоҳанд, бо баҳрабардорӣ аз захираҳои фаровони обии худ, нерӯгоҳҳои барқӣ бисозанд ва эҳтиёҷоти афзояндаи мардум ва иқтисод ба нерӯи барқро бароварда созанд.

Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли зимистон мӯҳтоҷи нерӯи барқ мешавад ва миллионҳо нафар аз сокинонаш дар торикиву сардӣ мемонанд, саъйд дорад, нерӯгоҳи нимасохтаи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватро такмил кунад. Танҳо дар сурати баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ Тоҷикистон метавонад, худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин карда ва ба хориҷ ҳам бифурушад.

Аммо Узбакистон, ки иқтисодаш пойбанди кишоварзӣ ва умдатан пахтапарварӣ аст, мегӯяд, дар сурати бунёди сарбанди 330 метрии Роғун кишварҳои поёноб барои киштзорҳои васеъи худ оби кофӣ нахоҳанд ёфт. Айни ҳол ташхиси таъсироти муҳитизистӣ ва короии нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ идома дорад ва бояд натиҷаҳои муқаддамотии он тобистони ҳамин сол эълон шавад. Баҳс бар сари Роғун, боиси тирагии равобити миёни Тоҷикистону Узбакистон шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi