14:02:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Роғун

АЛТЕРНАТИВАЕ БАРОИ РОҒУН ВУҶУД ДОРАД?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳеҷ гуна алтернативае ба ҷойи нерӯгоҳи барқи оби Роғун вуҷуд надорад. Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи роҳҳои алтернативии таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ ба маънии ақибнишинии Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳи Роғун нест, зеро ҳеҷ манбаъи дигаре беҳтар аз Роғун буда наметавонад:

/images/stories/2012/09/05_roghun-050912.jpg“Ҳеҷ алтернативае барои Роғун вуҷуд надорад. Тоҷикистон ҳар зимистон ба се миллиард киловат нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад, аммо нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ин фасл фақат 900 миллион киловат соат нерӯи барқ медиҳад. Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба ҳамин андоза мондааст, зеро ҳамасола дар зимистон талабот ба барқ дар кишвар аз  700 то 750 миллион киловат соат меафзояд. Ҳеҷ гуна алтернативае ба ҷойи Роғун буда наметавонад, зеро нерӯгоҳҳои миёна эҳтиёҷоти моро ба нерӯи барқ қонеъ карда наметавонанд."

Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо мусоидати он арзёбиҳои иқтисодӣ ва таъсироти зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун аз сар гирифта шуд, таъкид кард, ки ҳамзамон роҳҳои алнернативии таъмини Тоҷикистон бо энержиро таҳқиқ мекунад. Чунин эъломияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар гузашта гуфтааст, нерӯгоҳи Роғун, барои рафъи ниёзҳои Тоҷикистони мӯҳтоҷи нерӯи барқ бисёр муҳим аст, суолҳоеро доир ба ояндаи нерӯгоҳ барангехт. Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ба мо гуфт, зимистони ҳар сол такрор шудани бӯҳрони ​​энержӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронии амиқи онҳост ва аз ин рӯ бонк мехоҳад, барои ба зудӣ рафъ шудани ин мушкил ба Тоҷикистон кӯмак кунад:

“Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта таҳқиқоти алтернативиеро раҳандозӣ кард, то бубинад, аз кадом роҳҳо метавонад, ба Тоҷикистон барои қонеъ кардани эҳтиёҷоташ ба энержӣ кӯмак кунад, зеро айни замон ҳеҷ кас намедонад, ки садди Роғун шуданист. Барои ҳамин мо бояд алтернативаҳои дигарро ҳам бубинем, ки ҳамин корро бо ҳукумат мекунем. Мо ҳоло роҳҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ ҳангоми тавлиду интиқоли он ва ҳамингуна босамар кардани арсаи энержии кишварро меомӯзем.”

Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам дар як баёнияи ғайримунтазира аз талошҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи арзёбиҳои байналмилалии Роғун ва таҳқиқи роҳҳои дигари таъмини Тоҷикистон бо энержӣ ҳимоят кардааст. Кетрин Эштон гуфтааст, зимни бунёди ҳаргуна иншооти бузург бояд манофеъи ҳамаи ҷонибҳо ба инобат гирифта шавад, ки зоҳиран ишорае ба нигарониҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказист, ки мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун оби кофӣ нахоҳанд дошт. Мая Косианчич, сухангӯи дафтари Кетрин Эштон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар масъалаи обу энержӣ дар миёни кишварҳои ҳамсоя бояд манофеъи ҳамаи тарафҳо ба инобат гирифта шавад, зеро дастрасӣ ба обу энержӣ ба як андоза муҳиманд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз ҷумла имконоти таъмини Тоҷикистон бо барқ аз нерӯгоҳҳои дигари обӣ, нерӯи барқи бухорӣ, офтобӣ таҳқиқ мешавад. Бо назардошти сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар саргаҳи яке аз рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ, кишварҳои минтақа, бахусус Узбакистон хостааст, Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурдтар ва ё нерӯгоҳҳои бухорӣ бисозад.

Аммо Баҳром Сироҷов ​​мегӯяд, ба хотири ингуна тарҳҳо, Тоҷикистон заҳмати то кунун кашидаашро зоеъ нахоҳад кард: “Барои Роғун якуним миллиард доллар харҷ шудааст ва ду агрегати он то ду соли дигар бояд ба кор андохта шавад. Худи иншоот аз 40 то 70 дар сад омода шудааст.”

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон метавонад, бе ҳеҷ гуна арзёбиҳои байналмилалии фанниву иқтисодӣ ва муҳитзистӣ нерӯгоҳи Роғунро бисозад, вале мумкин аст дар сохтмон ба хатокорӣ роҳ дода ва ба оқибатҳои манфии муҳитизистӣ ва иҷтимоии он дучор шавад. Аз ин рӯ ба гуфтаи Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ муҳим аст, Тоҷикистон баъди анҷоми арзёбиҳо тасмим бигирад ва фавқуллода муҳим аст, бо кишварҳои дигари поёноб ба ҳамдигарфаҳмӣ бирасад.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо тавоноии 3600 мегават, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва дар сурати бунёд Тоҷикистони мӯҳтоҷ ба нерӯи барқро ба кишвари фурӯшандаи нерӯ табдил хоҳад дод. Аммо сохтмони нерӯгоҳ ба мухолифати Туркманистону Қазоқистон ва ба хусус Ӯзбакистон рӯ ба рӯ шудааст, ки мегӯяд, Тоҷикистон бо бунёди сарбанди азими Роғун он кишварҳоро бе оби кофӣ хоҳад гузошт. Тоҷикистон ин иддаъоҳоро рад карда мегӯяд, ин ҳама аз баҳонае беш нест ва Ӯзбакистон, ки аз фурӯшандаҳои аслии барқ дар минтақа аст, намехоҳад дар ин бозор каси дигар ворид шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi