22:39:23 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭШОНИ МАҲМУДҶОН: "САЛАФИҲО ВАЗЪИ МАЗҲАБИРО ХАТЧАДОР КАРДАНД"

Сӯҳбат бо рӯҳонӣ ва донишманди саршинос дар масоили мазҳабӣ 
Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода.


-Пайдо шудани ҷараёнҳои тозапайдои “Салафия” ва “Ҷамоаи Таблиғ” дар чор соли ахир дар Тоҷикистон, дарвоқеъ ба маънии ин аст, ки як баҳсе дар миёни пайравони аҳли тасаннун ба вуҷуд омадааст?

-Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Албатта, баъд аз пошхӯрии ҳукумати Шӯравӣ ва барчида шудани “деворҳои оҳанин”, табиист, ки мазҳабҳои мухталиф ва ҷараёнҳои мухталиф бо адабиёти мухталиф ба Тоҷикистони мо ворид шуданд ва мешаванд. Дар замоне ки Шӯравӣ барқарор буд, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа танҳо мазҳабе, ки кулли мардуми мусулмон аз он пайравӣ мекарданд, мазҳаби Имом Абӯҳанифа буд. Ба ҷуз аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа мардуми ин минтақа мазҳабу ҷараёни дигареро намедонисту намешинохт. 

Чунон ки гуфтем, бо ворид шудани адабиёти мухталифи мазҳабӣ ҷараёнҳои муталиф дар Тоҷикистон ҳам пайдо шуданд. Ва ҳатман чизи наве, ки вориди ҷомеа мешавад, табиист, бархӯрдҳое аз ду ҷониб сурат мегирад. Барои мисол, мегирем мазҳаберо, ки дар Тоҷикистон солҳои навадум бо исми ваҳҳобия буд. 

Ин ваҳҳобия ҳамон ҷараёни салафия аст, ки исмаш дигар шудааст. Ҳамон афкор, лекин на ба сурате, ки васеътару доманадортар. Салафиҳо хеле ихтилофхои зиёде нисбат ба он ҷавонҳои солҳои навадум бо пайравони мазҳаби Имом Абӯҳанифа доштанд. То ҷое, ки шеваи ибодату намозгузориашонро ҳам дар масоҷид фарқ кунониданд. Он ҷавонҳои солҳои навад дар масъалаи марбут ба ибодат дар масҷидҳо ва маросимҳои динӣ ягон тафовуте бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ қоил набуданд ва фаъолиятшон ҳам маҳдуд буд бо масоили хурофотӣ ва бидъатӣ. Вале инҳо по фаротар гузоштанд.

-Яъне, ба назари Шумо, ихтилофи назарашон фаротар буд аз он ваҳҳобиҳо?

- Ин салафиҳое, ки баъдан пайдо шуданд, аз онҳо хеле мухолифаташон зоҳиртар гашт. То ҷое, ки дар ақидаҳои мазҳабӣ ҳам ихтилофҳо эҷод карданд. Вале шадидтарин ихтилофи онҳо бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳамин аст, ки онҳо тақлид кардан ба мазҳабро ба худ воҷиб намедонанд. Мегӯянд, ки тақлид ба мазҳаб воҷиб нест. Ҳар кадоме аз онҳо худро муҷтаҳиде меҳисобанд ва бидуни тақдлид ба кадом мазҳабе мехоҳанд бо Қуръону суннат амал намоянд. Ин хилофи мазҳаби мо аст. Мазҳаби мо тақлид ба авомунносро воҷиб медонад.

Аммо инҳо мутассифона, бо ин тақлиди мазҳабӣ мухолиф баромаданд ва ҳар кадоме аз инҳо худро ба ҳайси муҷтаҳид шинохт. Оре, бар касе, ки ба дараҷаи иҷтиҳод расидааст ва дар улуми шариат муҷтаҳид гаштааст ва қудрати истинботи аҳкоми шаръиро аз Қуръону суннат дорад, тақлид бар мазҳаб воҷиб нест. Вай метавонад, ки пайравӣ аз далел намояд. Аммо ин қудрат на дар ихтиёри ҳар инсоне ҳаст. 

Бинобар ин, Қуръони азиммушшаън низ тақлидро бар авомуннос лозим гардонидааст. Худованд дар Қуръон мегӯяд, эй авомуннос, аз онҳое, ки олим ҳастанд, аҳли илм ҳастанд ва онҳое, ки ба дараҷаи иҷтиҳод расидаанд, намедонистагии хуро пурсед ва бо ҳукми онҳо, фатвои онҳо ва ҷавобе, ки аз онҳо мегиред, амал кунед. Инчунин ба суннат ҳам назар кунем, пайғомбари худо ҳар саҳобаеро, ки вақте ба ҳайси муаллим ба қабилае мефиристод, аҳли он қабила муваззаф буданд, ки тақлид аз он саҳоба кунанд.

Бинобар ин, мактабҳои фиқҳие, ки имрӯз бо исми мактаби Имоми Аъзам ҳасту Имоми Шофеъӣ, Имоми Аҳмади Ҳанбал, инҳо дар асл ҳамон мазоҳиби асҳоби пайғомбар аст, ҳамон мазоҳиби аҳли салаф аст. Аз ҳамин хотир, назди ҷумҳури аҳли суннат ва ҷамоа ин чор мазҳаб ҳамааш ҳаққ аст. Аз кадоме аз ин ки пайравӣ кунем, иншооллоҳ, ҳидоят ёфтаем. Аз ин рӯ, зарурат надорад, ки берун аз мазҳаби худ по гузорем, мисли ин бачаҳои навбаромад.

-Ба ҳар ҳол, агар рӯшан гӯем, то куҷо пайдо шудани, ба қавли шумо, ин бачаҳои навбаромад вазъи як навъ ороми саҳнаи мазҳабии Тоҷикистонро ба ҷунбиш овард, ноором кард?

-Ба ҳамагон маълум аст ва маълум шуд, ки чӣ гуна инҳо вазъи ороми мазҳабиро хатчадор карданд. То ҷое ки ҳатто дар як хонавода ду бародар, ки якеаш пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аъзам мекарду дигаре аз салафиҳо, бо ҳам ихтилоф доштанд, бо ҳам даргир доштанд. Ҳатто ба мо ҷавонҳое муроҷиат мекарданд, ки дар оилаашон аллакай ихтилоф эҷод шуда буд.

Агар таҳлил кунем, масоиле, ки онҳо дарди сар эҷод карданду, ихтилоф эҷод намуданд, бисёри онҳо аз мартабаи истиҳбо боло намеравад. Мисли гузоштани дастҳо бар сина, бардоштани дастҳо дар ҳар такбири намоз, баланд гуфтани омин ва пойҳоро васеъ паҳн кардан. Бо тарки ин амалҳо худи аиммаҳои ҳамин аҳли салаф, ки ибни Тайми ва ибни Қайима ҳастанд, мегӯянд, нуқсоне дар намози кас ҳосил намешавад. “Мухолифи ҷараён шино кун, то касе туро бишиносад”. Гумон мекунам, ҳадафу шиори аксари инҳо ҳамин буд. Илло инҳо дигар ягон нафъе ба мардум нарасониданд ва ҳам хидмате барои мардум ва ҷомеа накарданд.

-Мешавад гуфт, ки инҳо дар пушташон пуштибони қавие ҳам доштанд?

-Шояд омилҳои хориҷӣ ҳам пушти сари онҳо бошад. Инро ман ба эҳтимол мегӯям, чунки ягон далели воқеӣ дар ин бораро рӯйи даст надорам. Лекин чизе ки маълум аст, онҳо воқеан рахна байни мардум эҷод карданд. Агар инҳо ҳадафшон ҳақ мебуд ва Қуръону суннат мебуд ва он масоилеро, ки изҳор мекарданд, муҳим мебуд, бояд бо як қарори манъи ҷараёни салафия аз ин даст намекашиданд. 

-Кадом мусулмон, рафту агар ҳукм бароварда шавад, ки аз дину оинат даст каш, бояд аз мазҳабу оинаш даст кашад? Магар дар сурате, ки хавфи ҳалокат ба ҷонаш бошад. Ҳол он ки ин гуна хавфу хатар ба сари ҳеҷ кадом аз онҳо наомадааст. Вале нигоҳ кунем, ҳамаашон аз он чизе, ки қаблан иброз медоштанд, даст кашидаанд. Ҳама шуданд ҳанафӣ. Аз ин бармеояд, он шиорҳое, ки онҳо доштанд, барояшон ҳатмиву лозимӣ набудааст. Пас, ин ҷо мешавад аз талоши давлат барои ҷилавгирӣ аз ҳузури салафиҳо истиқбол кард? То куҷо ин қарор саривақтӣ ва воқеӣ буд?

- Ба ин тавре ки мақомот дар баробари онҳо бархӯрд кард ва ин қарори манъро баровард, тарафдорӣ карда наметавонам. Ба ҳар ҳол, инҳо ҳам як ҷараёни исломӣ ҳастанд ва ин қарор набояд ба ин шакл мешуд. Балки инҳоро насиҳат мекарданд, машварат медоданд. Мо инҳоро фаҳмонида будем, масоиле, ки шумо мегӯед, аз сатҳи мустаҳаб баланд нест ва ба хотири як амали мустаҳаб дарди сар дар ҷомеа эҷод накунед, як фитна эҷод накунед, ки зарари ин фитна хеле зиёд аст аз он савобе, ки аз амали мустаҳаб ба даст меоред. 

Хулоса, ба ҳар ҳол, онҳоро ақл омӯхтан зарур буд. Лекин на ба ин сурати қароре, ки ҳамчун амали ҷиноӣ ҳисоб карда шавад ва инҳоро ба зиндон бикашонанд. Ин навъи қарорро наметавонам дастгирӣ кунам.

-Аммо фикр мекунед, чӣ ниҳоде ба инҳо, ба гуфтаи худатон, ақл меомӯхт ва роҳ нишон медод. Дар ҳоле ки худатон мегӯед, қаблан ба онҳо дар бораи паёмадҳои корашон гуфта будед. Ҳатто чандин мавъизаи бародаратон Эшони Нуриддин дар бораи аз роҳашон бозгардонидани салафиҳоро шунидаем. Пас, ин кори чӣ ниҳоде мебуд?

-Ба фикри ман, Шӯрои уламо, ки масъули ин масоилу вазоиф ҳастанд, бояд ҳар ду ҷонибро даъват мекарданд, маҳфилҳо, маҷлисҳо ташкил мекарданд, мубоҳисаву мунозираҳоро ташкил мекарданд ва билахира ба як қароре меомаданд. Бояд дар сатҳи Шӯрои уламо ин масъала ҳалли мусбати худро пайдо мекард. На дар сатҳи додгоҳи оливу додситонӣ.

Албатта, инҳо хеле якрав ҳастанд, сарсахт ҳастанд, вале ба ҳар ҳол ба сурати гуфтушунид ин масъала ҳал мешуд, беҳтар мебуд. Ва ин масъаларо Шӯрои уламо, ки барои муттаҳид кардани уламо дар кишвар муваззаф аст, ба ӯҳда мегирифт. Шояд онҳо метавонистанд як роҳҳи ҳалеро ба ин масъала пайдо кунанд.

-Акнун ба ҷуз аз салафиҳову пайравони ҷамоаи таблиғ боз чӣ гурӯҳҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки метавонанд то андозае фазои мазҳабии кишварро халалдор кунанд ва ба оташи баҳсҳои мазҳабӣ равған бирезанд?
 
-Фикр мекунам, дар ҷумҳурии мо гурӯҳи дигаре, ки метавонад дар мазҳаби мо хатаре эҷод кунад, онҳое ҳастанд, ки шиагароянд. Шиагароҳо ҳам эҳтимоли дар оянда дарди сар эҷод карданро доранд. Мо чуноне ки бо ҷараёни салафия мухолиф ҳастем, ҳамчунон бо онҳое, ки шиагароҳо ҳастанд, мухолифем. Зеро ин ҷараёнҳо дар Тоҷикистони мо ба ҷуз дарди сар, ба ҷуз ихтилофу тафриқа дигар самарае ба бор намеоранд.

Каюмарси Ато, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi