16:55:15 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Гар бисӯзад, гӯ бисӯз в-ар навозад, гӯ навоз

“Касе, ки аз рӯи имон ва ихлос Рамазонро рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи вай бахшида мешавад”. Расулаллоҳ (с)

Боз сухан аз моҳи Рамазон аст. Моҳи баракату нусрат ва омурзишҳи гуноҳон. Хушо ба ҳоли онон, ки ин ҳикматро дарёфтанд ва рӯзҳову шабҳои Рамазонро ба зӯҳду порсоӣ, тиловати Қуръону салавот бар Расул (с) сипарӣ мекунанд. Хушо ба ҳоли касоне, ки дар ин моҳ чанд хатми Қуръон доранд ва ин фармудаи Расули Худо (с)-ро ба ҷо меоранд: “Беҳтарин фазилати уммати ман тиловати Қуръон аст”.

ramadan-mubarak-2013Ва хушо ба ҳоли онон, ки зикри Худо мегӯянд, тасбеҳ мегардонанд ва ба ҳар донаи он даҳҳо бор номи он зоти шарифро ба забон меронанд. Хушо ба ҳолашон, ки аз ин моҳ баҳраҳо мебаранд бо тоату ибодат ва накукорӣ! Ва ин моҳ шарофатҳову фазилатҳое дорад, ки агар даҳҳо варақ сиёҳ кунем, боз ҳам бинем, ки чизе нагуфтаем.

Моҳи Рамазон ва тафсири ирфонии он

Аммо ин бор мо шуморо ба хондану шунидани тафсири рамазонии машоих ва суфиёни пок мехонем, то бубинем, ки онҳо ин фалсафаро дар чӣ ёфтаанд. Чун ҳар тоифа аз бузургони Ислом рӯзаро ба таври худ шарҳу тавзеҳ додаанд ва ин тафсирот ҳар кадом ба зоти худ зебову ҷаззоб ва хонданиву шуниданист. Пири суфиёни Ҳирот Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ шарҳе доранд дар ин маврид. Ва тафсири ишонро шарҳи ирфонии рӯза меноманд, ки барҳақ аст.

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар «Кашфуласрор» баъди шарҳи ояи 183 аз сураи муборакаи Бақара менависанд: «Ба забони ишорат ва баёни ҳикмат мегӯяд: Эй шумо, ки мӯъминонед! Рӯза, ки бар шумо навишта шуд, аз он навишта шуд, ки ҳама меҳмони Ҳақ хоҳед буд. Фардо дар биҳишт хоҳад то меҳмонон гурусна ба меҳмонӣ барад, ки каримон чун касеро ба меҳмонӣ баранд, дӯст доранд, ки меҳмон гурусна бошад, то зиёфат ба дили меҳмон ширинтар бувад. Рабби оламин биҳишт ва ҳар чӣ дар он аст, мӯъминонро офарид, ки ҳеҷ чиз аз они вайро ба кор нест ва ба он мӯҳтоҷ нест.

 Ҳикмати дигар гуфтаанд рӯзаи рӯзадорро. Яъне, то худовандони неъмати ҳол дарвешон ва гуруснагии ишон бидонанд, аз ин ҷо буд, ки Мустафо (с)-ро аз аввал ятим кард, то ятимонро неку дорад, пас ғариб кард то ғарибии худ ёд оварад ва бар ғарибон раҳмат кунад ва бемол кард вайро, то дарвешонро фаромӯш накунад.

Рӯзаи оммаи мӯъминонро ба забони шариат шунидӣ, акнун рӯзаи ҷавонмардони тариқатро ба забони аҳли ҳақиқат шунав ва самара ва анҷоми он бидон: Чунонки ту танро ба рӯзадорӣ ва аз таъом ва шароб боздорӣ, ишон дилро ба рӯза дароранд ва аз ҷумлаи махлуқот боздоранд.

Ту аз бомдод то шомгоҳ рӯза дорӣ, ишон аз аввали умр рӯзадоранд, майдони рӯзаи ту як рӯз аст, майдони рӯзаи ишон як умр.

Забони ҳоли ошиқон

Худовандони маърифатро ин ҷо рамзе дигар аст: Гуфтанд, Рамазон аз он гуфтанд, ки Раббулъиззат дар ин моҳ дилҳои орифонро аз ғайри худ бишӯяд, пас ба меҳри худ бисӯзад, гаҳ дар оташ дорад гаҳ дар об, гаҳ ташнаву гаҳ ғарқи об, на ғарқа сероб ва на ташнаро хоб ва забони ҳоли ишон мегӯяд:

Гар бисӯзад гӯ бисӯз в-ар навозад, гӯ навоз,

Ошиқ он беҳ к-у миёни обу оташ дар бувад.

То бад-он аввал бисӯзад, пас бад-ин ғарқа шавад,

Чун зи худ бехуд шавад, маъшуқаш андар бар бувад.

Ин аст, ки пири тариқат гуфт:

Дар ишқи ту бесарем саргашта шуда,

В-аз дасти умеди мо сарришта шуда.

Монанди яке шамъ ба ҳангоми сабуҳ,

Бигдохтаву сӯхтаву кушта шуда.

РӮИ НИЁЗ БА ДАРГОҲИ ДӮСТ

Худовандо! Эй гардонандаи дилҳо! Дилҳои моро ба сӯйи тоъати худ бигардон.

Худовандо! Ман аз ту ҳидоят ва парҳезгорӣ ва покдоманӣ ва бениёзӣ мехоҳам.

Худовандо! Ман аз заволи неъмат, дигаргунии офият ба ногаҳон омадани хашмат ва ҳар гуна  нохушнудият ба ту паноҳ мебарам.

Худовандо! Ман аз илми бефоида ва дили нофурутан, нафси серношуда ва дуое, ки  мақбул наяфтад, ба ту паноҳ мебарам.

Худовандо! Аз фитнаи оташ ва азоби ҷаҳаннам ва аз шарри сарват ва фақр ба ту паноҳ мебарам.

Худовандо! Аз ахлоқ ва аъмол ва хостаҳои нописанд ба ту паноҳ мебарам.

Худовандо! Муҷиботи раҳмат, асбоби мағфират ва раҳоӣ аз ҳар гуноҳе ва бархӯрдорӣ аз ҳар чизи хубе ва растагории роҳ ёфтан ба биҳишт ва наҷот аз оташи ҷаҳаннамро аз ту мехохам.

Худовандо! Моро ҳидоятгар ва роҳёфта қарор бидеҳ, на гумроҳу гумроҳкунанда, моро ёри дӯстонат ва душмани душманонат қарор бидеҳ.

Худовандо! Маро сипосгузор ва бурдбор ва дар чашми худ хору дар дидагони мардум бузург қарор деҳ.

Худовандо! Маро чунон кун, ки шукри туро бузург шуморам ва бисёр ба ёди ту бошам ва аз насиҳати ту пайравӣ ва васияти туро ҳифз кунам.

Худовандо! Аз ту сиҳатии имон ва устуворӣ дар ҳусну хулқ ва комёбие, ки растагорӣ ба дунбол дошта бошад ва раҳмате аз сӯйи ту ва офият ва мағфират ва ризвоне аз сӯйи ту хоҳонам.

Худовандо! Гуноҳонам ва тамоми хатоҳоямро бубахш.

Худовандо! Имон ва яқине ба ман ато кун, ки пас аз он куфр ва инкоре ҳосил нашавад ва раҳмате бар ман арзонӣ дор, ки ба шарафи гиромидошти ту дар дунё ва охират ноил оям.

Эй Худованди мо ва Парвардигори ҳама чиз! Ман гувоҳам, ки ту ба танҳоӣ ва беанбоз Парвардигорӣ.

Худовандо! Ба дилам тақвояшро иноят кун ва онро пок бидор, ки ту беҳтарин  покдорандаи дилҳоӣ, ту валиву мавлои онӣ.

Худовандо! Ман аз шарри он чӣ ба мо додаӣ ва низ аз шарри он чӣ ки моро боздоштаӣ ба ту паноҳ мебарам.

Худовандо! Имонро барои мо маҳбуб бидор ва онро дар дилҳомон биёрой ва куфру фисқ ва саркаширо дар чашми мо нопадид бидор ва моро аз ҳидоятёфтагон бигардон.

Худовандо! Моро мусалмон бимирон ва мусалмон зинда бидор ва ба некукорон на фурӯмоягон, бипайванд.

Худовандо! Дасти баракот ва бахшоиши фазли худро бар мо бозкушо.

 Худовандо! Ман ба рӯзи тиҳидастӣ аз ту неъмат ва ба рӯзи тарс амният хоҳонам.

Худовандо! Динамро, ки ҳамон сарриштаи корҳои ман аст, дунёямро, ки зиндагониам дар он аст, охиратамро, ки бозгаштам дар он аст, барои ман нек бигардон.

Худовандо! Ҳар гуноҳеро, ки дар гузашта ё дар оянда, ниҳон ва ошкор муртакиби он мешавам ва ҳар гуноҳеро, ки ту аз он огоҳтар аз манӣ, бубахшой, ки ту бар ҳар чиз тавоноӣ.

Худовандо! Таслими ту мешавам ва ба ту имон меоварам ва бар ту таваккул мекунам ва ба даргоҳи ту рӯй меоварам ва бо дигарон мубориза мекунам ва аз ту дод мехоҳам.

Худовандо! Ҳидоятамро ба ман иноят кун ва аз шарри нафсам маро паноҳ деҳ.

Худовандо! Ончиро, ки ба назари ман намеояд ва ният ва дархостам ба он намерасад, ҳар он хайреро, ки ба касе аз офаридагонат ваъда додаӣ ва ё хайре, ки ба назари лутфи худ ба касе аз бандагонат медиҳӣ, ман онро аз ту мехоҳам.

Эй, Парвардигори ҷаҳониён! Ман хоҳони раҳмати ту ҳастам!

Худовандо! Байни мо сулҳ ва созиш барқарор намо. Моро ба роҳҳои дуруст ҳидоят кун ва аз торикиҳо раҳоӣ бахш ва ба сӯи нур раҳ намо, моро аз корҳои зишти ошкор ва пинҳон дур бидор.

Парвардигоро! Аз ту мехоҳам дар муқобили ҳар кор, ки тавони рӯёрӯӣ бо онро надорам, тавоне ба ман арзонӣ дорӣ, ки умеди онро надошта ва бар забонам ҷорӣ нашуда бошад ва яқине ба ман ато фармо, ки маро аз ҳоҷат хостан аз ғайри ту боздорад; ба дурустӣ, ки ту бар ҳар кор қодир ва тавоноӣ.

Худовандо! Аз Ту мехоҳам ба нерӯ ва азамат ва салтанат, ки маро аз шайтони рондашуда ва аз шарри ҳар ситамгари кинатуз паноҳ диҳӣ. Эй он ки аз падару модар ва аз тамоми мардум некукортарӣ! Ту бахшандае ҳастӣ, ки бухл намеварзад ва бурдборе, ки ҷаҳл дар ӯ роҳ надорад ва азизе ҳастӣ, ки залил намегардад.

Эй шунавандаи ҳар садо ва эй пешгирандаи ҳар заволёбанда! Эй зиндакунандаи устухонҳо пас аз пӯсида шудан ва эҷодкунандаи онҳо баъд аз марг! Бар Муҳаммад ва Оли асҳобаш дуруд фирист ва барои ман ва тамоми мӯъминон аз ҳар ғаму андӯҳ роҳи раҳоӣ муқаррар кун, ту, ки бар ҳар кор қодирӣ.

Худовандо! Моро ҳидоятгар ва роҳёфта қарор бидеҳ, на гумроҳу гумроҳкунанда, моро ёри дӯстонат ва душмани душманонат қарор бидеҳ.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi