09:19:38 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Роғун

"ТУРБОАТОМ" ГУФТ, ДУ ЧАРХАИ РОҒУНРО ОМОДА КАРДААСТ

Корхонаи "Турбоатом"-и шаҳри Харкови Украина ду чархаи обиро барои нерӯгоҳи Роғун омода карда, ба Тоҷикистон мефиристад. Ин чархаҳои №5 ва 6 будаанд, ки ҳар яке қудрати 640 МВт-ро дорад.

/images/stories/2012/04/17_roghun-1712.jpgБино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, чархаҳо дар истгоҳи "Турбоатом" ба вагонҳо бор карда шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид, ки чархаҳо чӣ тавр ба кишвар интиқол хоҳанд ёфт, шарҳе намедиҳанд, зеро Узбакистон аз қабл эълон дошта буд, ки ба интиқоли ҳар гуна мавод барои нерӯгоҳи Роғун мухолифат хоҳад кард.

Як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ягона роҳи интиқоли чархаҳо ба Тоҷикистон тариқи ҳавопаймост ва дар ҳоли ҳозир ин роҳ мавриди баррасист. Созишнома дар бораи сохтани чархаҳои нерӯгоҳи Роғун миёни Украина ва Тоҷикистон соли 2010 ба имзо расида буд. Дар замони Шӯравӣ низ чархаҳои ин нерӯгоҳ дар Украина сохта шуда буданд.

Бино ба гузориши телевизионҳои давлатии Тоҷикистон корҳои барқароркунӣ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад. Ҳамзамон ташхис ё экспертизаи тарҳи Роғунро коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бар ӯҳда доранд. Ин ташхис ё таҳқиқот аз ду бахш, яъне фанниву иқтисодӣ ва дигаре экологӣ ё зистмуҳитӣ иборат аст.

Дар моҳи декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Теодор Алерс, мудири амалиёт ва стротежии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо тарҳи нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ карда ва таъкид намуд, ки “принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байнулмилалии фаннию иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад.”

Тоҷикистон, ки дар тӯли фасли тирамоҳу зимистон ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, нерӯгоҳи Роғунро масъалаи маргу зиндагӣ барои худ хондааст. Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Дар сурати бунёд, ин нерӯгоҳ, Тоҷикистонро аз мушкили сахти бебарқӣ халос карда ва метавонад онро ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа низ табдил бидиҳад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi