18:51:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕҲТАРИН ҚОРИИ ҚУРЪОН КИСТ?

 

Дар доираи таҷлили 1310 -солагии поягузори мазҳаби ҳанафӣ - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам дар «Маркази равобити пойтахт» нахустин озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» оғоз гардид. 

Ин чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам созмон дода шуда, дар он 120 нафар қориёни Қуръони азимушшаън аз саросари кишвар, ки дар давраҳои минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳо ғолиб омадаанд, иштирок доранд. Дар маросими ифтитоҳи озмун вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, Раиси Шӯрои уламои кишвар Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абдуҷалол Ализода ширкат карда, баргузории ин чорабинии фарҳангиро қадами устуворе дар роҳи ҳифзи китоби осмонӣ - Қуръони карим ва бузургдошти пешвои ҳанафимазҳабон - Имоми Аъзам арзёбӣ карданд.

Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ҳадафи озмун дарёфти беҳтарин қориёни Қуръони маҷид ва тарғиби маърифати қуръонӣ мебошад.

Дар оянда Вазорати маорифи кишвар тасмим гирифтааст, ки чунин озмунҳоро дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои Шарқи мусулмон дар Душанбе баргузор намояд. 

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръон» пагоҳ ҷамъбаст гардида, беҳтарин қориёни Қуръон бо ҷоизаҳо сарафароз гардонида мешаванд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi