08:43:19 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲАММАДШАРИФИ ҲИММАТЗОДА: «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ҒИНО ВА МУСИҚӢ»

Қисмати аввал

Қисмати дуввум

Қисмати саввум

 

Лекин Расули Худо барои худ чизҳоеро намеписандид, ки аз ҷумлаи амалҳои тақарруб ба Худо набуданд, мисли дар ҳолати такя таом хурдан ва баъд аз ғусл ҷисмашро бо савбе хушк кардан ва сатри парда дар дари ҳуҷраи Оиша ва Фотима (ризои Худованд бар онҳо) ва инчунин Расули Худо (с) сахт намеписандид, ки шаб бихоб  ва дар хонаи ӯ дирҳаму диноре бошад.

Мухаммадшарифи ХимматзодаПаёмбар (с) барои он мабъус гашт, то мункарро инкор кунад ва ба маъруф амр кунад ва агар ин амал ҳаром мебуд, Расули Худо танҳо ба маҳкам кардани гушҳои худ иктифо намекард ва ба тарку наҳйи он дастур намедод. Тавре дида мешавад ӯ Ибни Умарро наҳй накарданд ва танҳо худро аз он манъ карданд, пас маълум мешавад, ки он мубоҳ аст ва таркаш афзал, мисли соири фузулоти дунё, ки бидуни фарқ мубоҳ ҳастанд.

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз Урва аз падараш аз Оиша ривоят кардааст, ки гуфт: Ҳабашиҳо омаданд ва рӯзи ид буд ва дар масҷид мерақсиданд, Расули Худо маро даъват кард ва ман сарамро бар китфи он ҳазрат гузоштам ва шуруъ ба тамошои бозии онҳо кардам, то ки ман худ аз тамошои онҳо мунсариф гаштам.

Суфёни Саврӣ ва Шуъба ҳар ду аз Абуисҳоқи Сабиъӣ аз Омир ибни Саъди Буҷалӣ ривоят кардаанд, ки Абумасъуди Бадрӣ ва Қураза ибни Каъб ва Собит ибни Зайд дар Ариш буданд ва наздашон ғино буд ва ман гуфтам: шумо асҳоби Расули Худо ҳастед! Гуфтанд: барои мо ғиноро дар туйи арусӣ ва гиряро бар майит, бидуни навҳа иҷозат доданд, магар ки Шуъба ба ҷойи Собит ибни Зайд Собит ибни Вадиъа гуфтааст ва Абумасъудро зикр накардааст.

Ҳишшом ибни Зайд ривоят кардааст… аз Муҳаммад ибни Сирин, ки ӯ гуфт: марде ба Мадина омад ва ҳамроҳаш канизҳо буд ва дар манзили Ибни Умар фуруд омад ва дар миёни канизҳо канизе буд, ки олоти мусиқӣ менавохт, марде омад ва канизҳоро харидорӣ кард ва аз онҳо чизе барояш ҷолиб наомад, гуфт: пеши марде бирав, ки бароят аз ин муштарӣ дар фурухтан беҳтар аст, пас он мард назди Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар рафт ва канизҳоро бар ӯ арз кард, ӯ канизеро амр кард, ки бигир (удро бигир ва бинавоз), пас ӯ бигирифт, то ки Ибни Умар гумон кард, ки ӯ ба он каниз майл кардаст.

Ибни Ҷаъфар он канизро харидорӣ кард, сипас он мард назди Ибни Умар омад ва гуфт: эй Абуабдурраҳмон, ман нуҳсад дирҳам хасорат дидам. Ибни Умар ҳамроҳи он мард назди муштарӣ омад ва гуфт: ин мард нуҳсад дирҳам хасорат дидааст ё ин маблағро ба ӯ бидеҳ ва байъро баргардон. Муштарӣ гуфт: ман маблағи мазкурро медиҳам. Ҳангоми ин муомала Ибни Умар ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ғинои бо удро шуниданд, агарчи Ибни Умар ҳар чизеро, ки дар он ҷиддят нест намеписандид, вале ӯ аз ин кор манъ накард ва дар фурухтани муғанния, тавре ки зикр шуд саъй кард ва агар ҳаром мебуд ҳаргиз инро иҷозат намедод.

Агар шахсе бигӯяд, ки Худованди таъоло фармудааст: "…Пас баъди (баёни) ҳақ чист, магар залол". (Юнус: 32) агар соил бигӯяд, ки ғино дар кадоми ин ду дохил аст? Дар ҷавоб гуфта мешавад, дар ҷойҳое, ки роҳату нашоти бадан ҳосил мешавад, мисли гашту гузор дар боғу бустонҳо ва анвои рангҳои либосу ва ҳар чизе, ки аз ҷумлаи лаҳв аст, дар таҳти ин фармудаи Расули Худо (с): "бидуни шак ҳамаи амалҳо ба нияти (амалкунандагон) марбут аст ва барои ҳар шахс чизеро, ки ният кунад ҳамон мерасад…" Агар шахс амалеро ба мақсади нашоту роҳат бахшидани нафс ба мақсади қавӣ шудани он барои адои тоати Худованди азза ва ҷалла анҷом бидиҳад ӯ кори залолат анҷом надодааст.

Абуҳанифа (р) гуфтааст: "ҳар ки мизмор ва ё удро бидуздад дасти ӯ бурида мешавад ва ҳар ки онро бишканда зомин мешавад". Меъёри асосӣ дар ислом ин аст, ки таҳрими чизе ва ибоҳати он танҳо бо насси сареҳ аз ҷониби Худованд ва ё аз ҷониби Расули Худо (с) собит мешавад. Ончиро Расули Худо баён мекунад он хабар аз ҷониби Худованд аст ва чизеро, ки аз ҷониби Худованд хабар медиҳад, албатта он бо нассе собит мешавад, ки дар он шакк набошад. Расули Худо (с) фармуданд: "Ва ҳар ки бар ман қасдан дуруғро нисбат медиҳад, пас он шахс ҷойгоҳи худро дар дузах омода кардааст".

Абубакр Абдулбоқӣ ибни Барёли Ҳиҷозӣ гуфт: шахсе аз бузургони замони (Ибни Ҳазм) гуфт: "Нусхаеро, ки дар он аҳодиси ворида дар мазаммати ғино ва манъи фурухтани муғаннияҳо ворид шудааст ва ончиро Абумуҳаммад (Ибни Ҳазм) дар ин мавзуъ зикр кардааст гирифтам ва назди имоми фақеҳ Абуумар ибни Абдулбарр  рафтам ва онро назди ӯ гузоштам ва ӯро тарғиб кардам то атрофи ин мавзуъ тааммул кунад, нусхаи мазкур назди ӯ чанд рӯз боқӣ монд, сипас наздаш рафтам ва гуфтам, рисоларо хондӣ ва онро чӣ тавр ёфтӣ? Гуфт: тавре ёфтам, ки барои зиёд ва кам кардан чизеро наёфтам. (Рисолаи ғино дар инҷо поён ёфт).

Аллома Шавконӣ низ ба мавзуъи ғино ва лаҳв дар китобаш "Найл-ул-автор" боберо ихтисос дода, дар он далоили онҳоеро, ки ғино ва самоъро ҳаром медонанд ва далоили онҳоеро, ки онро ҷоиз ва мубоҳ медонанд оварда назари ҳар ду тарафро аз рӯи инсоф ва амонати илмӣ баён кардааст. Аз ҷумла ӯ овардааст: "Аҳли Мадина ва онҳое, ки бо эшон ҳамфикранд, аз уламои зоҳир ва ҷамоае аз суфия ғино ва самоъро рухсат додаанд, агарчи он ҳамроҳ бо уд ва дигар олоти мусиқӣ бошад.

Аз ҷумла Шавконӣ менависад: Дар боби таҳрими ғино ва мазаммати он аҳодиси бисёр ривоят шудааст ва ҷамоае аз аҳли илм дар ин боб таснифоте вазъ кардаанд, валекин баъзе аз аҳли илм ҳамаи он аҳодисро заъиф хондаанд ва ҳатто Ибни Ҳазм гуфтааст, ки дар ин боб ҳеҷ ҳадисе ба ҳадди сиҳат нарасидааст ва ҳарчӣ омадааст ҳама мавзуъ мебошанд. Ибни Ҳазм иддаъо дорад, ки ҳадиси Бухорӣ аз Абуомир ва ё Абумолики Ашъарӣ ҳадисест, ки миёни Бухорӣ ва Ҳишшом манқатеъ аст. Вале Ҳофиз (Ибни Ҳаҷар) дар "Ал-Фатҳ" гуфтааст: Ибни Ҳазм дар ин иддаъоаш, ба чанд далел хато кардааст. Ҳадиси мазкур саҳеҳ ва иттисолаш маъруф аст ва шарти сиҳҳат дар он мавҷуд аст ва Бухорӣ гоҳо ҳамин тавр мекунад, зеро ӯ ҳадисро дар мавзеи дигари китобаш зикр кардааст.

Онҳое ки ғиноро ҷоиз донистаанд гуфтаанд, ки дар китоби Худо ва суннати Расули Ӯ ва дар маъқули ин ду маъхаз аз қиёс ва истидлол чизе, ки таҳрими муҷарради шунидани савти хуши мавзунро ҳамроҳ бо олате аз олоти мусиқӣ тақозо кунад, мавҷуд нест. Ва аммо онҳое ки ғиноро манъ мекунанд барои қавли худ далелҳои зиёд овардаанд. Аз ҷумла ҳадиси Абумолик ва ё Абуомир, ки қаблан зикр шуд, вале онҳое, ки ғиноро иҷозат додаанд ҳадиси мазкурро қобили қабул надонистаанд.

Аз ҷумла ҷавоби Ибни Ҳазм дар бораи ҳадис қаблан зикр гадид ва инчунин гуфта шудааст, ки дар исноди ҳадис Садақа ибни Холид мавҷуд аст, ки Ибни Ҷунайд аз Яҳё ибни Маъин ҳикоят кардааст, ки ӯ ҳеҷ арзиш надорад ва Музӣ аз Аҳмад ривоят кардааст, ки ин мард мустақим нест. Дар ҷавоби ин эрод гуфта шудааст, ки ровиёни ин ҳадис одамони саҳеҳ ҳастанд.

Ва эроди дигар нисбати ҳадиси мазкур ин аст, ки санаду матни ҳадис музтариб аст, аммо изтироби иснод дар он аст, ки ровӣ дар исми саҳобӣ мутараддид аст, ки қаблан зикр гардид ва аммо изтироб дар матни ҳадис, ба қавли иҷозатдиҳандагон дар он аст, ки дар баъзе алфози ҳадис лафзи "ястаҳиллуна" омадааст ва дар баъзеи дигар ин лафз наомадааст. Назди Аҳмад ва Ибни Абушайба лафзи "лаяшрабанна уносун мин умматӣ ал-хамра…" омадаст ва дар ривояти дигар "ҳир" бо ду ҳарфи бенуқта (фарҷ) омадааст ва дар ривояти дигар "хазза" бо ду ҳарфи муъҷама омадааст.

Дар ҷавоби даъвои изтироб дар санад гуфта шудааст, ки ҳадиси мазкурро Аҳмад ва Ибни Абушайба аз ҳадиси Абумолик, бидуни шакк ривоят кардаанд ва Абудовуд аз ҳадиси Абуомир ва Абумолик ривоят кардааст ва ин ривояти Ибни Досса аз Абудовуд ва ривояти Ибни Ҳиббон аст, ки ӯ аз Абуомир ва Абумолики Ашъарӣ шунидааст. Пас маълум шуд, ки ин аз ривояти ҳар ду саҳобӣ аст. Ва аммо ҷавоби изтироб дар матни ҳадис ин аст, ки ба ин шакл омадани ҳадис дар истидлол таън ворид намекунад, зеро ровӣ гоҳҳо баъзе алфози ҳадисро тарк мекунад ва гоҳҳо онро зикр мекунад.

Нисбати ҳадиси мазкур эроди дигаре аз тарафи онҳое, ки ғиноро иҷозат додаанд ворид шудааст, ки гӯё лафзи "маъозиф", ки маҳалли истидлол аст, дар Сунани Абудовуд наомадааст. Дар ҷавоб гуфта шудааст, ки ғайри Абудовуд, дигарон онро зикр кардаанд ва дар саҳеҳ собит шудааст, ки зиёдаи дар лафз аз тарафи адл мақбул аст.

Онҳое ки ғиноро иҷозат додаанд, дар ҷавоби ҳадиси мазкур, гуфтаанд, ки мо бовар надорем, ки ҳадис бар таҳрими маъозиф далолат дошта бошад ва дар ин бора ба чанд тариқ такя карда, аз ҷумла гуфтаанд, ки лафзи "ястаҳиллуна" дар баёни таҳрим нас нест. Абубакр ибни Арабӣ барои "ястаҳиллуна" ду маъноро зикр кардааст: якум, эътиқод мекунанд, ки он ҳалол аст, дуввум, ин лафз маҷоз аз истирсол дар истеъмоли ин алфоз мебошад.

Дар ҷавоб гуфта шудааст, ки ваъид бар эътиқод кардан дар бораи таҳрими муносабат аз мӯҳтавои хитоб огоҳ месозад ва аммо даъвои маҷоз бошад, бояд гуфт, ки асл ҳақиқат аст ва барои баромадан аз ҳақиқат ҳеҷ боисе нест. Дуввум ин ки мадлули "маъозиф" ихтилофӣ аст, ки қаблан баён гардид ва ҳаргоҳ лафз эҳтимоли олат ва ғайри олатро дошта бошад, он барои истидлол салоҳият надорад, зеро он ё муштарак аст ва роҷеҳ дар ин бора таваққуф аст ва ё маҷоз аст ва дар ин сурат маънои ҳақиқӣ муайян намешавад. Дар ҷавоб гуфта шудааст, ки ҳадис бар таҳрими истеъмоли ҳар чизе, ки ин исм бар он рост меояд, далолат мекунад ва зоҳир ҳақиқат он аст, дар ҳама чизе аз маъноҳои мансус буда аз ҷониби аҳли луғат ва на аз қабили муштарак. Зеро лафз барои ҳар кадом ба таври алоҳида вазъ нашудааст, балки аз барои ҳама вазъ шудааст ва роҷеҳ ҷавози истеъмоли муштарак дар ҳамаи маъноҳо мебошад, ҳамроҳ бо адами тазод, тавре ки дар усул муқаррар шудааст.

Севвум инки эҳтимол дорад "маъозиф", ки таҳрими он мансус аст, онест, ки ҳамроҳ бо нӯшидани хамр бошад, тавре дар ривоят бо лафзи "менӯшанд мардуме аз уммати ман хамрро ва болои сарашон муғаннияҳо месароянд…" омадааст. Дар ҷавоб гуфта шудааст, ки қарин омадани чанд чиз далолат намекунад, ки ҳаром, танҳо ҷамъ омадани ҳамаи он ашё бошад, агар ин тавр бошад, пас зино, ки дар ҳадис ба сароҳат омадааст, танҳо ҳамроҳ бо нӯшидани хамр ва истеъмоли маъозиф ҳаром бошад, ин лозим ба таври иҷмоъӣ ботил аст, инчунин малзум низ. (Ин ҷавоб наметавонад саҳеҳ набошад, зеро ҳурмати зино ва хамр аз ин ҳадис маълум намешавад, балки ҳурмати зино ва хамр ба таври сареҳ ва мансус дар китоби Худо ва суннати Расули Ӯ баён шудааст, ки дар он шакке нест М. Ҳ)

Онҳое ки ғиноро иҷозат додаанд нисбати ҳадиси мазкур як ҷавоби дигар низ доранд, ки мақсад аз "ястаҳиллуна" маҷмуи умури мазкура аст ва ин далолат бар таҳрими ҳар кадоми умури мазкура ба таври инфиродӣ намекунад. Ва дар чандин амре, ки нисбаташон наҳй воридшудааст ва ё ваъид  собитшудааст, он далолат бар таҳрими ҳар фарди алоҳидаи онҳоро намекунад. Ҷавоби онҳо дар боло гуфта шуд.

Устод Абумансури Бағдодӣ- Шофеӣ дар китоби таълифнамудааш дар мавзуъи самоъ ҳикоят кардааст, ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар нисбати ғино ҳеҷ мамнуъиятро намедид ва ӯ овози хуши ғинои канизҳояшро, ҳамроҳ бо асбоби мусиқӣ гуш мекард. Ва ин кор дар замони хилофати амир-ул-муъминин Алӣ (р) буд. Устод Абумансур монанд ба ҳаминро аз Қозӣ Шурайҳ ва Саъид ибни Мусайиб ва Ато ибни Абурибоҳ ва Зуҳрӣ ва Шаъбӣ ҳикоят кардааст. Имом-ул-ҳарамайн дар "Ан-ниҳоя" ва Ибни Абудамм гуфтаанд: афроди муътамад ва сиққа аз муаррихон нақл кардаанд, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр канизҳои муғанния дошт ва рӯзе Ибни Умар наздаш дохил шуд ва дар канораш уд буд, гуфт: ин чист, эй соҳиби Расули Худо? Удро ба дасташ дод, Ибни Умар дар он бо тааммул нигарист ва гуфт: ин мизони шомист. Ибни Зубайр гуфт: бо ин ақлҳоро бармекашанд.

Ҳофиз Абумуҳаммад ибни Ҳазм дар рисолааш дар бораи самоъ бо санад то Ибни Сирин ривоят кардааст, ки ӯ гуфт: марде ба Мадина омад ва ҳамроҳаш чанд каниз буд ва дар манзили Ибни Умар фуруд омад, дар миёни канизҳояш канизе буд, ки уд менавохт. Марде омад ва аз ӯ хост то канизҳояшро харидорӣ кунад, вале аз онҳо чизи ҷолиберо написандид. Гуфт: назди марде бирав, ки дар байъ аз ин одам беҳтар аст. Гуфт: он мард кист? Гуфт: Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар. Назди ӯ рафт ва канизҳояшро барои харидан ба ӯ пешкаш кард, канизеро аз миёни онҳо амр кард, то удро бигирад, удро гирифт ва тағаннӣ кард. Ин каниз писандаш омад ва ӯро харид, сипас он мард назди Ибни Умар омад ва …

Соҳиби "Ал- Иқд" алломаи адиб Абуумари Андалусӣ ривоят кардааст: Абдуллоҳ ибни Умар назди Ибни Ҷаъфар дохил шуд ва назди ӯ канизеро дид, ки дар канораш уд буд, ба Ибни Умар гуфт: оё ту дар шунидани ин  гуноҳе мебинӣ? Гуфт: боке нест. Мовардӣ аз Муовия ва Амр ибни Ос ҳикоят кардааст, ки онҳо назди Ибни Ҷаъфар уд шуниданд. Абулфараҷи Исфаҳонӣ ривоят кардааст, ки Ҳассон ибни Собит аз Аззаи Майно ғиноеро бо уд шунид, ки бар шеъри ӯ суруда мешуд. Абулаббоси Мубаррад ҳам монад ба инро зикр кардааст. Ал-Идфавӣ зикр кардааст, ки Умар ибни Абдулазиз қабл аз хилофат аз канизҳояш ғиноро мешунид.

Ибни Симъонӣ рухсати самоъро аз Товус нақл кардааст ва Ибни Қутайба ва соҳиби "Ал-Имтоъ" аз қозии Мадина Саъд ибни Иброҳим ибни Абдурраҳмони Зуҳрӣ аз тобеин рухсатро нақл кардааст. Абуяълои Халилӣ дар "Ал-Иршод" аз Абдулазиз ибни Абусаламаи Моҷишун муфтии Мадина мубоҳ будани самоъро нақл кардааст ва Руёнӣ аз Қаффол ҳикоят кардааст, ки дар мазҳаби Молик ибни Анас самоъи ғино ҳамроҳ бо олоти мусиқӣ ҷоиз аст. Устод Абумансур ва Фуронӣ аз Молик ҷавози удро ҳикоят кардаанд.

Абутолиби Маккӣ дар "Қувват-ул-қулуб" зикр кардааст, ки Шуъба танбурро дар манзили Минҳол ибни Амр- муҳаддиси машҳур истимоъ кард. Ва Абулфазл ибни Тоҳир дар рисолаи таълифнамудааш дар баёни самоъ ҳикоят кардааст, ки миёни аҳли Мадина дар мубоҳ будани уд хилофе нест. Ибни Наҳвӣ дар "Ал-Умда" гуфтааст: Тоҳир гуфт: ин иҷмоъи аҳли Мадина аст ва афзудааст: ҳамаи аҳли зоҳир бар ҳамин моил ҳастанд.

Азфувӣ гуфтааст: Ноқилон дар нисбати навохтани уд ба Иброҳим ибни Саъд, ки қаблан зикраш рафт ихтилоф надоранд ва Иброҳим касе буд, ки ҷамоаи аҳли ҳадис аз ӯ ҳадис нақл кардаанд. Мовардӣ мубоҳ будани удро аз баъзе шофеиҳо ҳикоят кардааст. Абулфазл ибни Тоҳир аз Абуисҳоқи Шерозӣ ҳаминро ҳикоят кардааст ва Иснавӣ дар "Ал-Муҳиммот" аз Рувёнӣ ва Мовардӣ ҳаминро ҳикоят кардааст. Ибни Наҳвӣ аз устод Абумансур ҳамин ибоҳатро ривоят кардааст ва Ибни Мулаққан дар "Ал-Умда" аз Ибни Тоҳир ва Узфувӣ аз шайх Иззуддин ибни Абдуссалом ва соҳиби "Ал-Имноъ" аз Абубакр ибни Арабӣ ҷавози истимоъро ҳикоят кардаанд. Ҳамаи ин бузургон қоил бар ҳалол будани самоъи олате аз олоти маъруф ҳастанд.

Ва аммо муҷарради самоъи ғино бидуни олати мусиқӣ, дар ин бора Узфувӣ дар "Ал-Имноъ" гуфтааст: Ғаззолӣ дар баъзе аз таълифоти фиқҳиаш иттифоқро бар ҳалол будани он (ғино бидуни олати мусиқӣ) нақл кардааст. Ибни Тоҳир иҷмоъи саҳоба ва тобеинро бар ҳамин нақл кардааст ва Тоҷулфарозӣ ва Ибни Қутайба низ иҷмоъи аҳли Мадинаро бар ҳамин нақл кардааст. Мовардӣ гуфтааст: Аҳли Ҳиҷоз то имрӯз ғиноро дар афзали айёми сол, ки ба ибодат ва зикр дар он айём амр шудааст, рухсат додаанд.

Ибни Наҳвӣ дар "Ал-Умда" гуфтааст: ғино ва самоъи он аз ҷамоае аз саҳобагон ва тобеин ривоят шудааст, аз ҷумлаи саҳобагон Умар (р) буд, инро Ибни Абдулбарр ва дигарон ривоят кардаанд ва Усмон (р) низ ба ривояти Мовардӣ ва соҳиби "Ал-Баён" ва Рофеъӣ ва инчунин Абдурраҳмон ибни Авф, инро Ибни Абушайба ривоят кардааст ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ, инро Байҳақӣ овардааст ва Саъд ибни Абуваққос, инро Ибни Қутайба овардааст ва Абумасъуди Ансорӣ, инро Байҳақӣ овардааст ва Билол ва Абдуллоҳ ибни Арқам ва Усома ибни Зайд, ҳамаи инро Байҳақи овардааст ва Ҳамза, ин дар Ас-Саҳеҳ омадааст ва Ибни Умар, инро Ибни Тоҳир нақл кардааст ва Баро ибни Молик, инро Абунуайм овардааст ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, инро Ибни Абдулбарр ривоят кардааст ва Абдуллоҳ ибни Зубайр, инро Абутолиби Маккӣ нақл кардааст ва Ҳассон, инро Абулфаараҷи Исфаҳонӣ ривоят кардааст ва Абдуллоҳ ибни Умар, инро Зубайр ибни Баккор ривоят кардааст ва Қараза ибни Баккор, инро Ибни Қутайба ривоят кардааст ва Хаввот ибни Ҷубайр ва Рабоҳ Ал-Муътариф, инро соҳиби "Ал-Ағонӣ" овардааст ва Муғира ибни Шуъба, инро Абутолиби Маккӣ ҳикоят кардааст ва Амр ибни Ос, инро Мовардӣ ҳикоят кардааст ва Оиша ва Рабиъ, ин дар Саҳеҳи Бухорӣ ва дигар сунан омадааст.

Ва аммо тобеин, ки аз онҳо самоъи ғино нақл шудааст инҳо мебошанд: Саъид ибни Мусайиб ва Солим ибни Умар ва Ибни Ҳассон ва Хориҷа ибни Зайд ва Шурайи қозӣ ва Саъид ибни Ҷубайр ва Омири Шаъбӣ ва Абдуллоҳ бни Абуатиқ ва Ато ибни Абурибоҳ ва Муҳаммад ибни Шиҳоби Зуҳрӣ ва Умар ибни Абдулазиз ва Саъд ибни Иброҳими Зуҳрӣ ва аммо табатобиин, ки ғиноро истимоъ кардаанд аз шумор берун ҳастанд, аз ҷумла чаҳор имоми фиқҳ ва Ибни Уяйна ва ҷумҳури шофеиҳо. Сухани Ибни Наҳвӣ инҷо тамом шуд.

Онҳое ки ғиноро иҷозат доданд, баъзе аз онҳо қоил бар кароҳати он ҳастанд ва баъзеи дигар бар истиҳбоби он, далилашон ин аст, ки ғино қалбро рақиқ ва ҳузну шавқи ба сӯи Худоро дар инсон ба ҳаяҷон меоварад.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi