01:56:17 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28            

БАРОИ ЗАНҲО НИЗ ҲУРОНИ БИҲИШТӢ ҲАСТАНД?

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ ба суолҳо

Суол: Салом! Чаро ин қадар дар Қуръон аз ҳурони биҳиштӣ ба унвони подоши мардон гуфта шудааст? Ва чаро барои занон чунин подоше нест? Оё ин мавзӯъ бо адолати Худо дар мунофот нест? Дар зимн шояд зане дилаш нахоҳад ҳамсараш ҳури биҳиштӣ дошта бошад. Ин мавзӯъ воқеан мояи салби оромиши рӯҳии ман аст. (М. Каримӣ)

Посух: бо арзи салом ва эҳтиром Корбари гиромӣ!

fffВа бино ба ончӣ дар Қуръони карим омадааст занони боимон дар қиёмат дар канори занони биҳиштӣ (ҳурулъин) бо мардони биҳиштӣ қарин мебошанд. Ва занони боимон бо ҳамсарони боимони худ вориди биҳишт мешаванд. Худои карим мефармояд: «Вориди биҳишт шавед шумо ва ҳамсаронатон дар ниҳояти шодбошӣ» (Зухруф, ояи 70). Ва манзур аз издивоҷ, ҳамон занони бо имоне ҳастанд, ки дар дунё буданд, (тафсири ал-Мизон, ҷил.18 саҳ. 129).

Ва будан дар канори ҳамсарони боимон ва меҳрубон ҳам барои мардон лаззатбахш аст ва барои занонашон. Худои карим дар ҷои дигар мефармояд: «Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳои қасрҳо ва дарахтони биҳиштӣ бар тахтҳо такия кардаанд» (Ёсин, ояи 56).

Ва оятҳое, ки дохил шудани ҳамсарони солеҳро ба биҳишт ваъда дода шудааст. Аз ҷумла: «Эй Парвардигори мо, ононро ва ҳар кӣ солеҳ бошад, аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ки ҳаройина, Ту пирӯзманду ҳакимӣӯъмин, ояи 8).

Ва «Биҳиштҳоиҷовидон; онҳо ва ҳар ки некӯкор будааст аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, ба он дохил шаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон оянд!» (Раъд, ояи 23).

 Аз ин оятҳо истифода мешавад, ки занон ва мардоне, ки дар ин дунё ҳамсари якдигаранд ҳаргоҳ ҳар ду боимон ва биҳиштӣ бошанд дар онҷо ба ҳам мулҳақ мешаванд ва бо ҳам дар беҳтарин шароит ва ҳолот зиндагӣ мекунанд ва ҳатто аз ривоятҳо истифода мешавад, ки мақоми ин занон бартар аз ҳурони биҳишт аст, ба хотири ибодот ва аъмоли солиҳе, ки дар ин ҷаҳон анҷом додаанд.

Дар бархе манобеи каломӣ ва ривоятӣ чунин омадааст, ки дар рӯзи қиёмат, агар ҳамсари зани мӯъмин, аҳли биҳишт бувад, ӯро ихтиёр мекунад ва агар аз аҳли ҷаҳаннам бувад як мардро аз миёни мардони биҳиштӣ бармегузинад. Шояд фалсафаи ин кор ин бошад, ки зан бар хилофи мард, аз назари табиат таъудудпазир нест. Ба ҳамин ҷиҳат мардеро интихоб мекунад.

Аммо гурӯҳе- аз ҷумла Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар муқобил муддаианд, ки «ҳӯрулъин» (ҳӯри биҳиштӣ) метавонад музаккар(мард) ҳам бошад. Бар асоси ин назар шояд иллати ин ки авсофи ҳӯре, ки дар Қуръон ба кор рафтааст, бар муаннас (зан) далолат мекунад, ба ин ҷиҳат  бошад, ки гуфтугӯ ва муҳовара дар он оятҳо, бо тоифаи мардони мӯъмин будааст, на бо занони мӯъмини дунявӣ. Аз ин рӯ шева ва муҳовара, иқтизо дорад, ки чунин авсофе барои ин мавҷудот зикр шавад.

Аз мазмуни бархе оятҳо ва ривоёт чунин бар меояд, ки масъалаи лаззатҳои ҷинсӣ, ихтисосе ба мардон надорад, балки занон низ дар биҳишт метавонанд барои хеш шавҳарони дилхоҳ баргузинанд. Истилоҳи «ҳӯр» низ ихтисосе ба занон надорад, балки ҳӯрҳои музаккар низ дар биҳишт вуҷуд доранд. Барои намуна аз аз Амири мӯъминон Алӣ (р) ривоят шудааст: «Дар биҳишт бозоре аст, ки дар он хариду фурӯше нест, танҳо дар он ҷо тасвири мардон ва занон вуҷуд дорад. Ҳар касе, ки тамоюл ба онон пайдо кунад, аз ҳамон ҷо бар ӯ ворид мешавад» (Биҳоруланвор, ҷил.1 саҳ 148).

Дар биҳишт ҳам ҳурони биҳиштие вуҷуд доранд, ки аз неъматҳои биҳиштианд ва дар дунё набудаанд ва ҳам занони дунё,ки аҳли биҳишт бошанд, бо зебоӣ ва шукӯҳе бартар аз ҳӯрон дар биҳишт ҳузур доранд ва чуночи моил бошанд, ба шавҳарони хеш мепайванданд. Бинобарин лаззатҳои биҳишт махсуси мардони биҳиштӣ нестанд, балки касе, ки  дохили биҳишт мешавад аз неъматҳо ва зебоиҳо лаззат хоҳад бурд.

Чунонки Қуръон мефармояд: «Дар биҳшт он чӣ дил хоҳад ва чашм аз он лаззат мебарад, мавҷуд аст» (Зухруф, ояи 71) ва дар ин амр низ байни мард ва зани биҳиштӣ фарқе нест. Ҳар кадом аз онҳо ҳар навъ лаззате бихоҳанд барояшон мавҷуд аст ва барои занони биҳиштӣ низ мардони биҳиштии дилхоҳашон ҳаст. Манбаъ: «http:tebyan.net»

Таамулле дар бораи ҳурони биҳиштӣ аз нигоҳи Қуръони маҷид

Худои таъоло дар чандин маврид дар сураҳои Қуръони карим аз ҳурони биҳиштӣ ёд кардааст ва дар шаъни онҳо гуфтааст: «Дар он ҷо (биҳишт) занонест нексирату зеборӯй. Ҳуроне мастур дар хаймаҳо» (Раҳмон, оятҳо 70-72) ва дар ҳамин сураи муборака ҷои дигар мефармояд: «Монанди ёқуту марҷон» (Раҳмон, ояи 58).

Дар мавриди издивоҷи онҳо ҳазрати Худованд гуфтааст: «Ҳам чунин ҳурулъийнро (ҳуронишаҳлочашм) баҳамсарияшондароварем» (Духон, ояи 54). Ӯ таъоло мефармояд: «Он занонро Мо биёфаридем, офаридане. Ва дӯшизагон сохтем. Маъшуқи ҳамсарони хешанд» (Воқеа, оятҳои 35-36-37). Ҳақ таъоло дар васфи зебоии онҳо чунин фармудааст: «Заноне фаррохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд. Монанди тухми (шутурмурғ) ҳастанд, ки (дар зери болу параш воқеъ аст) дастнорас» (Соффот, оятҳои 48-49).

Таҳияи Амруллоҳи Низом



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi