19:06:31 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

Пурсишеву посухе: Оё Мусо (а) ҳам ба осмон бардошта шуда буд?

Худованд аз шарри душманонаш наҷот дод ва зинда ба пеши худ кашид. Аммо дар мавриде имоми масҷиди мо мегуфт, ки Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) шаби меъроҷ ҳазрати Мусоро низ дар осмон дидаанд. Инро чӣ гуна фаҳмем? Магар ҳазрати Мусо низ намурда ва зинда ба осмон бардошта шудааст? Дар китоби хеле маъруфи "Қассас-ул-анбиё" ман худам хондам, ки Расули Худо Исо (а)- ро дар осмони 4- ум ва Мусо (а)- ро дар осмони панҷум дидаанд.

Аҳрориддин Мусо, Масчо

muso 5464545654Масъалае, ки шумо хонандаи азиз суол кардед, як масъалаи чандон норушан нест. Мо посухи онро аз силсилаҷавобҳои руҳонии шинохта ва шахсияти маъруфи кишвар эшони Нуриддинҷон пайдо кардем. Ба гуфтаи эшони Нуриддинҷон "тибқи ривоёти имом Бухорӣ ва имом Муслим Паёмбар алайҳиссалом ҳазрати Исоро дар осмони дуввум диданд ва ҳазрати Мусоро дар осмони шашум. Бинобарин он чизе, ки шумо аз китоби "Қасасул- анбиё" овардед нодуруст аст. Аммо оё Мусо ба осмон бардошта шуда буд? На, ин тавр нест. Паёмбар алайҳиссалом чӣ тавре уламо мегӯянд рӯҳи Мусо ва дигар паёмбаронро дар осмон диданд. Аммо ҳазрати Исоро бо ҷисмаш диданд".

ММИҲОМ чӣ гуна созмон аст?

Вақте аз матбуот дар бораи ҳамкориҳои байналмилалии зиддимухаддиротӣ мақолаву хабарҳо мехонам, бо истилоҳоте дучор меоям, ки бароям чандон ошно нестанд. Яке аз ин иттиҳоде бо номи ММИҲОМ (русияш ЦАРИКЦ) мебошад, ки намедонам чӣ иттиҳодест ва узвият дар он ба Тоҷикистон чӣ медиҳад.

Эгамназар Мирзоназаров, таҳлилгар

Ба суоли хонанда Абдуҳамид Норов, Мушовири Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух медиҳад.

ММИҲОМ (ЦАРИКЦ) - ин Маркази минтақивии ҳамоҳангсозии иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мебошад, ки тибқи Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис шудааст ва дар айни замон марказаш дар шаҳри Алмато мебошад.

Вазифаи асосии Марказ аз кӯмак расонидан ҳангоми ташкил, гузаронидан ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштараки байналхалқии мувофиқашуда дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, иборат аст. Марказ ҳамчунин, иттилоотро оид ба ҷинояткорони трансмиллии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастдошта ҷамъоварӣ менамояд, нигоҳ медорад, таҳлил ва бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчӣ табодул менамояд.

Бо мақсади баланд намудани самараи ҳамкорӣ байни Марказ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои иштирокчӣ дар назди Марказ институти Намояндагони ваколатдор (афсарони алоқа) амал менамояд.

Аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин марказ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Шеравлиё Мирзоавлиёев буд. Ҳоло бошад ин вазифаро полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Суҳроб Сафаров, ки пештар Сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии Агентӣ буд, иҷро мекунад.

Дар сурати пурра ба кор шурӯъ намудани Марказ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи бо маводи нашъаовар муборизабарандаи Тоҷикистон метавонанд, ки иттилооти лозимиро на танҳо бо Марказ, инчунин  бо дигар мақомоти давлатҳои иштирокчии Марказ табодул намоянд. Ҳангоми ташкил ва гузаронидани амалиётҳои байналмилалӣ бошад, Марказ метавонад ҳамчун ҳамоҳангсози ин амалиётҳо бошад.

Кӣ зуд мехонд ва кӣ зуд дарк мекард?

Мегӯянд дарки маънӣ ба тезу суст хондани китоб вобаста аст ва таърихи башар шахсиятҳоеро медонад, ки аз дилбастагӣ ба китоб онро хеле зуд ва бо дарки амиқ мехонданд. Чунин аст оё?

Садбарги Сайидмудассир, Вахш

kitobkhon 45454565Бале, дар бораи он ки шахсиятҳои бузурги таърих чӣ гуна китоб мутолеа менамуданд, матолиби зиёде то ин замон нашр шудааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки аксари ин шахсиятҳо бо китоб улфатӣ доштанд ва рӯзи худро бе мутолиаи он тасаввур намекарданд. Ва инҳо танҳо нависандагону шоирон нестанд, инҳо сиёсатмадорон, сарлашкарон ва сарварони кишварҳоянд.

Чунончӣ, Максим Горкий, адиби шуҳратёри рус бо суръати чор ҳазор калима дар як дақиқа мехонад. Иосиф Сталин рӯзе 400 саҳифа китоб мутолиа мекард ва инро барои худ ба меъёр табдил дода буд. Яъне, бо вуҷуди он ки сарварии яке аз империяҳои бузурги ҷаҳониро ба уҳда дошт, боз барои 400 саҳифа китоб хондан вақт ҷудо мекард.

Ихтирокори бузурги амрикоӣ Т. Эдисон  метавонист ба ду ё се сатр якбора чашм давонад ва ҳамзамон ба шарофати ботаваҷҷуҳии хос тамоми саҳифаро ба лавҳи хотир биспорад. Оноре де Балзак, адиби шинохтаи олам 200 саҳифаи романро дар ним соат мехонд.

Китобшинос ва нависандаи рус Н. А. Рубакин дар тӯли умраш 250 ҳазор номгӯ китобро мутолиа кардааст. Наполеон Банопард дар ҳар дақиқа то ду ҳазор калима мехонд.

 Илм исбот кардааст, ки ҳангоми тез хондан чашм назар ба суст мутолиа намудан камтар хаста мешавад. Ин дар ҳолест, ки 95 дар сади мардум хеле суст мутолиа мекунанд (аз 180 то 220 калима дар як дақиқа, ё 1 саҳифаро дар 1,5 то 2 дақиқа мехонанд).

 Сатҳи дарки маънӣ дар хониши анъанавӣ 60 дар сад ва дар хониши тез 80 дар сад мебошад. Яъне, бо суръати тез хондани китоб маънирастару бештар қобили дарк аст. 

Ҳангоми хондан чашмони инсон ба ҳарфҳо нигариста тасвирҳои гуногунро ба мағз ирсол мекунанд ва мағзи сари инсон ҳамаи онҳоро ба як тасвир мутамарказ месозад. 

Аз сӯи дигар чашмони одаме, ки бо суръати миёна мехонад, дар як сатри китоб аз 12 то 16 ист мекунад, аммо чашмони афроде, ки бо суръати тез китоб мехонанд, дар ҳар сатр аз ду то чор ист мекунанд.

"Даниэл Дефо муаллифи "Робинзон Крузо"

Аз хурдӣ китобҳои сарнавиштиву сайёҳиро зиёд мутолиа мекардам. Бо гузашти шаст соли умр ҳамоно сужаву мазмуни аксари онҳо дар хотирам нақш бастаанд. Бахусус, саргузашти Робинзон Крузо, Дон Кихот барин қаҳрамонҳои романҳои хонданӣ аз пеши назарам дур намешаванд. Мутаассифона, аз Даниэл Дефо ба ҷуз "Робинзон Крузо" чизи дигар нахондаам. Мехостам донам, ки ин адиб боз чиҳо навиштааст.

Ҳоҷи Мирзошамсиддин, 62-сола, сокини Бохтар

robinzon-kruzo-54554Даниэл Дефо яке аз машҳуртарин адибони насрнависи аврупоист, ки бештар румон ва повестҳои сайёҳиаш маъруфият пайдо кардааст.  Китоби "Робинзон Крузо" аз пурхонандатарин асарҳои насрии аврупоист, ки қариб бо ҳама забонҳои олам тарҷума ва нашр шудааст, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ. "Робинзон Крузо" бори аввал соли 1719 чоп шудааст ва зарфи чанд рӯз се нашри он кулан ба фурӯш рафтаву ба адиб шӯҳрати бузург овардааст. Хонанда аз мутолиаи он гумон мекунад, ки Дефо бузургтарин сайёҳи олам аст, вале дар асл чунин нест. Тӯли умраш вай ҳамагӣ як маротиба сафари баҳр кардааст ва он ҳам аз Англия ба Португалия рафтааст.

Баъди маъруфият пайдо кардани "Робинзон Крузо" Даниэл Дефо повесту роман ва ҳикояҳи саргузаштии "Полковник Ҷек", "Роҳзани баҳрӣ" ва "Капитан Синглтон"-ро менависад, ки онҳо низ аз ҷониби хонандагон ба хушӣ пазируфта мешаванд. Вале ҳич асари вай ба мисли "Робинзон Крузо" маъруфият касб накарда буд.  Ин буд, ки вай ба идомаи қисса пардохт ва "Идомаи саргузаштҳои Робинзон Крузо"-ро навишт.

Романҳои  "Молл Флендерс", "Роксана", китоби ҳуҷҷатии "Рӯзномаи соли вабо" мутааллиқ ба Даниэл Дефо мебошанд. Вай ҳамчунин муаллифи ду нашрияи ҳидояткунандаи сафарӣ бо номи "Сафар ба ҳамаи ҷазираҳои Британияи Кабир" ва "Дастури тоҷири инглис" мебошад.

Дар қарни гузашта олимон исбот намуданд, ки яке аз муаллифони китоби машҳур оид ба роҳзанҳои баҳрӣ "Таърихи умумии роҳзанҳо" Даниэл Дефо будааст. 

Чун ҳамаи муосиронаш чопи китобҳои зиёд барои ӯ зиндагонии бокифоят ва серу пурро натвонистанд таъмин созанд. Солҳои охири умрашро адиби ҷаҳоншумул дар фақр пушти сар гузоштааст ва 24 апрели соли 1731 аз олам даргузаштааст. Дар сари санги мазори вай навишта шудааст: "Даниэл Дефо муаллифи "Робинзон Крузо".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi