02:19:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ

 

Дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси байналмилалии «Муколамаи фарҳангҳо: Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар фарҳанги ислом ва ҷаҳон» давом дорад, ки, ба 1310-солагии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит бахшида шудааст. Дар конфронс намояндагони бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, олимон, файласуфон ва ховаршиносон иштирок доранд. 

Конфронсро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимов кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева номаи шодбоши раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзодаро ба унвони иштирокчиёни конфронс қироат намуд. 

Корманди Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Ардуш, олими маъруфи эронӣ Масъуди Ансорӣ олим ва адабиётшиноси Русия Алфина Сибгатулина, олими ҳинд Қамар Ғаффор ва намояндаи Тоҷикистон, адабиётшинос М. Муллоаҳмадов ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба ҳаёту эҷодиёт ва маълумоти динию фалсафии Имоми Аъзам маърӯзаҳо хонданд.

Бо ҳамин бахши аввали конфронс хотима ёфт. Сипас маҳфилҳои алоҳидаи конфронс дар мавзӯъҳои «Мероси Имоми Аъзам густурдаи забон, адаб ва фарҳанг» дар маҷлисгоҳи факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳти раёсати Масъуди Ансорӣ (Эрон), Қамар Ғаффор (Ҳиндустон), Абдуманнон Насриддинов (Тоҷикистон) ва дар толори хурди донишгоҳ таҳти раёсати Абдунабӣ Сатторзода, Қурбон Восеъ ва Мӯътабар Оқилова (Тоҷикистон) дар мавзӯи «Нақши Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги исломӣ» баргузор гардид. 

Бегоҳии имрӯз бахши бадеӣ-фарҳангии конфронс дар боғи Хуррамшаҳри ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров идома меёбад.

Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ,
АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi