23:12:01 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Ҳақиқати куфр ва оқибатҳои зишти он

Саидмурод Шарифов, барои "Рӯзгор"

Кофир ба чашми худ дастгоҳи бузурги ин ҷаҳонро мебинад, ки шабу рӯз дар ҳаракат ва ба кори худ машғул аст, вале намедонад, кадом зоте онро офарида ва ба ин ҳаракати доимӣ во доштааст. Намедонад, ки чи касе ангишт, гидроген, оксиген, азот, калтсий ва дигар моддаҳои беҷону беақлро ба ҳам даромехта аз ин таркиб мавҷуди гаронмояе бо номи инсон бурун овардааст.

islam 4523369Тааҷҷубовар аст, ки чунин инсон дар ҳар гушаву канори дунё мавҷудоти зиёдеро мебинад, ки сохти таркибӣ ва нозукиҳои сохти онҳо худ гувоҳии он аст, ки ин таркибот аз лиҳози ҳандаса, риёзиёт, химия ва улуми дигар ниёзманди дониш ва маҳорати бе монанде ҳастанд, аммо бо вуҷуди ин ақли вай ӯро ба шинохтани Худои бузургу доное, ки ин нозукиҳоро офаридааст? далолат намекунад.

 

Пас оё мумкин аст, ки ба рӯи чунин инсон даричаи илми саҳеҳе кушода шавад? Бо бовари комил метавон гуфт, чунин касе ҳар андоза баҳсу ҷустӯҷӯ кунад ҳам, ҳеҷ гоҳ як роҳи мустақиме, ки ӯро ба шӯъбаҳои ҳаёт роҳбарӣ кунад, пайдо нахоҳад кард. Зеро вай аз ҳамон оғози умр ба торикию нодонӣ рӯбарӯ шуда ва табиист, ки дар поёни умр низ вазъи ӯ чунин хоҳад буд.

Куфр зулм аст. Балки бузургтарин ва зишттарини зулмҳо куфр аст, зеро маънои зулм ин аст,  ки чизеро дар ҷое бугузоред, ки шоистаи он нест ва ҷабран онро дар ҷое ва мақоме ба кор баред, ки муносиби табиати он набошад.

Ҳар як шахси солимақл  медонад, ки он чи дар замину осмон вуҷуд дорад мутеъу фармонбардори амри Худоест ва бар фитрати Ислом офарида шудааст. Инсон бо тамоми аъзояш бар асоси ин фитрат ба вуҷуд омадааст. Бале, бидуни шак, Худованд миқдоре ҳаққи тасарруф дар ин аъзоро ба инсон додааст. Вале он чи фитрати инсон тақозо дорад ин аст, ки бидуни ризои Офаридгор ҳеҷ гуна тасарруфе  дар аъзои баданаш нанамояд.

Мулоҳиза кунад, касоне ёфт  мешаванд, ки қалбашонро аз эҳтирому тарси ғайр аз Худо пур мекунанд. Дар сурате, ки қонуни фитрат ҳукм мекунад, ки бояд инсон қалбашро бо нури Худо равшан нигоҳ дорад, онро ҷойгоҳи муҳаббату икроми Худо қарор диҳад.  Фақат аз Худои бениёзу ягона битарсаду бас.

Ҳамзамон ашхосеро дучор меоем, ки тамоми аъзои бадан ва он чиро дар ихтиёр доранд ба хилофи ризои Худо ба кор мебаранд. Дар ҳоле, ки табиати фитрати ин аъзо ва ашё ба инсон ҳукм мекунад, ки ҷуз мутобиқи қонуни Худои мутаъол амалеро анҷом надиҳад ва ин аъзоро дар роҳи хилоф ба кор наяндозад. Пас савганд ба Худо, бигӯед  золимтар аз касе ки дар саросари ҳаёт бар ҳама чиз ва ҳатто бар нафси худ ситам раво медорад, кист?

Куфр на фақат зулм аст, балки саркашӣ, туғён, ситезаҷӯйӣ, душманӣ ва инкор низ ҳаст.

Оё ин ҳама ашёро, ки инсон дар ихтиёр дорад моли ӯст?

Бояд пурсид: чӣ касе ақлу мағзи инсонро офаридааст? Оё ин корро инсон карда ё Худои азза ва ҷалла? Кадом зоте қалбу забон, чашму гӯш, дасту по ва дигар узвҳои бадани инсонро офаридааст? Оё ин корро инсон карда ё Худои мутаъол?  Чӣ касе ин аъзоро ба ин қадар хубӣ сохта ва дар ва дар ихтиёри инсон қарор дода, то онҳоро барои баҳрамандии хеш ба кор барад? Оё ин ҳамаро инсон карда ё Худои субҳон?  Ночор ҷавоби ин ҳама пурсишҳо ин хоҳад буд, ки бигӯед: ҳамаи ин ашё аз они Худои ягона аст. Ӯст, ки ин ҳама ашёро офарида чунин суратҳои хуб ба онҳо додааст. Аз ин рӯ молики ин ҳама Худост ва Ӯст, ки ҳама неъматҳоро ба инсон арзони додааст.

Агар ҳақиқати амр ин аст, пас чӣ касе золимтар, гумроҳтар, душмантар ва мутаҷовизтар аз касест, ақлашро ба хилофи ризои Худои мутъаол ба кор мебарад? Қалбашро пур аз афкоре месозад, ки сабаби хашму азоби Худо мегардад. Забону чашму дасту пояшро ба корҳое водор месозад, ки зидди аҳкоми Худост.

Бегуфтугӯ, хидматгузореро, ки нони моликашро бихӯраду ҳаққи хидматгузориро риъоя накунад ёғи ё тоғӣ хоҳед хонд. Ҳамчунин корманди давлатиеро, ки бар хилофи дастуру қавонини давлат амал кунад ва аз ихтиёре, ки дорад сӯйистифода намояд, маҳкум ба хиёнат хоҳед донист. Шахсе, ки ҳаққи дӯстиву муҳаббати дӯсташро риоя накунад ба ҳақношиносиаш маҳкум хоҳед кард.

Ба ин ҳама аҳвол бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки саркашӣ ва ҳақношиносии инсоне дар баробари эҳсони инсони дигар қобили қиёс бо куфрону носипосӣ дар муқобили Парвардигор нест, зеро бояд пурсид, ки он ризқеро, ки инсон ба инсони дигаре мерасонад аз куҷо омадааст? Оё инсон ҳаққе дорад, ки бар дигаре миннат гузорад? Вай чӣ қудрате дорад, ки ба дигаре эҳсон кунад? Оё ин қудрати эҳсонкориву некӯкориро Худои меҳрубон ба инсон надодааст?

Бузургтарин ҳаққе, ки дар ин дунё бар ӯҳдаи инсон қарор мегирад, ҳаққи падару модар аст, зеро меҳрубониву ҷонфидоие, ки онҳо нисбати фарзанд мекунанд беандоза ва тасаввурнопазир аст.

Боре биандешед, ки ин меҳру муҳаббати авлодро дар дили онҳо кӣҷой додааст? Чӣ касе ин ҳисси тараҳҳумро ба модар дода, бори ҳамли кӯдакро бо он ҳама машаққат таҳаммул кунад ва бо он ҳама азобу машаққат онро бар замин бигузорад? Чӣ касе дар дили падар андохта, ки он чиро бо арақи ҷабин ба даст меоварад, бо хушию камоли итминон дар роҳи як пора гӯшти ночизе харҷ кунад? Чаро падар то сарҳади фидокорӣ вақту ҷону молашро дар роҳи таълиму тарбияи ӯ сарф мекунад ва оромиву осоишро аз даст медиҳад?

Шуморо ба Худо савганд медиҳам ба ман бигӯед: оё расвотар аз куфри касе, ки ба Худо имон надошта бошад, Худовандии Ӯро эътироф накарда бошад ва аз итоъату амри Ӯ сар битобад, куфре вуҷуд дорад?

Тасаввур накунед ва ба гӯшаи хоти ҳам наёред, ки агар кофир шавад камтарин зиёне ба Худо ворид ояд. Чунин тасаввуре ҷоиз нест. Зеро Худои мутаъол соҳиби кишвари азимест, ки аввалу охири он нопайдост. Инсон ҳар чи қадар кушиш кунад ва дурбинҳои бисёр бузургеро барои шинохтани мамлакати Худо ба кор андозад, боз ҳам аз шинохтани мамлакати бепоёни Худованд оҷиз мемонад.

Замину офтоб, Миррих ва соири сайёраҳои бешуморе, ки ин қадар бузург ба назар меоянд, ҳама дар кишвари беинтиҳои Ӯ қарор доранд. Онҳо бо вуҷуди ин қадар бузургӣ бисёр ҳақиру ночизанд. Тамоми хазинаҳои осмонҳо ва замин бегуфтугӯ моли Худованд  аст ва Ӯ он Худои бахшанда , меҳрубон ва беқиёсест, ки ҳамаи мавҷудот ба Ӯ эҳтиёҷ доранд, вале Ӯ ба касе муҳтоҷ нест. Дар ин сурат агар ин махлуқи ночиз кофир шавад чӣ зиёне ба Худованд расонида метавонад? Агар имон биёварад ба фоидаи ӯст ва агар кофир шавад ба зиёни худи ӯст.

Натиҷаи куфру исён ин аст, ки ин зиёну исён барои инсон навишта мешавад, он гоҳ дигар бо ҳеҷ ваҷҳ дар роҳи илми мустақим ва дониши саҳеҳ ворид нахоҳад шуд, зеро илме, ки сабаби шинохтани Худо нашавад, чӣ гуна мумкин аст восила шавад то инсон чизи дигареро ба таври саҳеҳ бишиносад?

Нуқтаи дигар ин аст, ки ақли кофир ногузир аст дар ҳар коре, ки ӯ иқдом мекунад ӯро ба роҳи қаҷ барад. Зеро ақле , ки ба шинохтани офаринандааш роҳ надошта бошад, чӣ гуна метавонад ба шиносоии чизи дигаре роҳи дурусте пайдо кунад?

Ба ин тариқ шахси кофир ночор аст ҳаёташро ба саргардониҳо ба сар бурда дар ҳамаи корҳояш ба навмедиҳои зиёде мубтало гардад. Дар натиҷаи он ахлоқу тамаддун, маъишату ҳукумат ва сиёсат ба фасод ва табоҳӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, он гоҳ чунин касе муфсиде хоҳад буд, ки дар рӯи замин хун бирезад, бо ҳуқуқи мардум бозӣ кунад ва анвоъи ситамро ба мардум бичашонад. Бо чунин афкори фосид ва аъмоли нораво саҳнаи ҳаётро тираву тор созад.

Ҳоли кофир дар дунё чунин хоҳад буд. Аммо дар охират ҳар чизе, чи кӯчаку чи бузург дар баробари ӯ истода бар зидди ӯ шаҳодат медиҳад.

Оре! Дар маҳкамаи адолати Худои мутаъол ақлу қалб, чашму гуш ва дасту пои шахси кофир бар зидди ӯ шаҳодат  хоҳад дод. Онҳо мегӯянд: Боро Худоё, ин золим дар зиндагии дунё бар Ту хуруҷ кард, аз аз номи Ту рӯй гардонд ва маро ҷабран дар роҳи маъсияти Ту ба кор андохт.

Бале дар ин маҳкамаи одиле, ки дар он ҷо на хариду фурӯш асту на дӯстию рафоқат, ҳатто замине, ки рӯи он қадам ниҳода ё сукунат кардаву дар он маъсияти Худоро муртакиб шудааст, ба душмании ӯ бархоҳад хост. Ҳамчунин молҳое, ки дар роҳи ҳаром харҷ кардааст, он чизҳое, ки бо дуздиву ғоратгари ба даст овардааст, ҳама ба душмании ӯ барҳоста, аз дасти ин золим дар маҳкамаи иллоҳӣ шикоят хоҳанд кард. Пас Худои таъоло, ки ҳокиме одилтар ва беҳтар аз Ӯ нест ба ҳамаи ин шикоятҳо расидагӣ хоҳад кард.

Дар баробари  ҳама ситамгариҳое, ки кофир муртакиб шудааст, қазоват карда ҳукм содир хоҳад кард. Сазои ситамгориву нофармонӣ ва гунаҳкории ӯро хоҳад дод. Басо азобу хориро ба ситамгар хоҳад чашонид.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi