14:02:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ЧӢ КОР КАРД ВА ЧӢ БОЯД КУНАД?

-урфу одат, маданияту фарҳанги давлати ба кор таъминкунандаро донад ва тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд.

Ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои муҳочирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Россия ва сафаратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таъмин менамоянд.


-Умуман Хадамоти муҳоҷират чанд коргар, чанд намояндагӣ дар Россия дорад?

-Тибқи басти корӣ, дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 230 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 10 нафар дар Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия фаъолият доранд.

Ҳамаи кормандони Хадамоти муҳоҷират ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ дар асоси озмун ба кор қабул шудаанд. Бояд қайд кард, ки ҳайати кормандони Хадамоти муҳоҷират асосан аз кормандони ботаҷриба ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират иборат буда, имкони иҷрои вазифаҳои дар назди мақомотбударо доранд.

Бояд қайд намуд, ки барои иҷрои вазифаҳои дар назди Хадамоти муҳоҷират вогузоштаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, дар оянда зарурати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар созмон додани сохторҳои минтақавии мақомот ба мақсад мувофиқ аст.

- Нияти тағйир додани самти корвони муҳоҷирони кории тоҷик дар ояндаи наздик ё дур ҳаст ё не? Агар ҳа, ин кадом давлатҳо буда метавонад? Чаро Аврупову ИМА муҳоҷирони кории моро қабул намекунанд? Дар ин самт коре анҷом мешавад?

 -Кишвари асосии фаъолиятдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Россия- яке аз давлатҳои дӯст ва шарики стратегии мост. Аз ин лиҳоз, аксарияти муҳоҷирони меҳнатии мо дар ин кишвар кор ва фаъолият менамояд. Яке аз ҳадафҳои асосии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин муаррифии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Айни замон мо бо бисёр давлатҳои хориҷии дуру наздик ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳи фаъолият як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидем. Бо таклифи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорусия, мо аз 10-12-уми июли соли 2011, ба ин кишвар сафари корӣ доштем. Бо дастгирии роҳбарияти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Белорусия, лоиҳаи Созишномаи байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Беларусия оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Белорусия ва шаҳрвандони Белорусия дар Тоҷикистонро омода намудем. Созишномаи мазкур рӯзҳои наздик ба имзо мерасад. Ба имзорасонии созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ –шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнатии Белорусия ворид гардида, ҳамзамон ба бозори меҳнати давлатҳои Аврупо роҳ кушоем.

Барои дар бозори меҳнатии кишварҳои ИМА ва Аврупо ворид шудани муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо пеш аз ҳама зарур аст, ки онҳо забони хориҷиро хуб донанд ва мутахассиси баланди касби худ буда, ба талаботу меъёрҳои бозори меҳнатии ин давлатҳо ҷавобгӯ бошанд. Аз ин лиҳоз, тасмим аст, ки дар оянда бо мақсади азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор корҳо ба анҷом расанд. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки мутахассисони Хадамоти муҳоҷират ба омӯзиши вазъи бозори меҳнати кишварҳои Аврупо ва ИМА оғоз намудаанд.

-Гуфта метавонед, ки саҳми муҳоҷирони кории тоҷик дар иқтисоди миллӣ чӣ миқдор аст?

-Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат назаррас мебошад. Дар соли 2009, тибқи маълумоти расмӣ, аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млрд. 830 миллион ва дар соли 2010 дар ҳаҷми 2 млрд. 250 миллион доллари ИМА ворид гардидааст. Ин маблағҳо пеш аз ҳама барои таъмини хароҷоти ҳаррӯзаи оилаҳои онҳо, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, бурдани корҳои тиҷоратӣ, ба таълим фаро гирифтани фарзандон ва ғайраҳо сарф мешаванд.

-Вақтҳои охир дар бораи ширкатҳое, ки барои ба хориҷи кишвар бурдани шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ машғуланд, сару садоҳо аз қаллобиву феребдиҳии онҳо кам набуд. Айни ҳол чанд ширкат иҷозатномаи ба хориҷ бурдани муҳоҷирони кориро доранд. Ҳамаи онҳо ба Хадамоти муҳоҷират ҳамкорӣ доранд? Агар ҳа, пас модоме қонунвайронкунӣ аз ҷониби ин ширкатҳо сурат мегиранд, ҷавобгарӣ барои ин амал ба дӯши Хадамоти муҳоҷират низ ҳаст ё не?

 -Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ваколати барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикисон дар хориҷа ба Хадамоти муҳоҷират вогузор гардидааст. Дар асоси талаботи қонуни мазкур, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти муҳоҷират ҳукуқ пайдо менамоянд, ки фаъолиятро оид ба кор таъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мустақилона амалӣ намоянд.

Субектҳои хоҷагидоре, ки ба талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолиятро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Айни ҳол 15 субекти хоҷагидор дорои иҷозатнома мебошад ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар бо кор таъмин менамоянд.

Бо мақсади инкишофи фаъолияти Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа машғуланд, бо Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл»-ро таҳия кард.

-Ба ҷуз Россия, ба кадом кишварҳо шаҳрвандони тоҷик ба кор мераванд? Қаблан дар бораи ба кишварҳои арабӣ ва Корея бурдани муҳоҷирони тоҷик суханҳое буд, дар ин самт фаъолияте ҳаст?

-Ба ғайр аз Русия, Тоҷикистон бо Қазоқистон Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонидааст ва дар кишварҳои номбурда муҳоҷирони меҳнатии кишварамон фаъолият доранд. Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ, Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, ИМА, Туркия ва дигар кишварҳои дуру наздик тибқи шартномаҳои меҳнатӣ фаъолияти корӣ мебаранд. Хадамоти муҳоҷират айни замон унвонии Кореяи Ҷанубӣ давлатҳои Қатар, Кувейт лоиҳаи созишномаҳоро барои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи муқаррарот ирсол намудааст ва итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик шаҳрвандони кишварамон дар давлатҳои номбурда фаъолияти кории худро оғоз менамояд.

-Дар матбуот дар бораи муносибати ғуломдорона нисбати муҳоҷирони корӣ зиёд матраҳ мешаванд. Барои мисол, қазияи беш аз 200 нафар муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз ҷониби ширкати Маркази кадрии «Тоҷикавиатур» ба Иркутски Русия бурда шуда буданд ва Хадамоти муҳоҷират аз ин қазия огоҳ аст. Билохира қазияи онҳо бо чӣ анҷомид? Ба он ҷавонони тоҷик, ки ба прокуратура шикоят бурда буданд, ҳаққи кориашонро баргардонданд? Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, нисбати фаъолияти ин ширкат чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Намояндагони Хадамоти муҳоҷират низ ба Иркутск рафта аз ҷойи ҳодиса дидан карданд, вазъ чӣ гуна буд? Оё Хадамоти муҳоҷират низ, ба Прокуратура барои ҳифзи ин ҷавонон шикоят бурдааст?

-Хадамоти муҳоҷират аз қазияи беш аз 200 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки аз ҷониби ширкати Маркази кадрии «Тоҷикавиатур» ба шаҳри Иркутски Федератсияи Россия сафарбар шуда буданд, маълумоти кофӣ дорад. Доир ба масъалаи мазкур 14 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, моҳи марти соли 2011 аввалан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба Хадамоти муҳоҷират бо дархост муроҷиат намуданд.

Бо супориши роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират Намояндагии муҳоҷират дар Россия масъалаи мазкурро дар ҷояш дида баромад. Муайян намуд, ки дар амали ширкати номбурда ҳангоми ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба имзо расонидани қарордод ба камбудиҳо роҳ дода шудааст. Аз ин рӯ, мутобиқи Низомномаи Хадамоти муҳоҷират «Дар бораи супоридани иҷозатнома ба субектҳои хоҷагидор» иҷозатномаи ширкати Маркази кадрии «Тоҷикавиатур» боздошта шуд. Ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст. Аз натиҷаи ин тафтишот мо ҳатман иттиллоъ медиҳем

-Буданд суханҳое, ки гуфтан мехостед, вале мо аз он напурсидем?

-Яке аз равандҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар қатори дигар масъалаҳо, ин кор дар самти робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ (диаспораҳо) мебошад, ки аз ин лиҳоз маълумоти иловагиро дар самти мазкур ба Шумо мехостам, пешниҳод менамоям.

 Зикр кардан ба маврид аст, ки оид ба кор дар самти робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 таҳти № 168 бо номи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» тасдиқ шудааст, ки барои татбиқи он Нақшаи чорабиниҳо низ бо Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 299 қабул карда шуда, истифода бурдани имкониятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик дар хориҷа барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди иқтисодии кишварамон қайд гардидааст.

Мақсади асосии фаъолияти Хадамот ва Раёсати робита бо хамватанони бурунмарзӣ дар ин самт барқарор кардани робитаҳои зич, ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар тамоми гӯшаҳои олам ба хотири рушди Тоҷикистон, муттаҳидсозии ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи кории диаспораҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир мебошад.

Дар мӯҳлати на чандон тӯлонии фаъолият, Хадамот ҷиҳати ҷараёни иҷрои талаботи Нақшаи чорабинҳои Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар робитаро бо диаспора ва ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ тибқи имконот ба роҳ монда мунтазам аз ҷониби масъулини Хадамот оид ба теъдод, фаъолияти диаспораҳо, ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, шарҳи ҳоли роҳбарону созмондиҳандагони онҳо маводҳо ҷамъоварӣ гардида, бо ҳар яки он робитаҳо тавассути почтаҳои электронии кормандон барқарор шуда, фаъолияти онҳо таҳти омӯзиши ҷиддӣ қарор дорад.

Вобаста ба ҳалли масоили ҷойдошта, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо вазорати корҳои хориҷа ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ гардидани талаботи Консепсия ва Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия ҳамарӯза тадбирҳо андешида истодааст.

То ба имрӯз рӯйхати 76 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикони бурунмарзӣ, ки ба таври расмӣ дар қаламрави Россия фаъолият доранд, дастрас гардида, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати барқароршавии робита ва ҳамкорӣ бо онҳо корҳо идома доранд.

Инчунин, оид ба фаъолияти 2 ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дисапораҳои тоҷикон дар Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Қирғизистон ва 8 марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии тоҷикон дар Қазоқистон мавод дастрас гардида, ҷиҳати барқарор намудани робита бо онҳо фаъолият идома дорад.

Маълумоти дастрасшуда оид ба фаъолияти диаспора ва созмонҳои тоҷикони бурунмарзӣ тариқи сомонаи Хадамоти муҳоҷират www.migration.tj ва шабакаи интернетӣ паҳн карда шуда, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо онҳо идома дорад.

Вобаста ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо оид ба фаъолияти диаспораҳо, тавассути шабакаи Интернет маводи зиёде оид ба фаъолияти диаспораҳои Арманистон, Озарбойҷон, Исроилу Туркия дастрас гардида, таҳти омӯзиши ҳамаҷониба қарор доранд.

Ҳамзамон, хадамот дар ҳаллу фасли масъалаҳои робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамкориро бо Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба роҳ монда, дар масъалаи барқарорсозии робитаҳои судманд бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ҷиҳати муттаҳидсозии онҳо тадбирҳо андешида истодаанд.

Инчунин, масъулини Хадамот дар конференсияи илмӣ-амалии байналхалқии «Истиқлолияти Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон: таърихи ташаккул, дастовард ва мушкилот», ки рӯзҳои 2-3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, дар баромадашон оид ба сиёсати давлат дар ин самт ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, диаспора ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ҳамкории доимӣ баҳри иҷрои талаботи Консепсия даъват намуданд.

Дар таърихи 5 сентябри соли ҷорӣ дар Хадамоти муҳоҷират вохӯрии Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Анҷумани форсизабонони Англия Ҷалоли Бадахшонӣ, раиси тоҷикон ва форсизабонони Канада Шоҳ Исматуллоҳ Ҳабибӣ ва раиси Анҷумани «Рӯдакӣ» аз кишвари Фаронса Масъуди Миршоҳӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои мубрами рӯз оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, барқарор намудани робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди Тоҷикистон мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ Роҳбари Анҷумани «Рӯдакӣ» Масъуди Миршоҳӣ қайд намуд, ки дар ҳамдастӣ бо шариконаш омодааст ба рушди Тоҷикистон вобаста ба имконот саҳмгузорӣ намоянд.

Дар ахир як чизро қайд намоям, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи тарҳе кор карда истодааст, ки мувофиқи он тамоми шаҳрвандони атбои хориҷие, ки барои истиқомати онҳо дар Тоҷикистон визаи корӣ дода мешавад, бояд баъд аз як сол кишварро ба қасди дубора визаи корӣ гирифтан тарк кунанд.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi