10:25:12 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-7

ПЕШВОЯМОН ИБРОҲИМ (А)

НАТИҶАИ НОДОНӢ


Ин қиссаи қавмест, ки дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданду бутҳоеро, ки худашон аз санг месохтанд ибодат мекарданд ва дар ҷаҳолату нодонӣ ғутавар буданд. Ҳокими онҳо Намруд буд, донову зирак ва боқуввату чолок. Намруд рӯзе қавмашро ҷамъ намуд ва бо усули хеле зиракона ба онҳо гуфт:

 

- Эй мардум маро парастиш ва ибодат намоед, ғайри ман каси дигар ё чизи дигарро напарастед. Бо ҳамин тариқ ӯ худашро худои қавм гардонид ва мувофиқи хоҳишоти худ мардумро гумроҳ ва фиреб дод. Мардум, ки банди кашмакаши зиндагӣ буданд, бидуни фикру андеша гуфтаҳои ӯро қабул намуданд ва бо ҳамин Намруд соҳиби тоҷу тахт ва салтанат шуд.

 

МАРДИ БОАНДЕША

Дар чунин шароите, ки мардум ғутавари фасод буданд дар ин сарзамин фарзанде ба дунё омад ва ӯро Иброҳим ном гузоштанд. Иброҳим дар байни қавми хеш нашъу намо ёфта ба вой расид. Бо ақлу фаҳмише, ки Худованд ба ӯ дода буд, кору рафтор мекард ва ба андешае омад, ки қавмаш дар гумроҳист. Ӯ дарк намуд, бутҳое, ки қавмаш мепарастанд фоидае намеоранд, чунки онҳо сангҳои карру гунгу куре ҳастанд, ки намебинанду намешунаванд ва ҳарф намезананд. Ӯ (Иброҳим) беҳтар аз ин сангҳост, чигуна онҳоро па­растиш намояд? Ӯ ақл дорад, мебинад, мешунавад, ҳарф мезанад, сангҳо ва бутҳо чизе надоранд пас чӣ гуна онҳоро парастад?!

 

Худованд ӯро ба роҳи ҳақ ва дуруст ҳидоят ва раҳнамоӣ намуд. Ӯ дарк кард ва фаҳмид, ки офарандаи дунё ва тамоми мавҷудот Аллоҳи якто ва бе шарик аст. Парвардигори олам ӯро барои нашру паҳн кардани дини ҳақ ба паёмбарӣ интихоб намуд. Иброҳим (а) қавмашро раҳнамоӣ мекард ва ба роҳи рост даъват менамуд.

 

Ҳазрати Иброҳим (а) ба он амри муҳиме, ки Худованд ӯро супориш карда буд амал мекард. Ӯ сӯи қавмаш рӯ оварда онҳоро даъват менамуд, ки ягона Худованди покро бояд парастид. Бутҳое, ки фоидаву зараре оварда наметавонанд сазовор ва лоиқи парастиш нестанд. Бародарони азиз, ин даъват ба сӯи хайру салоҳ ва кори муқаддас буд, даъват ба сӯи Ислом, даъ­ват ба сӯи некбахтии дунё ва охират. Худо яктост ғайри ӯ худои дигаре вуҷуд надорад.

 

Дар қиссаи ҳазрати Иброҳим (а) ҷолиб ва аҷоиб он аст, ки падари Иброҳим (а) ҳайкал ва бут метарошид ва мардумро барои парастиши ҳайкалу бутҳо даъват менамуд. Вақте Иброҳим (а) ҳақиқатро дарк кард, дар назди худ вазифа гузошт, ки аввал падарашро ба сӯи Ислом ва Имон даъват намояд. Ӯ назди падар рафта бо суханҳои нарму гарм лаб ба гуфтор кушод:

 

- Падарҷони азиз, ман фарзанди шумо ҳастам, Худованд маро паёмбар гардонид ва аз илму маърифат бароям чизҳои зиёде насиб кард. Ин бутҳо ва суратҳо ҳеҷ фоидае надоранд. Касе онҳоро парастиш менамояд дар ҳақиқат шайтонро мепарастад, ки охируламр рӯзи қиёмат гирифтори азобу шиканҷаи дардноке хоҳад шуд. Падарҷон, аз ин бутҳо рӯи гардон ва Худованди ягонаро парастиш намо.

 

ҚАҲРИ ПАДАР

Вақте Иброҳим (а) падарашро даъват ба шинохти Худои ягона кард, падар дар ғазаб шуда дигар ба суханони Иброҳим (а) гӯш надода чунин гуфт:

 

-Эй Иброҳим, ту аз худоҳои ман рӯйгардон ҳастӣ? Ту мехоҳӣ аз ибодату парастиши бутҳо даст кашӣ? Агар бутҳоро парастиш накунӣ, аз хона баромада рав, вагарна дар акси ҳол кушта хоҳӣ гашт. Иброҳим (а) дар муқобили таҳдидҳои падар оромона чунин посух дод:

 

-Салому дуруд бар ту аз Худоям, бароят омӯрзиш мехоҳам. Аз шумо ва аз он чизе шумо мепарастед аз ғайри Худо ҷудо мешавам. Иброҳим (а) бо падар худоҳофизӣ намуда аз хона баромада рафт ва андӯҳгин аз он гашт, ки падараш кофиру нобовар аст. Ӯ ба сӯи қавмаш баргашта бо сабру таҳаммул даъваташро идома дод.

 

ШИКАСТАНИ БУТҲО

Иброҳим (а) дар ҷавониаш хост бо кофирон амалан нишон диҳад, ки бутҳо ҳеҷ фоидае оварда наметавонанд. Ба ин мақсад Иброҳим (а) рӯзе ба ибодатгоҳи (бутхонаи) онҳо рафт ва дар ҳоле, ки касе он ҷо набуд ба масхара кардани бутҳо шурӯъ на­муда гуфт:

 

-Оё намехӯред? Чаро сухан намегӯед?

 

Сипас табарро гирифта бутҳо ва муҷассамаҳоро, ки дар бутхона буданд пора - пора намуда табарро ба гардани яке аз бутҳо, ки боқӣ монда буд овезон намуда худ бадар рафт. Вақто, ки мардум вориди бутхона шуда вазъиятро диданд байни ҳам гуфтанд:

 

ӣ ба худоҳои мо чунин кард. Яке аз онҳо гуфт:

 

-Шунидем ҷавоне бо номи Иброҳим (а) алайҳи бутҳо чизе мегуфт, шояд ин кори ӯст... Кофирон тасдиқ карданд, ки ин ҳамон ҷавонест, ки бутҳоро танқиду таҳқир мекард ва ба хулосае омаданд, ки Иброҳим (а) - ро пайдо сохтаву ҷазояш бидиҳанд.

 

ФУРСАТИ МУНОСИБ

 

Оқибат мардумро ҷамъ наму­да Иброҳим (а) -ро оварданд. Иброҳим (а) хурсанд буд, зеро ӯ фурсате пайдо сохта буд, то дар ҷамъи мардум даъвати эшон намояд. Бутпарстон дар бутхона гоҳ ба бутҳои хору зори пора - пора ва гоҳе ба он буте, ки Иброҳим (а) табарро дар гардани ӯ овехта буд нигариста баъзеҳо ҳайрон ва баъзе ба қаҳр омада аз Иброҳим (а) мепурсиданд:

 

-Эй Иброҳим, оё ту бо худоҳои мо чунин кардӣ?

 

- Иброҳим (а), ки худ мунтазири чу­нин савол буд гуфт:

 

- Балки инро калони бутҳо кардааст, аз онҳо бипурсед агар метавонанд сухан бигӯянд?! Баъди шунидани ин ҷавоб бутпарастон ҳайрон - ҳайрон ба якдигар нигариста гуфтанд:

 

- Ту худ дар ҳақиқат медони, ки бутҳо сухан намегӯянд. Чун бо ин саволу мукотиба бутпарастон нотавонӣ ва оҷизии худро дар муқобили ҳақиқат собит карданд, қоил ва таслим шуда ба хулосае омаданд, ки бутҳо сухан на­мегӯянд ва наметавонанд фоидае биёранд.

 

РОҲИ ИБРОҲИМ (а)

Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҷамъомади қавмаш сухани бузург гуфт:

 

- Оё шумо парастиш мекунед ғайри Худо чизеро, ки фоидаву зараре барои шумо меорад?! Вой бар ҳоли шумо ва барои он чизе, ки шумо парастиш мекунед аз ғайри Худо... Паёмбар даъваташро идома дода қавмашро мефаҳмонид, ки барои ҳар инсон воҷиб ва зарур аст, ки танҳо ба Худои ягона имон оранд. ӯро парастиш намоянд ва фақат ҳар хостаро аз Худо бихоҳанд. Лекин гиреҳи дилҳои қавмаш кушода нашуда баръакс аз мансабу ҷои худ тарсида гуфтанд:

 

-Бисӯзонед Иброҳимро ва худоҳои худро ёрӣ диҳед агар коре карданӣ ҳастед. Билохира қарор доданд, ки Иб­роҳимро ба хотири имону бовар доштанаш ба Худои ягона дар оташ афкананд то сӯхта бимирад.

 

НАҶОТИ ИБРОҲИМ

Додаракони азизам, агар аз шумо бипурсам, ки ҳазрати Иброҳим (а) чӣ гуноҳ дошт, ки ӯро ба оташ партофтанд, шумо дар ҳол хоҳед гуфт, ки:

 

-Ӯ ба Худо бовар дошт, дигар гуноҳе надошт. Ӯ ошкор мардумро даъват ба шинохти Худои яго­на мекард, то аз гумроҳй ва нодонӣ наҷот ёбанд. Баъди ин, ки шӯълаи оташ ба­ланд шуд Иброҳим (а) - ро дар оташ андохтанд, Иброҳим (а) заррае тарс дар вуҷуд надошт, зеро ӯ ба Худо бо­вар дошт, ки ӯро наҷот хоҳад дод... Ва чунин амру супорише аз осмон нозил шуд:

 

- Эй оташ сард шав ва Иброҳим (а) - ро саломат нигаҳ дор …

 

Оташ тамом шуд ва ба Ибро­ҳим (а) осебе нарасонид. Мардум ҳайрон шуда дар тааҷҷуб монданд, аз кори кардаашон хиҷолат кашиданд. Худованд рост гуфт: Онҳо иродаи макру фиреб карданд, онҳоро зиёнмандтарин гардондем.

 

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi