05:10:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30          

АБДУРАУФИ ФИТРАТ «МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ» 4

 

 ҒАЗОИ ХАЙБАР


Дар миёни Шом ва Мадина қалъае буд Хайбар ном. Дар ин ҷо яҳудон ҷамъ шуда буданд. Он ҳазрат дар соли ҳафтуми ҳиҷрат бо ҳазор нафар аҳли ислом барои гирифтани ин қалъа омаданд. Ҷуҳудон дарвозаҳои шаҳрро баста, аз дарун ҷанг карданд. Лашкари ислом қалъаи Хайбарро даҳ рӯз муҳосира намуда, ҷанги сахт карданд ва оқибат гирифтанд. Аз ин шаҳр моли бисёре ба дасти лашкари ислом уфтод.


ЭЛЧӣ ФИРИСТОНДАНИ ОН ҲАЗРАТ (С)


Баъд аз ин фатҳ овозаи мусалмонон ба ҳар ҷониб рафт. Ҳар қавме ба зуҳури ногаҳонии аҳли ислом ҳайрат мекарданд. Он ҳазрат чунин муносиб диданд, ки ба подшоҳони атроф хату элчӣ фиристода, онҳоро ба дини ислом даъват намоянд. Ин буд, ки 6 нома навиштанд, ба шаш подшоҳ фиристоданд. 

Аввал ба подшоҳи Эрон, дуввум подшоҳи Рум, севвум подшоҳи Ҳабаш, чаҳорум ҳокими Миср, панҷум ҳокими Ямома, шашум ҳокими Булқо (номи мавзеест дар надики Шом). Баъзеи инҳо элчиёни он ҳазратро иззату икром карда, бо ҳадяҳо равона карданд ва баъзеи дигар таҳқир намуданд.


ФАТҲИ МАККА

Дар дарсҳои гузашта воқеаи сулҳи Ҳудайбияро хонда будем. Аз рӯи ҳамун аҳднома мусалмонон бо аҳли Макка даҳ сол ҷанг намекарданд. Лекин баъд аз ду сол, яъне дар соли ҳаштуми ҳиҷрат худи аҳли Макка аҳдномаи мазкурро шикастанд. Он ҳазрат ин маъниро ғанимат дониста, ҳамроҳи даҳ ҳазор кас ба сӯи Макка равон шуданд. Дар беруни Макка омада фаромаданд ва фармуданд, ки «Ҳар кас дар ҷодаи худ оташ гиронад». 

Аҳли Макка аз омадани мусалмонон ҳанӯз бехабар буданд. Имшаб дар беруни шаҳр ин қадар оташро дида, якбора тарсиданд. Абӯсуфён барои хабар гирифтан омада, мусалмон шуда рафт ва воқеъаро ба онҳо фаҳмонид. Онҳо ҳозирӣ дида натавонистанд, ҳар кас ба ҳар тараф гурехт. Он ҳазрат алассабоҳ бе ҷанг даромада, Маккаро гирифтанд. Аҳли Маккаро авф карданд. Онҳо ҳам гурӯҳ – гурӯҳ омада мусалмон мешуданд.


ҒАЗОИ ҲУНАЙН


Вақто ки хабари фатҳи Макка ба ҳар тараф расид, баъзе қабилаҳои араб, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буданд, ба ғазаб омада, дар Ҳунайн ном мавзеъе ҷамъ шуданд, хаёл доштанд, ки ба лашкари ислом ҳуҷум биёранд. Он ҳазрати ин хабарро шунида, аз Макка бо дувоздаҳ ҳазор кас ба сари онҳо рафтанд. Дар мавзеи Ҳунайн ҷанги сахте карда, онҳоро шикаст доданд ва мамлакаташонро гирифтанд. Тамоми Ҷазиратул-ул-Араб мусалмонобод шуд ва ҳазрат ба Мадина омаданд.


ҒАЗОИ ТАБУК


Дар он вақтҳои вилояти Шом ба дасти императури Рум буд. Он ҳазрати шуниданд, ки дар вилояти Шом ба фармоиши императур хеле аскар ҷамъ шудааст, хаёли ба Мадина ҳуҷум кардан доранд. Дарҳол ба фикри лашкар ҷамъ кардан шуданд. Лекин бо лашкари императори Рум ҷанг кардан кори зӯр буд. Албатта, лашкари бисёр даркор мешуд. 

Барои хароҷоти лашкари бисёр пул ёфта намешуд. Дар болои ин қадар мушкилӣ ҳамин сол дар Мадина қимматӣ рӯй дода буд. Бинобар он ба миллат муроҷиат карда, муъованат талабиданд. Ҳар кас ба қадри тоқат чизе дод. Ба ин тариқа, асбоби лашкаркашӣ ҳозир шуд. Ҳазрат бо сӣ ҳазор одам баромада, ба Табук ном мавзеъе, ки дар миёни Шом ва Мадина мебошад, расиданд. 

Аз душман асаре надиданд. Калонҳои лашкарро ҷамъ карда, машварат талабиданд. Абӯбакри Сиддиқ арз кард, ки «Агар шомиҳо хиёли ҷанг медоштанд, то алҳол нишонааш маълум мешуд». Ҳоло ки ҳеҷ асаре аз онҳо нест, дониста шуд, ки хиёли ҷанг надоштанд. Овозаи то ин ҷо омадани моён ҳам онҳоро метарсонад. Ба замми инҳо дар Шом вабо низ будааст. Аз ҳамин ҷо гашта равем ҳам, хуб мешавад». Ҳазрат ин машваратро муносиба дида, қабилаҳои дар атрофи Табук будагиро тобеъ ва боҷгузор карда, Мадина омаданд.


ҲАҶИ ВИДОЪ


Дар соли даҳуми ҳиҷрат он ҳазрат нияти ҳаҷ намуда, ин нияти худро ба тамоми мусалмонон эълон кунониданд ва бо чиҳил ҳазор кас ба Макка омаданд. Мусалмонони атроф ҳам гурӯҳ - гурӯҳ расида меомаданд, то ки адади мусалмонони омадагӣ ба сад ҳазор нафар расид. Он ҳазрати хутба хонда, дар қарибӣ аз дунё гузаштани худро ба мардум фаҳмониданд. Онҳоро насиҳат доданд, баъд аз он ба Мадина гашта омаданд. Ин ҳаҷ ҳаҷи охирини он ҳазрат аст. Бинобар он ӯро дар таърих ҳаҷи видоъ меноманд.


АЗ ДУНЁ ГУЗАШТАНИ ОН ҲАЗРАТ АЛАЙҲИССАЛОМ


Воқеан баъд аз се моҳ дар соли ёздаҳуми ҳиҷрат аз рабеъул аввал як рӯз пеш ҳазрат бемор шуданд. Асҳобро ҷамъ карда, ба ин тариқа насиҳат доданд, ки «Ман аз дунё меравам. «Қуръон»-ро дар миёни шумо мегузорам. Шумо доимо ба «Қуръон» амал кунед. Якдигарро дӯст доред. Ба ҳамдигар мадад расонед. Асло аз корҳои нек ҷудо нашавед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кушишу ғайрат намоед». Баъд аз ин бемории он ҳазрат сахттар шуд, то он ки дар дувоздаҳуми моҳи рабеъулаввали соли уздаҳуми ҳиҷрат дар синни 63 аз дунё гузаштанд.


ШАМОИЛИ ҲАЗАРТИ ПАЙҒАМБАР (С)


Беҳтарин махлуқот ва раҳмати оламиён ҳазрати Пайғамбар (с) дар боби раҳму шавқат, караму саховат, ҳиммату тавозӯъ, авфу мадоро, ақлу дониш машҳури олам буданд. Беҳуда ба ғазаб намеомаданд. Ғайр аз корҳои динӣ дар дигар хусус ҳар кӯтоҳиро авф менамуданд. Аз доираи инсоф асло қадаме берун намегузоштанд. Ҳар касро аз рӯи дониш ва иқтидораш кор мефармуданд. Барои кори уммат ва адои вазифаи набувват то дами марг ором нагирифта кӯшиш карданд. Аз ҳеҷ кас чизе тамаъ надоштанд. Садақа намегирифтанд. Хулоса, тамоми доноёни олам, ҳатто уламои Фаранг ҳам ба доноӣ ва хушахлоқии он ҳазрат қоил ҳастанд. Ба занон ва хидматгорони худ доимо ба тавозӯъ ва кушодарӯӣ муомила мекарданд.


ЗАНОН ВА ФАРЗАНДОНИ ОН ҲАЗРАТ


Ҳазрати Муҳаммад (с) ёздаҳ зан гирифтаанд. Аз инҳо ду нафарашон дар вақти зиндагии он ҳазрат аз дунё гузаштанд ва 9 нафарашон баъд аз вафоти он ҳазрат боқӣ монданд. Машҳуртарини занони ҳазрат : Ҳадиҷа, Оиша, Ҳафиса ва Маймуна буданд. Се писар ва чаҳор духтар доштанд. Писаронашон: Қосим, Абдуллоҳ ва Иброҳим. Духтаронашон: Фотима, Зайнаб, Руқия ва Уммилкулсум буданд. Лекин ғайр аз ҳазрати Фотима дигар ҳамаи инҳо дар вақти зиндагии ҳазрат вафот карда буданд.

(Идома дорад) 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi