19:45:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-15


ҚИССАИ ГОВ

 Яке аз қиссаҳо ва саргузашти машҳури бани Исроил бо Паёмбарашон қиссаи гов аст. Нафаре писари амакашро барои молу дороияшро аз худ кардан мекушаду каси дигарро ба ин куштор туҳмат мекунад. Барои ҳалли ин мушкилот ва ёфтани кушанда мардум ба назди ҳазрати Мӯсо (а) рафтанд, то ин қазияро ҳал кунад. Ҳазрати Мӯсо (а) хост то номи кушандаро барояш ошкор намояд, то ин кори пинҳон ошкор шавад. Аз ҷониби Парвардигори олам чунин амру супориш омад: «Барои онҳо зарур аст то говеро бикушанд, сипас пораи гушти вайро гирифта ҷисми мурдаро бизананд  ӯ ду бора зинда шуда номи кушандаро хоҳад гуфт. 

СУХАНҲОИ НОМАФҲУМ

Ин супоришро қавм иҷро накард ва гумон карданд, ки Мӯсо (а) онҳоро масхара мекунад. Бинобарин ин боз пурсиданд, набошад агар ҳар говеро мекуштанд мешуд, локин онҳо дар суол сахтгирӣ карданд ва Худованд бар онҳо сахт гирифт ва сифатҳои говро зиёд намуд. Аз ҷумла: Матлуб гови миёнасол ва ранги зардаш зиёдтар бошад, ки касе мехоҳад тамошояш кунад. Гове бошад, ки уро дар зироаткорӣ ва ҷуфт кардани замин кор нафармуда бошанд, инчунин ягон айбу касал надошта бошад (кур набошад, ягон гӯшаш буридагӣ набошад, шохҳояш шикастагӣ набошад ва ғайра. М.) 

Қавми Мӯсо (а) ба кофтуков шурӯъ карданд, локин ёфтани чунин гов бо чунин сифатҳо кори осон набуд… Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд ва он қавм ҳар ҷое, ки имконият доштанд ҷустуҷӯ карданд, локин пайдо накарданд. Билохира меҳнату машақати зиёд гови супоришударо пайдо намуда ва ӯро қурбонӣ намуданд. Ҳақиқат ошкор шуд ва кушандаро низ шинохтанд. 

ҚИССАИ МӮСО (А) БО МАРДИ ПОРСО ВА ПАРҲЕЗКОР

Охирин қииса дӯстони ман аз ҳазрати Мӯсо (а) қиссаи ӯ бо марди порсо мебошад. Рӯзе марде аз ҳазрати Мӯсо (а) пурсид: Эй Мӯсо, оё дар рӯи замин аз ту донотар вуҷуд дорад? Мӯсо (а) гуфт: (не вуҷуд надорад). Локин Худованди таъоло Мӯсо (а) – ро фаҳмонид, ки илм ва донои танҳо дар як Паёмбар нест. Касони дигаре ҳастанд, ки аз Мӯсо (а) донотаранд. Мӯсо (а) аз Парвардигор хост, то ҷой ва мақоми ҳамон марди оммиро барои ӯ нишон диҳад. Худованд барои Мӯсо (а) гуфт: Дар ҳақиқат он марди олим вуҷуд дорад. 

Мӯсо (а) амри Худовандро иҷро намуд, бо ҳамроҳии хидмадгораш ба он ҷое, ки Худованд раҳнамояш карда буд, равон шуд. Онҳо барои дар роҳ таом пухтанашон моҳии калонеро гирифта буданд. Дар роҳ ҷое дам гирифтанд, вақте ба роҳ баромаданд моҳиро он ҷо фаромӯш карданд. Чанде роҳ рафтанд Мӯсо (а) эҳсоси гуруснагӣ намуда ба шахсе, ки ҳамроҳаш буд гуфт, моҳиро биёр то чизе пухта бихӯрем. Хидматгораш гуфт, ки моҳиро дар ҷое, ки дам гирифта будем фаромӯш кардем. Мӯсо (а) ба ҳамсафараш гуфт: Хости Худо чунин будааст. Биё ба он ҷое, ки моҳиро фаромӯш кардем бармегардем. 

Онҳо ба он ҷое, ки моҳиро фаромӯш карда будан ба он ҷо бар гаштанд, локин моҳиро он ҷо наёфтанд, балки мардеро диданд, ки Мӯсо (а) барои аз ӯ таълим гирифтан омада буд. Инҷо ҳикмати Худованд барои Мӯсо (а) оғоз мешавад. Оё Мӯсо (а) ин ҷо мефаҳмад, ки аз ӯ донотар касе дигар ҳам ҳаст. Ба сӯи мард рафта салом медиҳад ва мегӯяд: Оё иҷоза медиҳед ҳамсафари шумо бошам ва шуморо пайрави намоям, то аз шумо чизе омӯзам? Он мард чунин ҷавоб дод: Бо ман ту сабр карда наметавонӣ, чунки корҳои аҷоиберо мебинӣ, ки ман иҷро мекунам. Ту сирру ҳикмати он корҳоро нафаҳмида ғазаб мекунӣ, зеро барои ту он корҳо аҷоиб менамояд. 

Мӯсо (а) гуфт: «Маро иншааллоҳ аз ҷумлаи собирон хоҳӣ ёфт ва супоришҳои туро сарпечи нахоҳам кард». Он мард гуфт: Агар мехоҳӣ, ки бо ман биравӣ пас аз ман чизеро напурс, то худам сухан нагӯям. Ин шартро Мӯсо (а) қабул намуд ва бо он мард дар кишти савор шуд. Дар аснои сафар тахтачаи хурдеро аз он кишти шикаста ва об ба дохили кишти даромад, ин кори ӯро ҷуз Мӯсо (а) касе надид. Аз ин кори ӯ Мӯсо (а) дар ғазаб шуда гуфт: 

Ин мардум ба ту чӣ бадӣ карданд, ки мехоҳӣ онҳо ғарқ шаванд? Мардуми дар кишти буда, одамони хуб ҳастанд ва ба мо бадие накардаанд? Дар ин ҳол  марди олим ба Мӯсо (а) гуфт: «Оё нагуфтам: Дар ҳақиқат бо ман сабр кардан наметавонӣ?». Мӯсо (а) афсӯс хурда арзи пушаймонӣ намуда гуфт: Узр мехоҳам фаромӯш намудам дигар хомӯш мемонам ва сабр менамоям. Ба соҳил расиданд ва аз кишти фаромаданд. 

Дар он ҷо бошад бачаи хурдеро диданд, он мард назди писарбача рафт ва ӯро кушт. Мӯсо (а) фарёд намуд: Оё тифли бегуноҳеро мекушӣ? Дар ин ҳол он мард бори дигар шарти кардаашро ба хотири Мӯсо (а) оварда гуфт: Оё барои ту нагуфтам: Дар ҳақиқат бо ман сабр карда наметавонӣ? Мӯсо (а) шарм дошта гуфт: «Агар баъди ин аз ту чизеро бипурсам маро ҳамроҳ нагир». 

Баъди чанде ба қишлоқе даромаданд, ки онҷо гуруснагӣ буд. Аз аҳли он таому хурдание талаб намуданд, аммо онҳо чизе ба онҳо надоданд ва гурусна аз он қишлоқ баромаданд. Пеш аз он ки аз қишлоқ бароянд, девореро дидан наздики чаппа шудан буд, он мард он ҷо истида он деворри вайронаро бе аҷру бе музд барои онҳо таъмир намудед, хуб мешуд агар аз онҳо музде мегирифтем ва ба он пул таъом ё хурдание мехаридем?!.   

Суханони Мӯсо (а) – ро он мард гӯш намуда гуфт: «Ин ҷудоги байни ман ва байни туст, ва ҳозир туро ба таъвил ва маънои чизҳое, ки бар онҳо сабр карда натавонистӣ огоҳ менамоям». Он марди олим шурӯъ ба фаҳмонидани Мӯсо (а) кард: 

Якум: Киштиеро, ки мо савор шудем азони камбағалон буд, ки он ҷо подшоҳи золиме буд, ҳар киштии  хубро, ки медид он киштиро ба зӯрӣ аз соҳибошан зада мегирифтанд. Ман як тахтаи онро шикастам, то он киштиро ҳамон подшоҳи золим аз дасти мардуми камбағал нагирад. 

Дуввум: Он писарбачаеро, ки ман куштам, сабабаш дар он буд, ки ӯ фитна барои падару модараш мешуд. Парвардигори олам хост барои онҳо дар бадали ӯ фарзанди хубе ато намояд. 

Саввум: Аммо девореро, ки таъмир намудам то мустаҳкам шавад, ӯ аз ду ятиме буд, ки дар зери он девор хазинаи онҳо пинҳон карда шуда буд. Агар девор чаппа мешуд моли он ду ятим талаф мешуд. Он девори харобгаштаро соз намудам то, ки он ду тифл калон шаванд ва хазинаашонро ба дасти худ аз зери девор бигиранд. Ҳамаи ин коҳоро ман аз пеши худ ва бо хоҳиши худ накадаам, балки амру супориши Худованди таъолоро иҷро намудам. 

Дар ин ҳол Мӯсо (а) хости Худовандро аз сафараш фаҳмид, аз сафари кардааш фоидаҳои зиёде гирифт. Фаҳмид, ки илми Худованд бе канор аст, ҳамаи онро мардум дарк карда наметавононд. Дар ҳақиқат агар инсон ба дараҷаи бузурги илмӣ расад, боз бисьёри чизҳоро дарк намекунад ва намедонад. 

Дар охир аз Худованди доно хоҳони онем, ки моро таълими ҳақ ва хайр намояд, то дар дуньё ва охират бароямон нафъ дошта бошад. Хонандагони гиромӣ, дар ҳамин ҷо ба қисамти аввали китоби «Қиссаҳои Қуръонӣ» хотима мебахшем. Иншооллоҳ дар оянда наздик қисмати дуввуми китобро пешкаши шумо хоҳем кард. 

Дуруду раҳмати Худо бар шумо бод!!!

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/2141--15.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi