“Мубориза бо фасод пурзӯр мешавад!”
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”-ро дар 9 моҳи соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки прокуратураи вилоят фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилоят ба роҳ монда, дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.
Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 96 (82) ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ворид ва бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи таҳлилшаванда 383 (355) ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, бо 353 (312)-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла бо моддаҳои 245 -132 (105) , 314-316 -45 (30) 247-52 (54), 319-320- 13 (11), дигар ҷиноятҳо – 111 (111) адад оғоз карда шудааст.
Аз ин шумора, 177 (174) парвандаи ҷиноятӣ пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардида, 1 (3) парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд қатъ, дар 34 (21) ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ бо дигар парвандаҳо ҳамроҳ, 3 (7) парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд боздошт гардида, 55 (19) парвандаи ҷиноятӣ аз руи тобеъият ирсол карда шуда 94 (48) парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд қарор доранд.
Вобаста ба ошкор ва оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин самт фаъолияти дастгоҳи прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Норак, Левакант, Ёвон, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, Темурмалик, А.Ҷомӣ ва Шаҳритус назаррас аст.
Дар ин давом 8 (8) ҷинояти гирифтани пора, 5 (2) ҷинояти додани пора ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 13 (10) ҳолати содир кардани ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо ошкор ва ба қайд гузошта шуда, баъди таъмини санҷиши пурра ва ҳамаҷониба бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.
Ҳамчунин муайян гардид, ки аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 19 ҷиноят аз тарафи 16 нафар кормандони соҳаи маориф, 4 ҷиноят аз тарафи 4 кормандони соҳаи тандурустӣ, 8 ҷиноят аз тарафи 1 нафар дар соҳаи хусусигардонии амволи давлатӣ, 1 ҷиноят аз тарафи 1 нафар дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 2 ҷиноят аз тарафи 2 нафар дар фаъолияти бонкӣ, 1 ҷиноят аз тарафи 1 нафар дар соҳаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои он дар самти истифодаи ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ, маблағҳои зарари ошкоршуда ва барқароршуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа ва бо ин васила ба самъи аҳолӣ расонидани тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, алалхусус тағйироту иловаҳои воридгашта вобаста ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани он пешбинӣ гашта, прокуратураи вилояти Хатлон чораҳои амалиро дар роҳи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин асос роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 75 парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 52409304 сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 9 моҳи соли 2025 бо парвандаҳои ҷиноятии оғознамудаи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарари ошкоргардида 24 908 167 (14 048016) сомониро ташкил дода, аз ин 13 5546402 (6109054) сомонӣ ба давлат, 7 764693 (4751115) сомонӣ ба шаҳрвандон ва боқимонда ба дигар ташкилотҳо расонида шудааст.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ 10 194 819 (6675637) сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки аз ин 3 323 505 (3 070 408) сомонӣ ба манфиати давлат ва 3 863 310 (2 537 213) сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон мебошад.
Вобаста ба барқароркунии зарар ба давлат оид бо парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кори хуби дастгоҳи прокуратураи вилоят 1 556 556 (1 460 280), прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар 223677 (78062), Норак 375 628 (-), Ҳамадонӣ 126834 (45000), Ҷ.Балхӣ 335796 (214808) сомонӣ, Кӯшониён 150591 (101906) сомонӣ, Ёвон 123606 (88899) сомонӣ намунаи ибрат аст.
Оид ба пешгирии омилҳои коррупсияонӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар 190 (167) ташкилоту муасссиса ва идораву корхонаҳои ҳудуди вилоят дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир намуданд.
Прокуратураи вилоят минбаъд низ назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ кардани онҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои муассирро меандешад.
Шайдуллозода О., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлоноид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назоратидавлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,мушовири адлияи дараҷаи 1
















