16:58:33 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЁ СОХТАНИ БИНО ДАР ЗАМИН КОРАМ ҲАРОМ АСТ?

Агар иншоот ё бино дар замине сохта шавад, ки ҳукумат онро манъ кардааст  ва бо сабаби он ки ҳукумат онро замини коррам ҳисобидааст, мулкӣ аст, низ он заминро дар ҳисоби заминҳои барои сохтмонҷудошуда муайян накардааст ва бо ин вуҷуд, дар ҳақиқат кишт намешавад, оё кас бо сохтани биное дар ин гуна замин гунаҳкор мешавад?

Ба ин суол Шайх Ҷамол Марҷовӣ, аз уламои  Донишгоҳи ал-Азҳари  Қоҳира посух мегӯяд.

zaminБа номи Худонванду ҳамду сано бар Ӯ ва дуруду салом ба пайғамбари Худо (с). Шаке нест, ки ҳифозат кардан аз заминҳои корам аз умури воҷибот аст, ки устувор будани амнияти ғизоиро кафолат медиҳанд ва муайян кардани масоҳае, ки барои сохтмон ва иншоот иҷозат дода мешавад, дар фиқҳи исломӣ  ба «сиёсати шаръия» ном бурда мешавад, ки он ҳаққи Имом ба ҳисоб меравад. Имом дар асри мо ҳукумат аст, ки чунин минтақаҳоро барои сохтмону иншоот ҷудо мекунад. Агар чунин нашавад, ҳар кӣ чизе хоҳад анҷом медиҳад ва маслиҳати шахсӣ ба маслиҳати оммаи мардум ғалаба мекунад.

Аз нигоҳи шаръӣ Имом-дар асри мо ҳукумат – ҳаққ дорад, ки қарорҳое  қабул кунад, бар алайҳи хилофкорон ҷазоҳои сангинеро татбиқ намояд, ин амрҳо ба замири кас вогузошта намешаванд, ҳама чиз дар ин ҷо ба «сиёсати шаръия» дорхил мешаванд, ки ҳукумат барои беҳдошти ободонии шаҳру деҳот муайян мекунад. Барои мисол муайн кардани суръати ҳаракат дар роҳ, бар асоси навъҳои автомашинҳо ва муаяйн кардани баландии биноҳои серошёна ва ғайра, ҳар яки ин чизҳо аз салоҳиятҳои ҳукумат дар ислом ҳисобида мешаванд, ҳар гоҳе, ки иҷроиши онҳо ба маслиҳати мардум рабт дошта бошад ва фасоду зарарҳоро пешгирӣ кунад.

Лекин, оё ин амрҳои дунявӣ ба умури шаръӣ мубаддал намешаванд? Ба ҳайси он ки агар инсоне ин амрҳоро мухолафат кунад, гунаҳкор мешавад ва Худованд дар охират бо оташ онро муҷозот хоҳад дод, тавре ки торики воҷибот ва оне, ки ба муҳаррамот даст меёзад (гуноҳашон баробар аст? А.Н.) Ё ин ки ба ҷазоҳои муқаррар гардидаи кишвараш иктифо мекунад. Ин мавзӯъ аз баҳсҳоест, ки пажӯҳиш ва иҷтиҳодро, ба қадре, ки ман иттилоъ дорам, талаб мекунад.

Беҳтарин матлабе, ки дар бораи шаръӣ будани ин масъала дарёфтам,  рисолаест, ки дуктур Мунзир Қуҳаф-олими шаҳири иқтисоди исломӣ, дар шонуздаҳим давраи «Маҷмаъи фиқҳи исломӣ», дар бораи кафолатҳои тиҷоратӣ ва дар охири баҳси худ ин масъаларо низ матраҳ кардааст, мебошад. Дар ин баҳс, дуктур Мунзир, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳукумат ҳаққ дорад, барои маслиҳати мардум, қонунҳоеро вазъ намояд ва низ муҷозотеро барои хилофкорон дар амал татбиқ намояд ва хилофкор муҷозот шавад.

Дар чунин сурат агар шаҳрванде бар хилофи қонунҳои вазъӣ амал кунад (аз нигоҳи шаръӣ) гунаҳкор ҳисобида намешавад ва барояш муҷозоти ин дунё (муҷозоти муқаррар кардаи кишвараш А. Н.) басандааст. Ба истиснои мухолафатҳое, ки буъди ахлоқӣ дар пай доранд, ба мисли дурӯғ гуфтан, қаллобӣ кардан ва ё ҳиллаву макре анҷом додан. Инсоне, ки чунин корҳоеро карда бошад, барои онҳо гунаҳкор ҳисобида мешавад. Зеро ӯ муртакиби амрҳое шудааст, ки шариъат онҳоро ҳаром донистааст.  Ин назария бо раъйи Имом Абӯҳанифа ҳамсон аст, ба гунае, ки Имом барои онҳое, ки дар «Дорулкуфр» (давлате, ки ҳукуматаш тибқи аҳкоми шариъати исломӣ амал намекунд) ба сар мебаранд, муомала кардан бо ақд-қарордодҳои фосидро бо куффор, ки шариъати ислом, ба монанди рибо-суд, просент-ро ҳаром кардааст, бар онҳо ҷоиз донистааст. Магар он, ки  дар онҳо дуздӣ, ғасб кардан ва ё ҳиллаву макр вуҷуд надошта бошад, чунин аҳком дар ин мавзӯъ барои як мусалмон ҳам дар «дорулислом» ва ҳам дар «дарулкуф» баробар аст.

Ва низ дуктур Мунзир аз ин қоида умуре, ки шариъат онҳоро шинохтаасту бар онҳо аҳкоми махсуси тадвиншудаи худро дорад, истисно намудааст. Мухолафат кардани ин амрҳо шаръан ҷоиз нест ва касе, ки мухолафат кард, шаръан гунаҳкор дониста мешавад.

Бо ин ҳол, ин қонун аст ва ҳатман аз ду амр (тарс) бархӯрдор аст:

Аввал: дар ин замина барои бебандуборӣ ва ҳараҷу мараҷ, ки мунҷар ба фасод дар замин мегардад, ташвиқ шудааст, ва ин ҳаром асту иҷтинобнопазир нест.

Дувум: ин ки чунин дидгоҳ ба хилофи эътиқдоти имонӣ ва исломии мо аст, чун ки мо эътиқод дорем, ки ислом дини мукаммал ва фарогири тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ аст,  ҳам ҷанбаҳои дунявию маданӣ ва ҳам ҷанбаҳои шаръиро дар бар гирифтааст.

Ва шояд ба тарси аввал гуфта шавад, ки қарорҳои содир кардаи ҳукумат аз қарорҳои замири як инсон қавитар бошанду дар суботи кишвар ва ҷилавгирӣ аз фасод мусоидат намоянд, ба унвони мисол қавли ҳазрати Усмон аст, ки гуфт: Худованд ба воситаи султон-ҳоким ва ҳукумат- кореро анҷом медиҳад, ки ба воситаи Қуръон онро анҷом нахоҳад дод, ва дар ҳоли ҳозир  кишварҳои тавсиаёфта ба муҷозоти дунёӣ иктифо кардаанд ва аз тарс доданд аз азобу шинакҷаҳо дар охират, кор нагирифтаанд, ҳеч ҳараҷу мараҷ ва фасодеро дар пай надоштаанд.

Ҳамчунин метавон барои тарси дуввум ҷавоб дод: мо бовар дорем, ки динамон тамоми ҷанбаҳои ҳаётро фаро мегирад, талаб намекунад, ки тамоми мухолафот ба қонунҳои вазъӣ ҳаром мебошанд, муртакиби онҳо бо оташи ҷаҳаннам ҷазо дода хоҳанд шуд, бисёре аз муҳаққиқону фақеҳони мӯҳтарами улуми исломиро дидаем, ки байни таъаҳудоти динӣ ва дунявӣ фарқ гузошта гуфтаанд: ин воҷиби динӣ асту он воҷиби қазоӣ (қонунгузории ҳукумат).

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi