05:20:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АЗ ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ ДИРАФШИ МИЛЛӢ

ҷ хӯрдани порчаи матоъ аз бод ва ниҳоят байрақ, алам, ливо, роят ва амсоли ин, ки ин ҳама маънӣ дар як порча матоъи манзури мо гирд омадааст ва сермаънитар аз ҳама калимаҳои туркию арабии он аст. Ва ҳам дар миёни номҳои мухталифи он ягона калимаи асили эронист, яъне ориёӣ.

Бад-ин сабаб бояд номи аслии «дирафш» барқарор карда шавад. Инро танҳо мо карда метавонем, (ва вазифадор низ ҳастем) зеро меросбарони воқеъии тамаддуни эронитаборон моем. Эрону Афғонистони имрӯз махлут бо тамаддунҳои эронӣ, паштунӣ ва туркист, ки яқин аст манфиъатҳои сегонаашон намегузорад, ки ягонаи тоҷикӣ (эронӣ) пойдор буда бошад ва ё эҳё гардад.

Дар тамоми адабиёти то ба имрӯз расидаи давраи инкишофи тиллоии халқи тоҷик, яъне замони Тоҳириён, Саффориён ва махсусан Сомониён танҳо номи «дирафш» сабт аст, аз ин рӯ моро низ лозим аст, ки ин номи муқаддаси нишони миллии падарони худро, бидуни манъи дигар синонимҳои маъмулшудаи баъдии он, бори дигар эҳё ва ба таври умум роиҷу машҳур гардонем ва дар садри ин калимот қарор диҳем.

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi