16:48:06 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Асҳоби каҳф – I

Абдушариф Боқизода, махсус барои "Рӯзгор"

Асҳоби каҳф (ба маънои аҳли ғор ва ё ғорнишинон) достони қуръонӣ, Қуръони карим барои тасбити ақидаи мӯъминон ва исботи растохези ҷисмонии мурдагон дар рӯзи қиёмат достони ҷавонони мӯъминеро дар сураи Каҳф (18/9-26) зикр менамояд, ки дар гузаштаҳои дур барои ҳифзи имони худ аз зулми подшоҳи вақт ба ғоре паноҳ мебаранд ва солиёни дарозе дар он ҷо ба хоби амиқ фурӯ мераванд. Қуръон дар ҳаждаҳ оят ба баёни ҷузъиёти ин ҳодисаи таърихӣ пардохта, тафосил ва раванди рӯйдоди онро ба сурати навори зиндае аз пеши чашм мегузаронад.

ashab---kehf 545454Назари аксари муфассирон бар он аст, ки Асҳоби каҳф мӯъминоне бар дини яҳуд буда, зиндагонӣ, даъват ва ғорнишин гаштани онҳо ба замони пеш аз ҳазрати Исо (ъ) рост меомад ва дубора барангехта ва бедор шудани онҳо бошад, пас аз Исо (ъ) ба вуқӯъ пайвастааст, зеро достони онҳо дар осор ва ривоятҳои динии мардуми яҳуд низ мавҷуд аст. Ба назари баъзе муфассирон таърихи зиндагонии онҳо ба замони рисолати Мусо (ъ) - паёмбари банӣ Исроил мувофиқ меояд.

Вале аз баъзе шавоҳиди таърихӣ бармеояд, ки онҳо аз ҷумлаи пайравони дини насронӣ буда, пас аз рисолати Исои Масеҳ (ъ) дар садаҳои аввали солшумории милодӣ гузаштаанд. Ғолибан ба назар мерасад, ки таърихи зиндагонӣ ва ғорнишин гаштани онҳо ба даврони фармонравоии яке аз коргузорони пурнуфуз ва ҳокимони сахтгири Рум Трожен (Trajan) дар сарзамини Шом дар солҳои 98-117 пас аз милод рост меояд ва он ба таври дақиқ пас аз илҳоқи комили сарзаминҳои ҷануби Шом дар соли 106 м. ба империяи Рум рӯй додааст.

Диёнати масеҳӣ дар ин давра то андозае дар миёни давлатдорон ва коргузорони раддаҳои болоии императорӣ нуфуз карда буд. Трожен соли 112 м. дар бораи қатли масеҳиёне, ки ба император ва кишвари Рум садоқат надошта бошанд, фармон дод ва шояд ҳамин вазъ сабаби пинҳоншавӣ ва ба ғор паноҳ бурдани Асҳоби каҳф  гардида бошад. Ва замони аз хоб бархостани онҳо дар давраи ҳокимияти императори Руми Шарқӣ Теодосиюс (Тедосис=Theodosius)-и дуюм дар солҳои 407-450 м. сурат гирифтааст, замоне, ки масеҳият ба унвони диёнати расмии кишвар амал мекард. Ҳарчанд аксари ривоятҳои масеҳӣ ва осори дигари ривоӣ зуҳури аввали Асҳоби каҳфро ба замони фармонравоии император Дақёнус (Дакйус - Деций) дар солҳои 249-251 пас аз милод мусодиф донистаанд, вале адами интибоқи замонбандии ҳаводис ва шавоҳиди мӯътамади таърихӣ онро рад менамоянд.

Дар бораи шаҳр ва сарзамини Асҳоби каҳф низ дар байни аҳли таҳқиқ ихтилофи назар вуҷуд дорад, баъзеҳо онро дар Осиёи хурд дар шаҳри Эфесус дар шимоли-ғарбии шаҳри Тарасус, ки дар он замон пойтахти шарқии империяи Рум буд, донистаанд ва баъзе дигар онро дар наздикиҳои пойтахти мамлакати имрӯзаи Урдун шаҳри Аммон гуфтаанд, ки дар он замон, ҳамон гуна ки дар сарчашмаҳои юнонӣ сабт шуда, ба шакли музофоте бо номи Филаделфия (Philadelphia) тобеи империяи Рум буд.

Онҳо ба таври дақиқ водӣ ва рустоеро бо номи Раҷиб (Рақим) дар назар доранд, ки дар шимоли-ғарбии шаҳри Аммон воқеъ шудааст. Ба андешаи аксари муфассирон калимаи "Рақим", ки дар оят зикр шудааст, ба сарзамин ва ё водие ишора дорад, ки ҳодисаи Асҳоби каҳф дар он ҷо гузашта ва каҳфи мазкур низ дар он воқеъ шудааст. Аксари муҳаққиқони ғарбӣ, аз ҷумла мураттибони луғатномаи "Ислам. Энциклопедический словарь" низ назари дуюмро тарҷеҳ дода, Асҳоби каҳфро ғайр аз "ҳафт хуфтаи эфесӣ"-и маъруф дар Ғарб медонанд.

Ахиран - соли 1963 ҳайати бостоншиносони урдунӣ бо раёсати Рафиқ Вафо Даҷонӣ дар наздикиҳои шаҳри Аммон дар саҳрои Балқо каҳфе бо ҳамон тавсифоти қуръонӣ кашф намуда, ки бо лаҳҷаи мардумӣ ба он Раҷиб гуфта мешавад ва ба гуфти онҳо он ҳамон "Рақим"-е аст, ки зикри он дар Қуръон омада. Бостоншиносони урдунӣ дар даруни каҳф ҳашт қабр пайдо карда, ки дар ҳафт қабри он устухонҳои ҷасади дафншудагон вуҷуд доранд ва яке аз онҳо холӣ аст. Ҳамчунин онҳо косахонаи сар ва ҷоғи болои сагеро дар остонаи дари ғор пайдо кардаанд. Дар ин каҳф сиккаҳои византие низ ёфт шуда, ки санаи таърихии онҳо ба аҳди ҳузури румиён дар сарзаминҳои Шом бармегардад.

Дар он давраҳои таърих аз як сӯ, ширку бутпарастӣ дар дарбори императорони Рум ва коргузорони маҳаллии тобеи онҳо ба сурати беравияе ривоҷ ёфта ва аз сӯи дигар, зулму ситами миллатҳои тобеи мустаъмарот ба авҷи худ расида буд. Ин вазъи вахими эътиқодӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ гурӯҳи ҷавонони яктопарастро ба дод оварда буд.

Ба назар мерасад, ки онҳо то ҳади имкон ба даъвати мардум пардохта ва ба ислоҳи вазъи динӣҷтимоии кишвар кӯшидаанд, вале ба сабаби пастии маърифати фарҳангии мардум ва ҳамин тавр бар асари сиёсати сахте, ки коргузорони румӣ дар баробари ҳар гуна андешаи нав ба иҷро гузошта буданд, аз ислоҳи умумии он оҷиз монданд.

"Мо гузориши онҳоро бо ҳақ бар ту қисса мекунем: Онҳо ҷавононе буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварданд ва бар ростӣ ва ҳидояташон афзудем ва бар дилҳояшон рабт (қувват ва устуворӣ) бахшидем, ҳангоме қиём карданд (ва) гуфтанд: Парвардигори мо (ҳамон) Парвардигори осмонҳо ва замин аст, ғайр аз Ӯ ҳаргиз Худои дигаре нахонем, ки дар он сурат қатъан беҳуда ва ботил гуфтаем. Инҳо қавми мо ҳастанд, ки ба ҷои Ӯ худоёне гирифтаанд (ва) чаро дар (исботи ҳаққонияти) онҳо далели ошкоре намеоваранд?. Пас чӣ касе золимтар аз он аст, ки бар Худо дурӯғе бибофад?". (18: 13-15).

Илова бар ин, арзишҳои эътиқодӣ, дину имон ва ҳаёти худашон низ дар маърази хатар қарор гирифт ва ноилоҷ аз байни онҳо ҷудо гашта ва дар гӯшае танҳо ба Худо рӯй оварданд ва аз Ӯ мадад ҳостанд. Худо ба онҳо амр кард ба он ғоре, ки барояшон қаблан шинохта буд, паноҳ баранд: "Ва чун аз онҳо ва он чи парастиш мекунанд, ба ҷуз Аллоҳ, канора гирифтед, пас ба он ғор паноҳ баред, Парвардигоратон бароятон раҳмати хешро паҳн месозад ва барои шумо дар коратон кушоиш мебахшад". (18: 16).

Вақте ба он ғор дохил шуданд ва дар фазои кушодае аз он ҷой гирифтанд, Худо бар гӯшҳояшон хоб афканд ва солиёни дарозе ҳамон тавр хуфта боқӣ монданд. "Пас дар он ғор бар гӯшҳояшон солҳои чанде (хоб) афкандем, он гоҳ эшонро барангехтем, то бидонем, ки кадоме аз ду гурӯҳ аз мӯҳлати истодаи онҳо огоҳтар аст". (18: 11, 12).

 Бино ба фармудаи Қуръон Худо бар гӯшҳояшон хоб афканда ва робитаи шунавоиро дар онҳо бо берун комилан қатъ карда буд, вале чашмонашон ҳамчунон кушода боқӣ монда буданд, ки бинанда онҳоро бедор мепиндошт. "Ва онҳоро бедор пиндорӣ, дар ҳоле ки хуфтаанд". (18: 18). Илова бар ин, онҳо ба каҳфе паноҳ бурда буданд, ки рӯшноии офтоб пагоҳу бегоҳ ба он мерасид ва ҳавояш тоза мешуд. Вақте офтоб тулӯъ мекард, аз болои ғор ба самти рост мегузашт ва дар бегоҳҳангоми ғуруб онҳоро ба чап бурида мегузашт. "Ва офтобро ҳангоме тулӯъ кунад, мебинӣ, ки аз ғори онҳо ба самти рост мегузарад ва чун ғуруб намояд, онҳоро ба тарафи чап бурида мегузарад ва онҳо дар паҳно ва саҳни кушодае аз он ҷой гирифтаанд". (18: 17).

Ҳамчунин Худованд онҳоро дар аснои хоб ба чапу рост паҳлу мегардонд, то ҷисмҳояшон ба як паҳлуқолаб нагиранд ва хун дар баданашон ҳамеша дар ҳаракат бошад. Онҳо умуман, дар вазъе қарор доштанд, ки шахс аз мушоҳидаи манзараи он ба ваҳшат меафтод. "Ва онҳоро ба росту чап (паҳлу) мегардонем ва сагашон (банди) дастони худро дар остонаи дар (-и ғор) паҳн намудааст. Агар бар онҳо сар бикашӣ (ва чашмат ба онҳо биафтад), аз онҳо рӯ ба гурез ниҳӣ ва аз тарси онҳо ваҳшатзада гардӣ". (18: 18).

Аҷибтар он аст, ки сагашон низ дар остонаи дари каҳф дастони худро дар зери даҳонаш паҳн гузошта буд ва дар он хоби сангин бо онҳо ҳамроҳ буд. "Ва сагашон (банди) дастони худро дар остонаи дар (-и ғор) паҳн намуда аст". (18: 18).

Саранҷом Худованд онҳоро пас аз хоби сангине, ки муддати сесад сол бо солшумории офтобӣ ва сесаду нӯҳ сол бо тақвими моҳтобӣ тӯл кашид, бедор сохт ва мардуми шаҳрро ба воситаи худашон аз ҷои онҳо огоҳ намуд. "Ва ҳамин тавр онҳоро (пас аз он хоби амиқ дубора) барангехтем, то дар миёни худ аз ҳам пурсиш намоянд". (18: 19).

Ин растохези ҷисмонӣ дар замоне сурат гирифт, ки диёнати масеҳӣ ба дини расмии кишвар - императории Рум табдил ёфта ва мардум озодона маросими динии худро ба ҷой меоварданд, вале дар байни онҳо дар бораи зинда гардонидани мурдагон дар рӯзи қиёмат, ки бо ҷисму рӯҳ ҳарду бошад ва ё танҳо растохези рӯҳонӣ сурат гирад, шакку тардидҳое ба вуҷуд омада буд ва Худо бо ин намоиши қудрати хеш барояшон исбот намуд, ки он бо ҷисму рӯҳ ҳарду сурат мегирад. "Ва ҳамин тавр (мардумро) бар онҳо огоҳ намудем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва дар омадани қиёмат шакке нест (ва вуқӯи ин ҳодиса) дар замоне буд, ки дар кори онҳо бо ҳам низоъ ва ихтилоф доштанд". (18: 21).

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi