06:20:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-6

Имом Абӯюсуф меорад, ки дар ҳаққи устодам Абӯҳанифа пеш аз падару модарам дуъо мекунам. Овардаанд, ки Имом Ҳасан ибни Аммора гиребони худро дошта мегуфт: 

«Дар ҳаққи Худо, ки Абӯҳанифа, надидаам мисли ту дар фиқҳ бо ин сухани хушу боматонат ва ҳозирҷавобӣ. Ту ин замон деворе ҳастӣ бар фуқаҳо». Шахсе бар Ибни Авн аз Имоми Аъзам сухан карда мегӯяд, ки Абӯҳанифа аз сухани имрӯз гуфтаи хеш рӯзи дигар бармегардад. Ибни Авн дар ҷавоб мегӯяд: «Ин сухани ту далели равшан аст бар зӯҳду тақвои Абӯҳанифа, зеро аз хато ба савоб бармегардад, агар барнагардад хатояш боқӣ хоҳад монд».

Вақте дар ҳузури Довуди Той аз Имоми Аъзам сухан мерафт, гуфт: «Абӯҳанифа ситораи рахшонест барои раҳгумзадагон ва дарёи илмест, ки мақбули ҳамаи дилҳост».

Аз Халифа ибни Аюб овардаанд, ки гуфт: «Илм аз тарафи Худои таъоло ба Муҳаммади Мустафо (с) фиристода шуд ва аз он зоти нубувват ба асҳоби киром ва аз асҳоби киром ба тобеъини изом ва аз тобеъини изом ба Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ ва шогирдони ӯ гузашт ва равнақ ёфт».

«Аллоҳумма афзи алайно бараката улумиҳи».
(Эй Аллоҳ! Аз илми ӯ ба мо фазл деҳ).


ДАР БАЁНИ ИҶТИҲОД ВА ИБОДАТИ ОН ҲАЗРАТ

Овардаанд, ки ҳазрати Имоми Аъзам ҳар шаб то субҳ дар ибодат мешуд. Сӣ сол дар ҳар ракъати намоз як навбат хатми Қуръон кард ва чиҳил сол бо таҳорати хуфтан намози бомдод гузорид. Саҳаргоҳон зорию таваллои ӯро ҳамсоягон мешуниданд.

Шахсе дар ҳузури Ибн-ул-Муборак аз Имоми Аъзам шикоят оғоз кард, Ибн-ул-Муборак фармуд: «Ҳайф бар ту бод! Аз азизе шикоят мекунӣ, ки чиҳилу панҷ сол намози панҷвақтаро бо таҳорат хонда, дар ҳар ракъат як навбат хатми Қуръон намуда ва ман илми фиқҳро аз ӯ фаро гирифтаам».

Имом Абӯмутеъ гуфтааст: «Шомгоҳон дар ҳар соате, ки ба тавофи Каъба мерафтам, Абӯҳанифа ва Суфёнро дар тавоф медидам».

Ҳазрати Имоми Аъзам дар муддати сӣ сол рӯз рӯза медошт. Рӯзе дар ҳоли аз кӯча гузаштан шунид, ки шахсе бар шахси дигар мегуфт: «Инаст Абӯҳанифа, ки шаб то саҳар хоб накарда ба ибодат машғул аст». Баъд аз шунидани ин суханон, Имоми Аъзам ба Абӯюсуф мегуяд:

«Субҳоноллоҳи таъоло, ки каминаро ба ин суханон муносиб дид, қабеҳ аст Худои таъоло аз ман зидди инро бубинад. Акнун лозим дидам ҳар шаб то субҳ дар намоз бошам ва ба даргоҳи Худои таъоло муноҷот бикунам, зеро дар мазаммати бадон дар Қуръони маҷид Худои таъоло мефармояд: «Ва юҳиббуна ан яҳмаду би мо лам яфъалу».

Аз Абӯюсуф меоранд, ки гуфт: «Устодам Имоми Аъзам дар шабонарӯз як навбат ва дар моҳи рамазону рӯзҳои ид ду навбат хатми Қуръон мекард. Дар омӯзондани илм пуртоқат, ботамкин, аз ғазаб дур ва бисёр сахӣ буд».

Овардаанд, ки Имом Маъсар гуфт: «Баъди намози ишроқ ба дарду фатво машғул мешуд ва баъди намози пешин то асру шому хуфтан ба дарс гуфтан. Пас аз рафтани шогирдон таҳорати тоза намуда, монанди арӯс худро ороста дар масҷид мешуд ва то бомдод ба ибодат мепардохт. Баъд дар хона шуда либоси тозаю озода пӯшида ба намози бомдод мебаромад. Ҳар рӯз ин ҳолат такрор меёфт. Хуллас солиёни зиёд наззора мекардам, на дар рӯз хӯрок хӯрдани эшонро ва на дар шаб хоб кардани эшонро надидам. Оре, пеш аз пешин камтар ғанаб мекарданд».

Аз Имом Шерик меоранд, ки гуфт: «Муддати як сол шабу рӯз ҳамроҳи Имоми Аъзам будам, надидаам, ки якпаҳлӯ зада бошад».

Фузайл ибни Дукин овардааст, ки тобеъин ва уламои зиёде дидам, аммо монанди Абӯҳанифа набуданд дар хондани намозу ба ҷо овардани ибодат. Пеш аз намоз бо гиря дуъо мекард ва дар намози шаб ояи «Бали-с-соъату мавъидуҳум ва-с-соъату адҳо ва амар»-(сураи Қамар, ояи 46)-ро мехонд. Ва шаби дигар то бомдод ояи «Фа манна-л-лоҳу ъалайно ва ваконо азоба-с-самум» (Сураи Тур, ояи 26) мехонд.

Ва аз зани он ҳазрат овардаанд, ки гуфт: «Аз замони хонадор шуданам бо Имом то ҳозир надидаам, ки сар ба болин ниҳода бошад ва ё такя карда бошад».

«Аллоҳумма аътино илман нофиъан ва фаҳман сотиъан».


ДАР БАЙНИ ТАРС ВА ХАВФИ ЭШОН АЗ ХУДОИ ТАЪОЛО

Язид ибни Лайс овардааст, ки имом дар намози хуфтан сураи «Изо зулзилати-л-арзу»-ро қироат кард. Абӯҳанифа дар паҳлӯи имом намоз буд. Вақте, ки намоз ба охир расид, Абӯҳанифа барнахоста дар ҷояш нишаст. Барои он ки халал нарасонам, рафтам. Субҳ дар масҷид шуда Абӯҳанифаро истода дидам, ки муноҷот мекард: «Худовандо, ба камтарин некӣ ҷазои некӣ ва ба бадӣ ҷазои бад ато мефармуда бошӣ, ин бечора Нӯъмонро ба раҳмати хеш аз оташи дӯзах халос гардонӣ». 

Дар он ҳол дохил шудам, ки қандил дар ҳоли рӯшноӣ додан буд. Абӯҳанфа бар ман нигариста ва гуфт: «Азизам, он чӣ дидӣ пинҳон нигоҳ дор». Баъд аз он ду ракъат суннати бомдодро адо карда, фарзро ҳамроҳи ҷамоъат хонд. Ин вақт имом дар намози бомдод «Ва ло таҳсабана-л-лоҳа ғофилан ъаммо яъмалу-з-золимуна»-ро хонд. (Сураи Иброҳим, ояи 42). Абӯҳанифа дар худ биларзид.

Агар ягон масъалаи мушкил кушода намегашт, ба шогирдон мегуфт, ки ин аз гуноҳи кардаи ман аст. Баъд истиғфор ба ҷо меоварду таҳорати нав карда ду ракъат намоз мехонд ва мушкилии он масъала кушода мегашт.


ДАР БАЁНИ ЗАБОНИ ХЕШРО АЗ БЕҲУДА 
ГУФТАН НИГОҲ ДОШТАНИ ОН ҲАЗРАТ

Рӯзе дар ҳузури эшон шахсе бо суханони беҳуда оғоз кард. Имоми Аъзам фармуд, ки суханоне, ки дар назди мардум мақбул нест, барҳазар бош. Аз барои Худо ба омӯзиши фиқҳ машғул бошед ва аз бадгӯии мардум парҳез кунед.

Шахсе аз Имоми Аъзам савол кард, ки Алқама афзал аст ё Авсад? Имом фармуд: «Ҳар дуи инро бо истиғфору дуъо ёд мекунам ва таъзими эшонро ба ҷо меорам. Барои якеро аз дигаре афзал шуморидан ҳадду қудрат надорам».

Аз Ибни Муборак овардаанд, ки гуфт: «Маротибае нашнидаам, ки Имоми Аъзам аз бадии шахсе аз душмане шиква карда бошад».


ДАР БАЁНИ ЭҲСОН ВА КАРАМИ ЭШОН

Эҳсону икром ва лутфу карами ҳазрати Имоми Аъзам нисбати мардум ва шогирдон бисёр буд. Агар шогирди камбизоат барои зан гирифтан қудрат надошт, ӯро зан медод ва нафақае муайян менамуд.

Рӯзе яке аз шогирдон дар ҳалқаи сӯҳбати эшон даромад, ки дар бар либоси даридаву чиркин дошт. Баъди рафтани дигарон ба он шогирд муроҷиат намуда гуфт, ки дар зери ҷойнамоз пул ҳаст, бигир ва ба худ либоси наву тоза бихар. Абӯюсуф нақл кардааст, ки ҳазрати Имоми Аъзам ягон саволро беҷавоб ва ҳоҷатеро бе савоб намегузошт.

Вақте фарзанди Имоми Аъзам Ҳаммод сураи «Фотиҳа»-ро хатм намуд, ба муаллим ҳазор танга фиристод ва узр пеш овард, ки чандон ҳадяи муносиб нафиристодам. Агар аз ин зиёда медоштам, дар таъзими Қуръони маҷид мефиристодам, аммо дар фикри он мабош, ки таълими илм додаӣ, балки кӯшиш намо то илм хор надорӣ.

Савдогарон соле як навбат аз ҳисоби фоида маблағеро ба Имоми Аъзам медоданд. Имоми Аъзам онро барои ҳоҷати устодону уламо сарф мекард ва мегуфт: «Ҳамди Худойро ба ҷо оред, ки ин фазли Парвардигор асту ман як нафар хизматгузор».

Меоранд, ки Имоми Аъзам ба Имом Воқиъ гуфт: «Муддати чиҳил сол аст, ки зиёда аз чор ҳазор танга дар даст надоштаам. Ин ҷаҳор ҳазор танга низ барои идора намудани нафақаи уламост».

Пеш аз он ки ба фарзандонаш либос ё дигар чиз бихарад, аввал ба ягон уламо мехарид, баъд ба фарзанди хеш.

Аз Абӯюсуф ҳикоят мекунанд, ки гуфт: «Имоми Аъзам мехост ба шахсе эҳсон кунад ва он шахс дар ҳаққи эшон шукр мекард, ғамгин шуда мегуфтанд: «Ин ризқи додаи Худои таъолост, ба Парвардигор шукр бояд кард на бар ман».

Чунон, ки овардаанд ҳазрати Имоми Аъзам муддати даҳ сол Абӯюсуф ва аҳли аёли ӯро таъмини нафақа кардаанд.

Аз Имом Шақиқ меоранд, ки гуфт: «Дар роҳе бо Абӯҳанифа ҳамроҳ будам, шахсе баробари дидани эшон рӯ ба гурез ниҳод. Абӯҳанифа аз мушоҳидаи ин ҳол он шахсро бихонд ва пурсид; 

«Чаро аз ман гурезонӣ?» Гуфт: Чанд ҳазор танга пули шумо дар гардани ман аст. Муддатҳост, ки аз ҷиҳати қашшоқӣ наметавонам бипардозам. Бинобар аз шарми он дар гурезам. Имоми Аъзам гуфт: «Агар ҳол инаст, барои ту хайр кардам, яъне бахшидам. Хотири худ ҷамъ дор ва аз ман гурезон машав».

«Аллоҳумма аслиҳ аҳволано ва аҳсан истиқболано».
(Бор Худоё! Аҳволи маро босалоҳ гардон ва ояндаи маро накӯ соз). 

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi