04:27:48 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-7

Дар баёни зӮҳду тақвои ҳазрати имоми аъзам

Ибн-ул-Муборак нақл кардааст, ки вақте ба Кӯфа дохил шудам, аз аҳли Кӯфа пурсидам, ки дар ин шаҳр муттақӣ ва зоҳид кист. Гуфтанд: «Абӯҳанифа аст».

 

Овардаанд аз Ҳасан ибни Зиёд, ки гуфт: «Имоми Аъзам аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ амире ҳадя ва мисли он қабул накардааст. Рӯзе матоъеро, ки айбе дошт, ба савдогаре барои фурӯш супорид ва гуфт, ки дар вақти фурӯш айби матоъро ба харидор маълум кунӣ, аммо он савдогар дар вақти фурӯши матоъ гуфтани айби онро фаромӯш кард. Аз ин муомилаи ӯ ҳазрати Имоми Аъзам огоҳ гашта, пули он матоъро ба тамом садақа намуд». Саҳл ибни Мазоҳим нақл мекунад, ки гӯсфандеро ба зулм гирифта буданд ва бо гӯсфандони Кӯфа ҳамроҳ намуданд. Имоми Аъзам инро шунида аз чӯпон пурсид:

 «Умри гӯсфанд чанд аст?» Гуфт: «Ҳафт сол аст». Баъд аз он Имоми Аъзам муддати ҳафт сол гӯшти гӯсфанд истеъмол накард.

 Боре сарбозе гӯшт мехӯрд ва боқимондаи гӯштро ба ҷӯи об андохт. Чун ин ҳолро Имоми Аъзам наззора мекард, пурсид, ки умри моҳӣ чанд аст? Ҷавоб доданд, ки фалон муддат аст. Имоми Аъзам ҳамон муддате, ки гуфта шуд, гӯшти моҳӣ истеъмол накард. Имом Абдулқосим Қушайрӣ дар китоби худ навиштааст, ки Имоми Аъзам ҳатто дар сояи дарахте, ки соҳибаш аз ӯ қарздор аст, наменишаст ва мегӯфт: «Истифода бурдани чизи шахси қарздор рибо мебошад».

 Овардаанд, ки Язид ибни Ҳорун гуфт: «Рузе Имоми Аъзамро дидам, ки бар дари хонаи шахсе дар офтоб нишастааст. Гуфтам: «Чаро бар ин соя нанишасти?» Гуфт: «Соҳибхона аз ман чанд танга қарз кардааст, бинобарин бар сояи хонаи ӯ нишастан намехоҳам».

 «Аллоҳумма-ҷаъалано мутавварриъина би ҳаққи имома-л-муслимин».

(Парвардигоро, маро парҳезгор гардон ба ҳаққи имоми мусалмонон).

 

Дар баёни амонат нигоҳ доштани он ҳазрат

Шахсе дар Шом аз Ҳакам ибни Ҳишом ас-Сақафӣ пурсид, ки Абӯҳанифа чӣ гуна шахс аст? Ҷавоб дод: «Амонатдор, зеро вақте аз Абӯҳанифа султон дархост кард, ки хазинадорӣ мехоҳӣ ё тозиёна? Ӯ тозиёнаро хост ва хазинадорӣ накард. Аз азоби Худои таъоло гурезон шуд».

 Имом Вақиъ нақл кардааст, ки Имоми Аъзам амонатдор буд. Абӯнайм ва Фузайл ибни Дукин гуфтаанд, ки диёнати Имоми Аъзам бисёр хуб буд ва дар амонатгузорӣ бузург.

 Дар баёни Фаросати ҳазрати Имоми Аъзам

Ҳорун-ар-Рашид гуфтааст, ки Абӯҳанифа бо чашми ақл менигарад, дигарон бо чашми сар, яъне ақли ӯ беш аз чашмаш дар кор аст. Аз Алӣ ибни Осим меоранд, ки гуфт: «Ақли Имоми Аъзамро ба ақли ними одами дунё муқоиса карда шавад, ақли вай зиёдтар хоҳад омад».

 Аз Ҳаммод-писари эшон овардаанд, ки гуфт: «Падарам Имоми Аъзам бо ҷамъе дар масҷид нишаста буд, ба ногоҳ аз сақфи масҷид море азиме бар китфи эшон афтод. Ҳама ҳаросиданд, аммо падарам аз ҷой наҷунбид ва ба нишастагон гуфт: «Ҳар чӣ шавад аз тақдири Аллаҳ аст, тарсидан ва парешон шудан дуруст нест, балки сабру ризо лозим аст».

 Имом Шофеъ мегӯяд: «Ҳеҷ зане монанди Имоми Аъзам бо ақли расо фарзанд назодааст».

 

Дар Баёни Фаросати ҳазрати Имоми Аъзам

Имоми Аъзам ҳар воқеъаро пеш аз вуқӯъ маънидод мекарданд. Чунончи дар ҳаққи Имоми Зафар ва Довуди Той гуфтаанд, ки шуғли шумо дар ибодат мустаҳкам хоҳад буд. Ва Абӯюсуфро фармудаанд, ки майли ту ба дунё зиёда хоҳад буд.

 Аз Имоми Аъзам пурсиданд, ки дар ҳаққи уламои Мадина чӣ мефармоед. Ҷавоб доданд, ки илми Молик ибни Анас бузург ва беканор аст. Воқеъан андозаи фаҳму дониши Молик ибки Анас дар Мадина ҳамон қадар будааст, ки Имоми Аъзам пешгӯӣ карда буд.

 Мансури халифа барои қозигӣ чор нафар уламои изом: Сӯфёни Саврӣ, Мисъар, Абӯҳанифа ва Шарикро ба Бағдод даъват намуд. Дар роҳ Имоми Аъзам ба ёрон гуфтанд, ки ман мансаби қозигиро рад хоҳам кард, аммо Сӯфён дар роҳ мегурезад.

 Мисъар худро девона месозад, онгоҳ Шарик ночор қозӣ хоҳад шуд. Воқеъан Сӯфён дар роҳ қаиқеро дид ва аз соҳиби он хоҳиш кард, то ӯро пинҳон кунад, вагарна сари ӯро хоҳанд буррид. Бо ин восита Сӯфён халосӣ ёфт. Маънин сарамро хоҳанд буррид он буд, ки «Ман ҷаъала қозиян фақад зубиҳи ба ғайри сиккинин» (Ҳар касе қозӣ шуд, бе корд сараш бурида шуд). Ҳар се уламо назди Мансури халифа шуданд. Мансур ба Абӯҳанифа рӯ овард ва гуфт:

 «Мансаби қозигиро қабул кун». Абӯҳанифа ҷавоб дод, ки агар гӯям ба қозӣ шудан лаёқат надорам, дурӯг гуфта бошам. Дурӯғгӯйро бар мусалмонон қозӣ таъин кардан муносиб нест ва халифа раво нахоҳад, ки дурӯғгӯи қозӣ бошад ва хуни мусалмон наҳақ бирезад. Бо ин роҳ Имоми Аъзам халосӣ ёфт. Навбат ба Мисъар расид, ӯ аз ҷой ҷаста дасти халифаро маҳкам дошт ва гуфт:

 «Чӣ ҳол дорӣ, аҳли аёлат соқу саломатанд, аспу харат хуб аст?». Вайро девона пиндоштанд ва бо ин роҳ ӯ низ халосӣ ёфт». Навбати Шарик буд, ки халифа гуфт: «Ту бояд қозӣ шавӣ!» Гуфт: «Ман савдоиям». Мансур гуфт: «Муолиҷа хоҳем кард». Ночор ба қозигӣ розӣ шуд.

 Рӯзе бачагон бо тӯб бозӣ мекарданд, аз қазо тӯби онҳо дар байни маҷлиси Имоми Аъзам афтод. Писарбачае беодобона тӯбро аз байни нишастагон баргирифта ва рафт. Имоми Аъзам гуфтанд: «Ин бача ҳалолзода нест, зеро агар ҳалолзода мебуд, шарму ҳаё ӯро намегузошт ин тавр беодобона рафтор кунад». Вақто таҳқиқ карданд, дар ҳақиқати ҳол тавре буд, ки Имоми Аъзам гуфта буданд.

 (Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi