02:24:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-11

ПЕШВОЯМОН МӮСО (а) ТАКАББУРИИ ФИРЪАВН

Дар сарзамини Миср қад - қади руди Нил қавми Исроил хушу хурсандона зиндагӣ ва аз неъматҳои додаи Худованд истифода мекарданд. Локин зиндагии онҳо ба ин минвол ва ҳамин равиш дер давом накард. 

Дар ҳамин шаҳр оилае буд ба номи авлоди Фиръавн. Ҳамин авлод ҳокими Миср шуд ва роҳбариро Фиръавн ба даст гирифт. Фиръ¬авн бани Исроилро зери азобу шиканҷа гирифта онҳоро ғуломи худ гардонда даъвои Худоӣ намуд. Фиръавн аз бани Исроил талаб намуд то, ки ӯро парастиш намоянд, дар баробари ин азобу шиканҷаро болои авлоди Исроил зиёд намуд. Фиръавн калонӣ мекард ва зулму ситамро зиёд менамуд, мардум дар бадбахтӣ ва сахтӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Фиръавн ва ҳаммаслаконаш мардумро бераҳмона азобу шиканҷа медоданд. 

КУШТАНИ БАЧАҲО

 Фиръавни саркаш ва кофир намехост, ки бани Исроил лаззати озодӣ ва қувватро дарк намоянд, ӯ мехост то бани Исроил ғулом ва навкари фиръавниён ва хору зору хизматгор бошанд. ӯ мехост хонадони Фиръавн ба ҳокими ва сардорӣ боқӣ монад, бинобар ин фармоне содир кард, ки ҳар кӯдаке, ки аз бани Исроил ба дунё биёяду он кӯдак писар бошад кушта шавад ва агар духтар бошад боқӣ монад. 

Аскарон ва ҷаллодони Фиръавни хунхор мувофиқи фармонаш ба ҳар хонае сар мезаданд ва дар он хона агар писари навзод пайдо мекарданд ӯро аз падару модараш гирифта мекуштанд. Падару модари бечора аз тарси аскарони Фиръавн маҷоли сухан гуфтан надоштанд, фақат барои фарзандонашон дарун ба дарун месӯхтанду халос. 

ТАВАЛЛУД ШУДАНИ МӮСО (а)

 Зане аз бани Исроил хонашин шуд ва мунтазири таваллуд шудани фарзанд буд. ӯ низ мисли дигар модарон аз он дар тарсу бим буд, ки агар аз ӯ писар ба дунё ояд аскарон ва ҷаллодони Фиръавн он тифлро дарҳол мекушанд.

 Лаҳзаҳои каме барои ба дунё омадани тифл монда буд ва модари бечораро аз як тараф дарди зоидан ва аз тарафи дигар фикри тифли оянда азоб медод. Хулоса тамоми занҳои авлоди Исроил ин тарсу ваҳмро барои фарзандонашон дар дил доштанд. Ва оқибат аз модар писар ба дунё омад.

Баъди таваллуд шудани кӯдак модар дар вуҷуди худ бо отифаи модарӣ эҳсоси аҷибе намуд ва худ ба худ мегуфт: «Ман намехоҳам фарзандам аз дасти фиръав¬ниён кушта шавад ва намехоҳам аз таваллуд шудани писарам касе хабардор шавад». Модари бечора чи кор карданашро намедонист чун ки аскарони Фиръавн хонаҳоро як -- як тафтиш мекарданд. 

ТИФЛАТРО ДАР ОБ ПАРТО!

 Хоҳишу иродаи Худо дар ин мушкилоте, ки барои модар пеш омадааст модарро барои наҷоти фарзандаш роҳнамоӣ мекунад, зеро ки Фиръавн бо куштори тифлон мехоҳад ҳамчун Худо дар болои мардуми Исроил чун ҳоким боқӣ бимонад.

 Иродаи Худованди бузург он буд, ки ин тифли навзод сарнагункунандаи Фиръавн ва зулми фиръавниён бошад, бинобар ҳамин ба модари тифл илҳом менамояд: Агар ту аз кушта шудани фарзандат метарсӣ, пас фарзандатро дар сандуқе гузор ва он сандуқро дар дарё парто, дарё он сан¬дуқро ба сӯи Фиръавн мебарад! Локин ту мутмаъин бош, Фиръавн фарзанди туро нахоҳад кушт! 

САНДУҚ ДАР НАЗДИ ФИРЪАВН

 Ин тифл Мӯсо (а) буд ва Худованд ин тиф¬ли хурдакакро аз кушта шудан нигоҳ дошт. Локин чӣ гуна ӯро бо ин тариқ нигоҳ медорад? Худованди доно бар ҳамаи чиз қодиру тавоност, ваъдаашро амалӣ менамояд.

 Модар бо вуҷуди тарсу бим бар фар¬зандаш мутобиқи амри Худованд ӯро дар сандуқе гузошта сандуқро ба наҳр мепартояд. Наҳр сандуқро мебарад, апаи Мӯсо дунболи сандуқ қад - қади руди Нил меравад то бифаҳмад бо бародараш чӣ хоҳад шуд. Наҳр ба даруни қасри Фиръавн мегузарад ва онҷо сандуқро зане мегирад... 

КӮДАКРО КӢ ТАРБИЯ МЕКУНАД?

 Зане, ки кӯдакро аз об гирифта буд дар ҳақиқат завҷаи Фиръавн буд. Онҳо фарзанд надоштанд, бинобар ҳамин завҷаи Фиръавн кӯдакро дӯст медорад ва аз шавҳараш талаб мекунад, ки кӯдакро дар хонаи онҳо монад то ӯро ба фарзанди қабул намоянд. Фиръавн ба суханони завҷааш розӣ мешавад. Тифл аз гуруснагӣ гириставу дасту по мезанад. 

Як чанд зани ширдеҳро оварданд, локин тифл синае бар даҳон набурдаву ҳамчунон мегирист. Апаи Мӯсо (а) пушти дарвозаи Фиръавн истода ҳамаи ин ҳолро медид. Баъдан ӯ пеш рафта гуфт: Оё занеро барои шумо нишон диҳам, ки кӯдакро шир диҳад ва баъд бо ризоияти соҳибхона кӯдакро гирифта ба назди модараш овард, тифл ҳамон за¬мон пистони модарро ба даҳон гирифт. Фиръавн дар ҳоле, ки намедонист ин зан модари ҳақиқии тифл мебошад ризоят дод. Бо ҳамин Худованди бузург тифлро ба модари худаш баргардонид, дар ҳақиқат ӯ ваъда дода буд, ки Фаръавн тифлро нахоҳад кушт. 

ХУРСАНДИИ МОДАР

 Хурсандии модар ҳадду канор надошт, шумо додаракони азиз тасаввур кунед мо¬дар бо фарзандаш хайрбод гуфта ӯро дар сандуқе гузошта ба сӯи душман ва кушандаи тифлон фиристода буд. Локин бо кӯмаки Иллоҳӣ тифл бе ягон осебу зарар ба сӯи модари худ баргардонда шуд. 

Дар ҳақиқат Худованди якто нагузошт, ки модари бечора шабу рӯзашро дар фироқи фарзандаш гузаронад, балки тифлашро ба ӯ баргардонид то, ки дилаш ором гирад. ӯ тифлест бузург хоҳад шуд ва фатҳу зафар бар Фиръавну фиръавниён ёбад. 

КУШТА ШУДАНИ МАРДЕ

 Муддати ширхорагии Мӯсо гузашт. ӯ ба воя расида ҷавони ботануманд ва боқувват мисли паҳлавонони замони худаш гашт.

 Рӯзе аз роҳ мегузашт, дид ки ду нафар бо ҳам ҷангу ҷидол доранд. Ба тарафи онҳо рафт, дид ки якеаш аз қавми ӯст ва дигараш аз қавми Фиръавн. Вақто, ки марди аввал ӯро дид талаби ёрӣ намуда гуфт: «Эй Мӯсо маро аз чанги фиръавниён наҷот деҳ». Мӯсо (а) бар Фиръавнӣ ҳуҷум намуда ӯро муште зад. 

Мушти Мӯсо (а) чунон сахт буд, ки Фиръавнӣ дар замин афтида мурд. Ин ҳодисаро кас аз лашкариёни Фиръавн надид ва касе на медонист, ки Фиръавниро кӣ кушт? 

ТАРСУ ВАҲМ

 

Дар ҳақиқат Мӯсо (а) аз кори кардаан пушаймон шуд, зеро ӯ қасди куштани Фиръавниро надошт ва аз Худованд талаби бахшиш менамуд. Худованд гуноҳи ӯро бахшид. («Дар ҳақиқат Худованд бахшандаи меҳрубон аст»). 

Иттифоқан рӯзе боз ҳамон мардро дид, ки бо фиръавние ҷанг дорад ва бо дидани Мӯсо (а)  мегӯяд: «Маро. наҷот деҳ (ҳамчуноне, ки бори аввал карда будӣ)», локин Мӯсо (а) гуфтаи он мардро иҷро накард. Фиръавнӣ тарсид ва фаҳмид, ки кушандаи он марди Фиръавнӣ Мӯсо (а) будааст ва гумон дошт, ки ҳозир Мӯсо (а) ӯро низ хоҳад кушт, бинобарин ба Мӯсо (а) гуфт; «Эй Мӯсо оё мехоҳӣ маро бикушӣ ҳамчуноне дирӯз якеро куштӣ?!». 

Бо шунидани ин сухан мардум фаҳмиданд, ки кушандаи Фиръавнӣ Мӯсо (а) бу¬дааст ва аскарҳои Фиръавнӣ пайи ҷустуҷӯи Мӯсо (а) шуданд, то ӯро ба қатл бирасонанд. 

ТАРКИ ШАҲР

 Мӯсо (а) дар ҳайрат аз он монд, вақте ки марде ба назди ӯ омада гуфт: «Эй Мӯсо: Хабаре дар шаҳр паҳн шудаст, ки ҳамон фиръавниро ту куштаӣ ва аскарҳои Фиръавн туро кофтуков доранд, то муҳокима намоянд ва ҷазо диҳанд. «Эй Мӯсо, ту бояд шаҳрро тарк намоӣ, то ҷон ба саломат бибарӣ, дар акси ҳол агар ба чанги аскарон афтӣ онҳо туро мекушанд». Мӯсо (а) суханони он мардро гӯш намуда насиҳати ӯро қабул намуд ва қарор дод, ки аз шаҳр барояд, локин куҷо равад? Ба ҳар ҳол шаҳрро тарк намуд. 

ӯ аз шаҳр хориҷ шуда сӯи шаҳри дигаре раҳсипор шуд. Масофаҳои зиёдеро дар саҳроҳо тай намуд.

Дар ҳақиқат Худованди муттаъол ӯро дар тифлиаш аз кушта шудан наҷот дод. Ҳозир бошад ӯ аз шаҳр дур гашт, то ки Худованд ӯро аз кушта шудан нигоҳ дорад. Худованд Мӯсо (а) -ро нигоҳ дошт то, ки дар оянда ба воситаи ӯ бани Исроилро аз зери зулму ситам ва асорати Фиръавну фиръавниён наҷот бахшад, ба онҳо фаҳмонад, ки дар муқобили ноадолативу шиканҷаҳои Фиръавн ором нанишинанд. Мӯсо (а) ба сӯи сарзамине, ки дар он қавми Шуъайб (а) сукунат доштанд роҳ пеш гирифт. 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoi-umed/1361-kissahoi-kuroni-11.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi