16:03:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

Роғун

Украина чархаи дувуми Роғунро фиристодааст

Тоҷикистон чархаи инак дувуми нирӯгоҳи Роғунро ворид кардааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин чархаҳо кай ба тавлиди нирӯи барқ оғоз кардаву Тоҷикистонро аз вартаи бебарқӣ наҷот хоҳанд дод?

roghun 659845121245Тоҷикистон чархаи дувуми супоришӣ барои нерӯгоҳи Роғунро аз Украина ворид кардааст. Дафтари матбуоти «Электротяжмаш», ширкати воқеъ дар шаҳри Харков, ки ба тавлиди таҷҳизот барои нерӯгоҳҳои барқӣ ихтисос ёфтааст, зимни як посухи катбӣ ба мо гуфт, генератори дуввуми супоришӣ барои блоки 5 -уми нерӯгоҳи Роғунро моҳе қабл ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Ин манбаъ гуфт, масъулияти интиқоли чарха ба зиммаи як ширкати дигари низ украинист, ки номаш зикр намешавад.

Дар мавриди эҷоди монеа барои интиқоли маводи зарурии сохтмони нерӯгоҳи Роғун тариқи роҳи оҳан Тоҷикистон шахсан аз сӯи раисҷумҳури Ӯзбакистон ҳушдор гирифта буд. Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, ин масъалаи кайҳо фаромӯшшуда аст ва дар мавриди таҳвили таҷҳизот аз Украина мушкиле вуҷуд надорад.

Зайниддин Мӯъминов, сарвари шӯъбаи равобит бо кишварҳои ИДМ, ба мо гуфт, интиқоли чарха ва дигар қисмҳои эҳтиётии зарурӣ кори хеле душвор аст. Вай афзуд, барои интиқоли як чарха, ки 75 тон вазн дорад, ҳавопаймоҳои махсуси маъруф ба «Руслан» заруранд, аммо теъдоди онҳо дар ҷаҳон маҳдуд - ҳамагӣ ду дона аст. Оқои Мӯъминов гуфт, азбаски ин ду ҳавопаймои «Руслан» ба ҳамлу нақли таҷҳизоти вазнинтарин дар саросари дунё машғуланд, мавриде ҳам буд, ки Тоҷикистон 8 моҳ барои киро кардани он навбат истодааст:

«Мушкил дар ин аст, ки як ҳавопаймо барои интиқоли чарха ба Тоҷикистон беш аз ним моҳ банд мешавад. Мушкил дар парвоз нест, балки интиқоли чарха аз корхона ба фурудгоҳ як ҳафта ва аз фурудгоҳ ба нерӯгоҳ низ як ҳафта вақт мехоҳад.»

Ҳавопаймои «Руслан», ки метавонад дар як вақт то 170 тонна молро миёни қитъаҳои олам таҳвил диҳад, моли ширкати давлатии Украина - Antonov Airlines аст.

Зайниддин Мӯъминов мегӯяд, бо вуҷуди вазъи ногувори сиёсӣ дар Украина, то ба ҳол дар масъалаи тавлид ва интиқоли чархаву дигар қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, аз қабили лӯлаҳо, таҷҳизоти васлкунӣ ва ғайра мушкиле пеш наомадааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, корхонаҳои «Электротяжмаш» ва «Турбоатом» - и шаҳри Харкови Украина дар ҳоли ҳозир шарики муҳим дар кулли тарҳҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба шумор меоянд. То ба ҳол ду адад аз 4 чархаи бузурги супоришӣ барои нерӯгоҳи Роғун ва ҳам 9 чархаи хурди дигар, ки барои таҷдиди неругоҳи Норак дар ин корхонаҳо такмил шуда, ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд. Барои таҷдиди нерӯгоҳҳои Варзоб ва Қайроқум низ таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии сохти Украина истифода мешаванд. Зайниддин Мӯъминов мегӯяд, кулли низоми нерӯгоҳҳои Тоҷикистон аз таҷҳизоти украинӣ тартиб ёфтааст ва истифодаи технологияи кишварҳои дигар салоҳи кор нест.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз кори корхонаҳои Украина изҳори қаноатмандӣ мекунанд, сафорати ахирӣ дар Душанбе мегӯяд, созишномаҳои қаблӣ дар соҳаи иқтисод иҷро намешаванд ва ҳам гардиши мол миёни ду кишвар поин рафтааст. Яке аз чунин созишномаҳо роҳандозии як корхонаи муштараки истеҳсоли чархаҳои хурд ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ барои нерӯгоҳҳо буд, ки тавофуқаш ҳанӯз соли 2009 миёни «Электротяжмаш» - и Украина ва «Барқи тоҷик» ҳосил шудааст.

Владислав Украинетс, масъули бахши иқтисоди сафорати Украина ба Радиои «Озодӣ» гуфт, далели кундии эҷоди корхонаҳои муштарак ва ҳам ҳамкориҳои дигари тиҷоративу иқтисодӣ то ду соли пеш мавҷуд набудани сафорат дар Душанбе буд: «Мо нақшаҳои зиёд доштем ва онҳо иҷро мешаванд. Ин нукта дар ҷаласаи чоруми комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар зикр шуд. Маҳз он ҷо гуфта шуд, ки як қатор корхонаҳои муштарак бо сармоягузории тоҷикиву украинӣ роҳандозӣ мешаванд. Аммо ҳоло ман як чунин корхонаеро наметавонам ном барам, ки дар ҳақиқат муштарак сохта шавад.»

Қаблан сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ба хабарнигорон гуфта буд, ки коҳиши гардиши мол миёни ду кишвар қабл аз нооромиҳо шурӯъ шудааст. Сафир дар шарҳи мавзӯъ бештар аз ин чизе нагуфт, аммо бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, моҳҳои январ - феврали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар ба 7 миллиону 695,9 ҳазор доллар, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2013 ҳудуди 47 дарсад поин омадааст.

Владислав Украинетс яке аз сабабҳои ин коҳишро низоми нави гумрукӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ унвон кард, ки пас аз созмон ёфтани Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳайати Русия, Белорус ва Қазоқистон ба амал даромад.

Бино ба иттилои сафорати Украина дар Душанбе, аз он кишвар ба Тоҷикистон 40 дарсад маҳсулоти кишоварзӣ ва бақия маҳсулоти саноатӣ, умдатан таҷҳизот барои нерӯгоҳҳо ворид карда мешавад. Аз Тоҷикистон ба Украина пахта ва меваи хушк содир мекунанд.

Ба ин суол, ки «дар ҳоли таҳти нуфузи Русия, яке аз «харидорон»-и нерӯгоҳи Роғун, қарор гирифтани шаҳри Харков оё корхонаҳо сари ҳамкориҳояшон бо Тоҷикистон таҷдиди назар хоҳанд кард?» ҳам масъулини Тоҷикистон ва ҳам масъули сафорати Украина дар Душанбе гуфтанд, ки ин ҳамкориҳо бар асоси созишномаи қаблӣ пеш меравад ва ҷонибҳо ба тағйир додани он манфиат надоранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi